Сад байт Аз Рустами Ваҳҳоб

Шеърхо аз шоири шаҳир, шоир Рустам Ваххоб (Рустам Ваххобзода) дар ин саҳифа оварда мешаванд.

Рустам Ваххоб


Тасҳеҳи сад байт, аз Рустам Ваҳҳоб. Мураттиб, Насимбек Курбонзод.

1
Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад,
Чӣ кунад ҳарфи маро он ки паямбар дорад?!

2
Дили афрӯхтаву гардани афрохта беҳ
Пари шоҳине аз ин сад рамаи фохта беҳ.

3
Рафт Исо ба фалак, лек ба он кини куҳан
Мекашандаш, ки кушандаш ба сари дор ҳанӯз.

4
Гуфтамаш: нақди дилу ҷон ба ватан додаму ҳеҷ
Хотираш шод нашуд, гуфт: ҳунар металабад.

5
Хешро бош, ки чун ту на касеро на марост,
Ба худ о, ки ба худӣ мерасад онро, ки худост.

6
Ало кабки дарӣ, фарёд дорӣ?
Забони модариро ёд дорӣ?

7
Агарчӣ дар ҳама офоқ қаҳти меҳру вафост,
Ба ҷуз ҳикояти он ошно нахоҳам гуфт.

8
Дар нақши гетӣ як хол мондем,
Мо бе Бухоро, Шероз бо ту.

9
Ҳамон осори Мансур аст ин дафтар, намесӯзад,
Мазан оташ ба хокистар, ки хокистар намесӯзад.

10
Хандаҳои ту, шоир, гиряҳои пинҳонист,
Аз фиреби мо бигзар, дидаем девонат.

11
Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣ,
Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?

12
Гар касе бошӣ барои худ басӣ,
Бекасӣ беҳтар бувад аз нокасӣ.

13
Сухане гӯй, ки чун шеъри Камол,
Пули Табрез ба Хуҷанд шавад.

14
Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд – Олам –
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

15
Нест бе хуни ҷигар нохуни мутриб лолагун,
Гоҳ – гоҳе нолаи танбӯрро бовар кунед.

16
Миёни мову ту фарқе ҷуз ин нест,
Ки мо ҳарду мусулмонем, эй дӯст.

17
Ба ҳар оҳе ду ҳарфе гар физоӣ,
Туро ҳар «оҳ!» як «Аллоҳ!» гардад.

18
Шарори санг бошад лолаи кӯҳ,
Гули озодагӣ порӯ нахоҳад.

19
Нишин як дам, бияндеш, эй бародар,
Куҷо фонӯс дидӣ? Чашми гург аст!

20
Шарқ дар хуни хештан гарқ аст,
Зодани офтоб осон нест.

21
Замин ба бистари нози фаришта мемонад.
Ҷаҳон ба як варқи нонавишта мемонад.

22
Номи туро ба ҳаври тиреза навиштаам,
Ҳар ҳарф дар баробари ман гиря мекунад.

23
Дасти дигарон бигир, к-охир биравӣ,
То бар лаби гӯри худ ба пои дигарон.

24
То ки ба мақоми хеш қоим бошам,
Чун шамъ ба пои хештан бигристам.

25
Аз дасти кӣ нолем зи умри гузарон?
Кӯтоҳии умри мо зи кӯтоҳии мост.

26
Мулло на барои хонақоҳ асту мазор,
Қуръон на барои мурдагон нозил шуд.

27
Ин гуна, ки ҷурми мо бузург асту баланд,
Худро ба таноби Каҳкашон дор кашем.

28
Дар хонаи ойина ҳама меҳмонанд,
Аммо зи паи касе ғуборе набувад.

29
Боракаллаҳ, «шоири Шаҳри Хуршед»,
Чун ҷуғз ба ин хароб одат кардӣ.

30
Оина муқобили ту ҳайрон монда,
То бар ту кадом рӯи ту бинмояд.

31
Зинҳор забони тоҷикон давлатӣ нест,
То давлати тоҷикон забонӣ бошад.

32
Аз худ биравӣ, бирав, вале дур марав,
Он қадр, ки баргашта дигар битвонӣ.

33
Далели айби пургӯӣ ҳамин бас:
«Забон», як нуқта афзудам, «зиён» шуд.

34
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

35
Лашкар нахоҳад он, ки ба каф теғи ҷон гирифт,
Хуршед як тан аст, вале осмон гирифт.

36
Агар сухан зи дили дард метавон гуфтан,
Дусад рисола ба як фард метавон гуфтан.

37
Гузар аз изтироби бесаранҷом,
Нагардад хушк уқёнуси Ором.

38
Эй амал хоста ба ҷои сухан,
Суҳбати шоирон беҳин амал аст.

39
Бар нигоҳи гарми ин ойина кам бовар бикун,
Чун бирафтӣ аз аз бараш акси ту берун афканад.

40
Чу лола порсое дар чаман нест,
Бисоти лола ҷуз як пираҳан нест.

41
Хурӯсе дертар аз хоб барҷаст,
Бизад бонг: «Офтобе рафт аз даст!»

42
Пири девони Зимистон гуфт: Мамнӯъ аст тақлид,
Ҳар касе бояд раҳи худро ба пои худ нависад.

