Аҳамияти географияи табиӣ дар фаъолияти хоҷагии инсон

Табиат барои инсон сарвати бебаҳо мебошад. Пеш аз ҳама табиат барои инсон муҳити зист аст. Инсон аз ҳаво нафас мекашад, обу замин ва ҷангалро бо мақсадҳои гуногун истифода мебарад; меваҳои табииро истеъмол мекунад; чӯби дарахтони гуногунро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ ва сӯзишворӣ, барои сохтани асбобҳои мусиқӣ, рӯзгор ба кор мебарад; ҳайвоноти ваҳширо бо мақсади гирифтани гӯшт, мӯина, пӯст ва ғайра шикор мекунад; аз зери Замин маъдан ва сӯзишворӣ мегирад; обҳои гарм ва маъданиро барои муолиҷа ва ҳамчун нӯшокӣ истифода мебарад; аз гармии Офтоб истифода бурда, дар заминҳои ҳосилхез зироат ва дарахтони мева парвариш мекунад; қувваи обро барои истеҳсоли барқ истифода мебарад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ҳамин тавр, ҳамаи он чизҳоеро, ки инсон бевосита ва бавосита аз табиат мегирад, сарвати табиӣ меноманд.

Аммо сарватҳои табиӣ вобаста ба шароити табиӣ дар сатҳи Замин нобаробар паҳн гардидаанд. Аз ин ҷост, ки географияи табиии муосир баробари тасвири табиати сатҳи Замин, инчунин сабабҳои гуногуни шароит ва сарватҳои табииро дар қисматҳои алоҳидаи Замин шарҳ дода, роҳу усули истифодаи оқилонаи онҳоро муайян мекунад. Роҳҳои нигоҳ доштани ҳосилхезии замин, барқарор кардани заминҳои аз истифода баромада (шӯрзада, ботлоқ, санглох, ба фарсоиш ва бодлесӣ дучоршуда), барқарор кардани ҷангалзорҳо, афзун кардани миқдори намудҳои наботот ва ҳайвоноти ба несту нобудшавӣ дучоршуда, хушконидани ботлоқҳо, обёрӣ кардани заминҳои биёбону нимбиёбон, сарфа кардани об ва ғайраро нишон медиҳад. Зимни мушоҳида ва тадқиқотҳои илмӣ натиҷаи дахолати номатлуби инсонро ба табиат пешгӯӣ мекунад. Ҳамин тавр, донише, ки дар рафти омӯхтани географияи табиӣ аз худ менамоед, дар зиндагии шумо ба кор меояд.

Географияи табиӣ чиро меомӯзад?

Географияи табиӣ низ аз ду қисм иборат аст: географияи табиии умумӣ ва ноҳиявӣ (мамлакатшиносӣ). Он қонуниятҳо ва хусусиятҳои хоси табақаи Заминро меомӯзад.

География чист? (Илми География — Ҷуғрофия)


Саволҳо

  1. География чиро меомузад?
  2. География аз кадом сохахо иборат аст?
  3. Мавзуи тадкикоти географияи табии чист?
  4. Дар фаъолияти хочагии инсон табиат чи ахамият дорад?
  5. Донишхои географияи табии барои чи заруранд?
  6. Географияи иктисодию ичтимои чиро меомузад?
  7. География табии чист?
  8. Сарвати табии чист?
Дигар маводҳо пас аз блоки реклама