Объект, нишондиҳанда ва мақсади иқтисод

Аз андешаҳои дар боло зикр гардида, хулоса бармеояд, ки иқтисод бидуни объект, яъне мазмуни моддӣ вуҷуд дошта наметавонад. Фаъоллияти хоҷагидорӣ маҳз дар меҳвари иттисоли субъект ва объекти иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ ба ҳайси унсурҳои асосии таркибии иқтисод, ё худ объекти иқтисод инҳоро номбар мекунанд:

1.табиат, ҳамчун сарчашмаи таъминкунанда бо захираҳои об, офтоб, канданиҳои фоиданок, сӯзишворӣ ва ғайра;

2.сармоя (воситаҳои истеҳсолот), ки ба туфайли меҳнати гузашта ва ҳозираи одамон ба вуҷуд оварда шудаанд (биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои иттилоотӣ ва ғайра. Бо ибораи дигар восита ва предметҳои меҳнат);

3.инсон, одамон. Инсон мояи марказӣ ва ибтидои офариниш ва мақсадноки иқтисод аст. Инсон бидуни иқтисод ва охирон бидуни инсон вуҷуд дошта наметавонанд. Инсон дар меҳвари иқтисод ҳамчун шахсияти тавлидгар, тақсимгар, фурӯшанда, истеъмолгар ва идоракунанда нақш мебандад;

  1. предметҳои истеъмолӣ (хӯрока, сару либос, пӯшиданӣ, нӯшиданӣ);
  2. воситаҳои пулӣ (пул, асъор, қоғазҳои қимматнок, захираҳои пуливу молиявӣ, қарзӣ…);
  3. Иттилоот (маълумотҳои мустақим ё ғайримустақим оиди кашфиётҳо, бозёфтҳо, ихтироотҳо ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот ва самаранокии онҳо);
  4. Зербино1 – (биноҳои ғайриистеҳсолӣ, объектҳои ҳавзаи маданият, маориф, тандурустӣ, илм, комплексҳои истиқоматӣ…).

Маҷмӯи объектҳо (ё худ унсурҳои таркиби)-и иқтисод захираҳои иқтисодиро ташкил медиҳад (20, 25-26).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, асосан барои ифода ва тасвири миқдорию сифатии объект ва равандҳои иқтисодӣ истифода карда мешаванд. Бо воситаи онҳо вазъи гузаштаву ҳозира ва ояндаи объектҳои иқтисодӣ муайян карда мешавад.

Нишондиҳдаҳои иқтисодӣ ҳамчун воҳидҳои миқдорӣ, шумора, андозаю меъёр, ченак, ҳаҷм ва дигар ҷанбаҳои хоҷагидо-риро инъикос менамоянд. Маҷмӯи ба ҳам алоқаманд ва танзимгардидаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки қобиланд вазъ ва ҳолати иқтисодро дар сатҳу доираи корхона, соҳа, ноҳия, гурӯҳ-ҳои якнавохти иқтисодӣ тавсиф намоянд – низоми нишондиҳан-даҳои иқтисодӣ ном доранд. Онҳо вобаста ба дараҷаи таҳлили субъект ва объектҳои иқтисодӣ, дар сатҳҳои гуногун (“микро”, “мезо”, “макро”, “мегоиқтисод”) шакл ва намудҳои гуногун дошта метавонанд.

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои мутлақ (миқдорӣ), нисбӣ (сифатӣ), афзоиши (рушди) иқтисод, сурати афзоиш, натуралӣ, арзишӣ, ҳисобӣ, ҳисобию аналитикӣ, меъёрӣ (нормативӣ), илмию техникӣ, индексҳо, фардию гурӯҳӣ, ноҳиявию соҳавӣ, хоҷагии халқ, умумииқтисодӣ, умумиҷаҳонӣ ва ғайра сурат мегиранд (20, 20-23). Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ унсури муҳимтарини муносибатҳои истеҳсолӣ мебошанд.

Дар адабиёти марксистӣ, таҳти муносибатҳои иқтисодӣ (истеҳсолӣ) муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли молу маҳсулот дар доираи звеноҳои гуногуни хо-ҷагии халқ тасаввур карда мешавад. Маҳз мутобиқати муноси-батҳои истеҳсолӣ бо қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи муозину ботадриҷ, дараҷаи баланди самаранокии истеҳсолот, тазоду тафриқот, рушду таҳаввули иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои миллиро муайян мекунад. Тибқи ақидаи К. Маркс ваҳдати онҳо тарзи истеҳсолотро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мамлакатҳоро ба мамлакатҳои ақибмонда, пешқадам, инкишофёфта, рӯ ба тараққӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Тамсила (модел)-ҳои амрикоӣ, японӣ, шведӣ, франсузӣ, олмонӣ ва ғайра маҳз дар асоси нерӯю қудрат, дараҷаи рушду камоли иқтисод тафриқа ва муқоиса карда мешавад (18, 5-6).

Аз нуқтаи назари қадршиносӣ нисбат ба замонҳои  гузаштаву ҳозира, мақсади иқтисодро, тибқи ақоиди муаллифони “Экономикс” ҷамъбаст карда, қайд кардан мумкин аст, ки он барои таъмин кардани рушди иқтисод, шуғли пурраи аҳолӣ, самаранокии баланди иқтисодиёт, дараҷаи баланди истиқрори нарх, озодии иқтисодиёт, тақсими одилонаи даромад, мустақи-лияти иқтисод ва тарози “баланси” савдо ва ғайра нигаронида мешавад (26, 24-25).


унсурхои асосии таркибии иктисод, Нишондихандахои иктисоди, муносибатхои иктисоди Объект, нишондиханда ва максади иктисод, объекти иктисод, нишондихандаи иктисод.


1 Зерсохт, зерсохтор, инфраструктура(р).

ҚаблӣСубъект ва намояндаҳои иқтисодӣ
БаъдӣМарҳалаҳои ташаккул, густариши ҳикмат ва андешаҳои иқтисодӣ