Субъект ва намояндаҳои иқтисодӣ

Новобаста ба шаклу намуд, меъёр ва ҳаҷму ҷойгиронӣ, иқтисод ҳамчун натиҷаи амалиётҳои субъектҳои иқтисодӣ баромад мекунад. Дар шароити бозор шахсиятҳое, ки ягон кор ё худ амалиёти иқтисодиро анҷом медиҳад – субъектҳои иқтисодӣ номида мешавад. Ба субъектҳои иқтисодӣ дохил мешаванд: фардҳо (шахсҳои алоҳида), оила, гурӯҳ, коллектив, корхона, ширкат ва фирмаҳои амалкунанда, давлат ва ғайра.

Субъектҳои иқтисодӣ фишанге мебошанд, ки бо воситаи онҳо вазифа ва мақсади такрористеҳсол ҳаллу фасл карда мешавад. Дар адабиёти муосир чунин вазифаҳои субъекти иқтисодӣ номгӯӣ мешаванд:

  1. кадом намуд молу хадамоти рақобатпазирро истеҳсол кард, дар кадом ҳаҷм ва бо кадом сифат?

Ҳалли ин масъала, шумора ва номгӯи маҳсулоти истеъмолшаванда, меъёр ва мизони тақозои инфиродӣ (индивидуалӣ) ва истеҳсолиро муайян мекунад.

  1. чӣ тавр неъматҳои иқтисоди (мол, маҳсулот, хадамот…)-ро дар ҳаҷми кофӣ ва бо сифати зарурӣ истеҳсол кард? Ба ин маҳсад кадоме аз захираҳои маҳдудро ҷалб намуд? Ин ҷараён дар асоси кадом технология ва ташкили истеҳсолот қарор дошта метавонад? Ҳалли ин қабил масъалаҳо мақом ва тақсимоти субъектҳои иқтисодиро дар соҳаи истеҳсолот ва мубодила муайян мекунанд.
  2. барои кӣ истеҳсол намуд? Ҳалли ин масъала, таркиби иҷтимоӣ ва истеҳсолии истеъмолгаронро муайян карда, муносибатҳои дараҷаи аввалро дар миёни субъектҳои иқтисодӣ, дар ҳавзаи тавлид, мубодилаю истеъмол таъмин менамоянд.

Маҷмӯи тадбир, амалиёт ва муносибатҳо оиди ҳаллу фасли вазифаҳои субъектҳои иқтисодӣ ва тахсиси равобитҳои доимию  мутақобила дар ҳавзаи тавлид, тақсим, мубодила ва истеъмол – объекти омӯзиш ва дарки илми “назарияи иқтисодӣ” мебошад (61, 3-5).

Субъектҳои иқтисодӣ ҳамеша бо ҳодисаҳои иқтисодӣ сару кор доранд. Ҳодисаҳои иқтисодӣтадбир, амалиёт ё худ му-носибатҳое мебошанд, ки байни субъектҳои иқтисодӣ сурат мегиранд. Онҳо дар доираи равандҳои иқтисодӣ амал мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳти равандҳои иқтисодӣ – маҷмӯи динамикии ҳодисаҳои иқтисодӣ, ё худ ҷараёни тавлид ва рушду таҳаввули ҳодисаҳои иқтисодӣ фаҳмида мешаванд. Раванди иқтисодӣ равобити мутақобилаи ба ҳам пайвастшавии омилҳои истеҳсолот (меҳнат, сармоя, замин, фаъолияти соҳибкорӣ, технология) ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодӣ ва қонеъ гардондани эҳтиёҷу ниёз-ҳои мардумро ифода мекунад. Раванди иқтисодӣ унсури муҳимтарини механизми иқтисодӣ мебошад.

Алоқаи динамикии ҳодисаҳои иқтисодӣ ва раванди иқтисодӣ механизми иқтисодиро ташкил медиҳад. Охирон, аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ барои ба даст овардани натиҷаи беҳтарини фаъолият истифода карда мешавад (61, 3-5).

Механизми иқтисодӣ бидуни намояндаҳои (агентҳои) иқтисодӣ имконнопазир аст. Намояндаҳои иқтисодӣ ҳамчун фаъолияти иқтисодии коргарони муқаррарии ҳавзаҳои хоҷагиҳои миллӣ, менеҷерон, банкирҳо, соҳибони хонаю ҷой, саҳмияву облигатсияҳо, қоғазҳои қимматнок, замин, боғу токзорҳо, фермерҳо, идоракунандагони ширкату трестҳо ва ғайра сурат мегирад. Фаъолияти агентҳои иқтисодӣ ва қонуниятҳои муайянкунандаи он аз ҷониби илми “Назарияи иқтисод” дарк карда мешавад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ агентҳои иқтисодӣ, мустақиман тибқи тарзу услубҳои муайян, масоилҳои хоҷагидориро аз рӯи мизон ва меъёрҳои айнан мавҷуда ё худ хости эшон ҳаллу фасл менамоянд.

Натиҷаи мустақим ё ғайримустақими фаъолияти агентҳои иқтисодӣ ҳамчун неъматҳои иқтисодиву ғайрииқтисодӣ (молу хизматҳо) баромад мекунад.


Субъект ва намояндахои иктисоди, субъектхои иктисоди, вазифахои субъекти иктисоди, Ходисахои иктисоди, механизми иктисоди, Намояндахои иктисоди.

ҚаблӣИқтисод ҳамчун мафҳуми хоҷагидорӣ ва илмӣ
БаъдӣОбъект, нишондиҳанда ва мақсади иқтисод