Муносибати комплексӣ (Технологияи тарбия)

Ғояи яклухтии раванди тарбия дар технологияи амалӣ тибқи муносибати комплексӣ иҷро карда мешавад. Комплекс ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, метод ва шаклҳои таъсирбахши тарбия ва ҳамкориро ифода мекунад. Чунин муносибаткунӣ басо зарурияти муҳим дорад, аз он сабаб вай ба миён омад, ки ҳам дар назарияи тарбия ва ҳам дар амалияи корҳои тарбиявии мактаб раванди тарбия дар даҳсолаҳои охир ҳамчун қисми ҷамъулҷамъи раванди сохти он дида мешуд. Гумон мекарданд, ки ин ҷараёнҳоро ташкил кардан ва ҳамчун дар мустақилияташон такомулот додан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, на ба ташаккули умумии шахсият такя мекарданд, балки ба баъзеи сифатҳои он пайравӣ менамуданд. Алалхусус, принсипи ҳамаҷониба ва мутаносиби рушди шахсият вайрон карда мешуд.

Технологияи муосири тарбия дар муносибаткунии комплексона ҳамчун талаботи зарурӣ иҷро карда мешавад:

  1. Ба тарбиягирандагон аз се ҷиҳат таъсир расонида мешавад – ба шуур, ҳис ва рафтор.
  2. Натиҷаҳои муфид тибқи табиаташон якҷоягии тарбия ба даст меояд (таъсирбахшии зоҳирӣ) ва бо худтарбиякунии шахсият.
  3. Ягонагӣ ва мутобиқати пурқуввати ҳамаи ба тарбия молик, институтҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳо, пеш аз ҳама, воситаҳои ахбори умумӣ, адабиётҳо, санъат, оила, мактаб, органҳои тартиботи хуқуқ, коллектив ва гурӯҳҳо ин шароити ҳатмии муносибати комплексӣ дар самаранокии тарбия мебошад.
  4. Супориши сифатҳои шахсият тибқи системаи аниқи корҳои тарбиявӣ ташаккул дода мешавад. Ин кор хусусияти комплексӣ мегирад, дар як вақт талаботи вазифаҳои тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва меҳнатӣ дар яклухтии раванд сурат мегирад. Дар гузашта хатои калони тарбия аз ҳам ҷудокунии ҳалли вазифаҳо: тарбияи ахлоқӣ нокифоя ба тарбияҳои меҳнатӣ, эстетикӣ, фикрӣ – тарбияи ҷисмонӣ ба ахлоқӣ, меҳнатӣ – фикрӣ бо дигар намудҳои тарбия алоқадор карда мешуд. Назарияи тарбия асосан аз ҳамдигар ба қисмҳо канда шуда буд, ҳалли вазифаҳои тарбия амалан на комплексона, балки ба таври сатҳӣ бурда мешуданд.
  5. Муносибати комплексӣ рафтори системанок намудан ба раванди тарбия ва идоракунии онро дар назар дорад. Идоракунӣ ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки ба ҳисоб гирифтани омилҳои таъсирбахши зоҳирӣ ва ботинии тарбия ва робитаи байни онҳо риоя карда шавад. Барои ин нисбати ин омилҳо ва хислати таъсиррасонии онҳо тасаввуроти дақиқ бояд дошт (нақ. 15).
Нақшаи 15

Ба адади омилҳои асосӣ инҳо дохил мешаванд: а) тарзи гузошташавии ҳаёти талаба, ки он метавонад ба инкишофи сифати супоридашудаи вай таъсир расонад ё (дар шароитҳои муайян) ба ӯ мухолифат кунад; б) шароити зиндагӣ, ки ба тарзи зиндагӣ дар доираи минтақаи гуногун (анъанаҳо, расму русум, урфу одатҳои миллӣ, ки дар қарибии мактабанд, муҳити табиӣ) таъсири муайян мерасонанд; в) воситаҳои ахбороти умумӣ ва тарғибот; г) дараҷаи рушд ва шароити зиндагии коллектив, ки бевосита ба шахсияти талаба таъсир мекунад (системаҳои тарбиявӣ, афкори умум, арзишҳои маҳаллӣ, нормаҳои ахлоқ, иқлими психологӣ); д) нормаҳои тарафайн дар коллектив; е) хусусиятҳои фардӣ ва шахсии тарбиягиранда ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҳангоми муносибати комплексӣ барои рушди комили шахсият бояд ҳамаи ин шароитҳо дар ягонагии маҷмӯ ба ҳисоб гирифта шавад.

Шароити муносибати комплексӣ, чӣ тавре, ки зикр карда шуд ин аз ягонагии мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия иборат аст. Комплектнокӣ дар чунин матн бемухолифатиро ифода мекунад ва роҳи иҷрокунӣ мевофиқи натиҷаҳои он мақсад ва вазифаҳо бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯи пурра >> Технологияи тарбия

ҚаблӣСанъати тарбия. Технологияи тарбия
БаъдӣКорҳои тарбиявӣ (Технологияи тарбия)