Акселератсия (Суръатёби)

Ҳаракати шартан ва маълуми тақсимоти давраҳоро қайд карда истода, ба ҳодисаи нав — акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳои синнусолӣ нисбат ба пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем.

Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои суръатнокӣ «суръатёбӣ» — ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро ифода мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Биологҳо акселератсияҳоро ба расиши ҷисмонии организм, психологҳо ба инкишофи кор, педагогҳо ба инкишофи маънавӣ ва сотсиализатсияи шахсият вобаста мешуморанд. Педагогҳо акселератсияро на он қадар ба ассотсиализатсиякунии тезшавии суръати инки­шофи ҷисмонӣ, ҳамон қадар ба ҷараёни расиши физиологии организм ва сотсиализатсияи шахсият, мувофиқ медонанд. Шарҳи педагогии акселератсия дар нақшаи 1 пешниҳод карда мешавад То пайдоиши акселератсия дар солҳои 50 — 60 — уми асри гузашта инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон ва навҷавонон баробар буд. Дар нақша ин бо хати каҷи 1, ки анъанаи муътадилии умумӣ – ҷисмонӣ ва иҷтимоии пухта расиданро ифода мекунад. Дар натиҷаи акселератсия, ки солҳои 70 — ум аз ҷиҳати физиологи пухтарасии организм (хати каҷи 2) суръати инкишофи ақлӣ, психологӣ, иҷтимоӣ тез мешавад (хати каҷи 3). Ба вуҷуд омадани рушди номувофиқ: бадан нисбат ба вазифаҳои пухтарасии психологӣ тез месабзад, ки ин ба сифатҳои зехнӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ асос мегардад. Дар сездаҳ — понздахсолагӣ духтарон, дар чордаҳ — шонздаҳсолагӣ писарон ба балорат мерасанд. Ин ба онҳое, ки дар минтакаҳои миёна зиндагӣ мекунанд, рӯй медиҳад. Инкишофи физиологии онҳо асосан ба охир расида, қариб ба калонсолон баробар мегардад, дар бораи инкишофи рӯҳӣ чизе гуфта намешавад. Организми рушдёфта ҳамаи қонеъгардониҳои «калонсолон» — ро талаб мекунад, вале талаботи таносул, инки­шофи иҷтимоӣ қафо мемонад. Оқибат шиддатнокии психологӣ пайдо мешавад, навҷавон роҳҳои аз он халосиро меҷӯяд ва он чизеро, интихоб мекунад, ки ақли пойдор нагаштааш луқма медиҳад. Дар ин ҳолат акселератсия нақши мухолифатӣ мебозад, ба худи навҷавон, волидайн, муаллимон, мураббиён душвориҳо меорад.

Дар бораи суръати акселератсия маълумотҳои муқоисавии зайлро меорем. Дар се даҳсолаи охир дарозии қад дар навҷавонон ба ҳисоби миёна 13-15 сантиметр, вазн 10-12 килограмм нисбат аз ҳамсолони солҳои 50 — ум афзоиш ёфтааст.[1]

Чанде аз сабабҳои рӯйдиҳии акселератсия инҳо мебошанд: суръати тези ҳаёти умумӣ, беҳтаргардии шароити моддӣ, афзоиши сифати ғизо ва хизматрасонии тиббӣ, беҳтаршавии ғамхорӣ ба кӯдакон дар синни бармаҳал, решакан кардани бисёри касалиҳои кӯдакон. Боз дигар сабабҳо низ нишон дода ме­шаванд — олудашавии радиоактивҳо байни сокинон, ки дар нис­бати аввал қадро инкишоф медиҳад, вале бо мурури замон, чунонки таҷриба бо наботот ва ҳайвонот нишон медиҳад, ба сустшавии генофонд меорад; камшавии миқдори оксиген дар атмо­сфера пайдо карда, боиси васеъшавии сандуқи дил мегардад.

Шояд акселератсия бо тамоми таъсироти комплексии омилҳои зиёд мувофиқат дошта бошад.

Аз мобайни солҳои 80 — ум акселератсия дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, суръати инкишофи физиологи як қадар паст гашт.

Мавзӯи асосӣ

Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ


Акселератсия чист? Суръатёби чист?, Акселерация бо забони точики, сурьатёби.


[1] ниг.Подласый И.П. Педагогика. М., 2000 (к.1) с. 105

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама