Шеър дар бораи Навруз – Суманак

Шеърхо дар васф Навруз, Шеър дар бораи Суманак, Шеърхо Дар бораи Бахор Навруз аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

шеър дар бораи навруз картинка

Иди Наврӯз аввали сол аст,
Рӯзи айшу нишоти атфол аст.

Ҳама он рӯз рахти нав пушанд,
Чою шарбат ба хушдилӣ нушанд.

Писари хуб рӯзи ид андар
Равад аввал ба хидмати модар.

Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,
Сару дасташ бибусид аз сари шавқ,-

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гуянд: «Ин иди нав муборак бод,
Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».

Баъд ояд ба дастбуси падар,
Буса бахшад падар аз руи писар.

Писари бад чу рӯзи ид шавад,
Мавқеи диду боздид3 шавад.

На падар дӯст дорадаш на аму,
На касе иди оварад бари ӯ.

Иди он рӯз ҳаққи он писар аст,
Ки наҷибу тарифу боҳунар аст.

Эраҷ Мирзо


Хони наврӯзӣ

Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон,
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯйи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошад аз нон тамоми мардум.

Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Лоиқ Шералӣ


Шеъри Суманак

Суманак, Эмомали Рахмон, суманаки точики

Суманак дар ҷӯш, мо кафча* занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча* занем.

Суманак назри баҳор аст,
Милаи* шабзиндадор* аст.
Ин хушӣ соле як бор аст,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Орзу имшаб хурӯшад*,
Суманак дар худ биҷӯшад,
Дилхушӣ ҷома бипӯшад,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча* занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча* занем.

Ин-гули фасли баҳорон,
Дилхушӣ дорад ҳазорон*,
Хоса бар шабзиндадорон,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча* занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча* занем.


  • кафча – белча, кафгирча, кафгир
  • дафча – дойра
  • мила – сурмачӯб, чӯби қаламчашакли нӯгборик, ки бо он ба чашм сурма мемоланд
  • шабзиндадорон – он ки шаб бедор бошад
  • ҳазорон – булбулон
  • хурӯшад – бонг задан
 Инчунин хонед:


Шеъри суманак дар чуш мо кафча занем, шеър дар бораи суманак, сумалак, суманаки точики, бо забони точики, навруз, шеърхо дар васфи навруз, шеър дар бораи навруз бо забони точики.

ҚаблӣИншо дар бораи Навруз
БаъдӣТабрикот ва шеър дар васфи Навруз