43
Лаби барбастаи ту шоҳбайтест,
Мусаллас мешавад ҳангоми гуфтор.

44
Зи мори гурзаву аз шери шарза,
Наметарсам, ҳаметарсам зи ҳарза.

45
Агар гуфтам, ки пар дорад парасту,
Махоҳ аз ман далеле аз Арасту.

46
Надидам дигареро ғайри сайёд,
Ки бо як чашм бинад дигаронро.

47
Эй бар ҷунун кашида корат зи худпарастӣ,
То ғайри худ набинӣ, оинаро шикастӣ.

48
Рӯзгори шеъри кӯтоҳ аст,
Шеъри рӯз «оҳ» аст.

49
Борҳо бурдам ҳасад бар сояи девори худ,
Ман басо бекор будам, ӯ ҳама дар кори худ.

50
Ниёз аз аҳли кому ноз н-ояд,
Ки аз болишти пар парвоз н-ояд.

51
Уммед намемирад агар чашми таре ҳаст:
«То реша дар об аст умеди самаре ҳаст».

52
Тиҳидасто, нанолӣ аз фақирӣ,
Ки бе дасти тиҳӣ дасте нагирӣ.

53
Дерест надидаем худро,
Оина маро намешиносад.

54
З-онон, ки расулону худоро нашиносанд,
Айб аст кунӣ шиква, ки «моро нашиносанд».

55
Агар дар ин ҷаҳон як тифл хор аст,
Башар маҳруми ҳаққи ифтихор аст.

56
Ту чунон бош ба олам, ки Худо мехохад,
На чунон бош, ки ҳар бесару по мехоҳад.

57
Ту некӣ мекуну чораспа бигрез,
Мабодо, ки кунандат ҳалқовез.

58
На аз таҳдид душман, не зи макри ошно тарсам.
Маро шарм аз худо ояд, ки аз ғайри худо тарсам.

59
Чӣ сон панде диҳӣ дигар ба тифлон,
Ки тифлон баста гӯши худ ба тилфон.

60
Дилеро бишканӣ, фарёд хезад,
Дилеро бишканӣ, Фарҳод хезад.

61
Бигӯ ғамро, ки гирди мо нагардад,
Агар гардад, чу мо девона гардад.

62
Об ором дар сабӯй шавад,
Об аз ҷустуҷӯй ҷӯй шавад.

63
Дар ин дунё касе ки монд бекор,
Наёбад кор ғайри кину пайкор.

64
Ин саҳар содадиле мепурсид,
Қибла имрӯз кадомин тараф аст.

65
Забони мо гар аз аҳли биҳишт аст,
Чаро гуфтори мо ин қадр зишт аст?!

66
Бинеҳ Юсуф баҳои хеш чандон,
Ки натвонанд ёронат фурӯшанд.

67
Болиши тифлро зи санг кунед,
То бидонад, ки зиндагонӣчист.

68
Дӯстонро ишорате кофист,
Мӯъҷиза баҳри мункирон омад.

69
Шаб асту роҳ хусусӣ нагаштааст, биё,
Ҳанӯз моҳ хусусӣ нагаштааст, биё.

70
Аз қалам хостам, ки рост бирав,
Гуфт: ин ҳарф дар алифбо нест.

71
Баски аз халқ мекунад ваҳшат,
Соя аз мо ҷудо намегардад.

72
Ба қаъри баҳр аз лутфи илоҳӣ,
Намемирад чароғи чашми моҳӣ.

73
Худотарсе чу мункирҳо надидам,
Ки ҳатто аз «худо» гуфтан битарсанд.

74
Ҳурмати роҳ нигаҳдору ба андоза бирав,
Ҳеҷ кас пештар аз роҳ ба манзил нарасад.

75
Валӣ гуфтам турову беш хоҳӣ,
Рисолат хатм шуд, маъзур дорам.

76
Фарқе агар бувад, ба забонҳои одамист,
Гунҷишкҳои ҷумла ҷаҳонро забон якест.

77
Аз ҷаҳон сангару камин монда,
Аз «ҳуқуқи башар» ҳамин монда.

78
Ду чиз аз якдигар ҳаргиз нашуд сер,
На хок аз мардуму на мардум аз хок.

79
Аҷаб дунё, ки Шеди зиндагисоз,
Ба хун меояду бо хун равад боз.

80
Санпуште ба роҳ мепурсид:
Роҳ то моҳ чанд фарсанг аст?

81
Шеър пайдо, шоираш пайдо набошад ҳайф нест,
Ҳайф бошад шоире пайдову нопайдош шеър.

82
Китоби мо ба зери болиши мост,
Аз он ҳам нозишу ҳам болиши мост.

83
Эътибори халқ асли мардум аст,
Дум агар аз шер ҳам бошад, дум аст.

84
Ҳаст дарде, ки аз он гарде шавӣ,
Ҳаст дарде, ки абармарде шавӣ.

85
Девони дил агар бинависанд дар адам,
Абёти он касе натавонад шумор кард.

86
Эй гуле, ки хазон шудӣ сад бор,
Ба чӣ уммед боз омадаӣ?

87
Видоъ нест агар дар садои пойи баҳор,
Чаро ки рӯйи гули аввалини ӯ зард аст?

88
Тоҷиконро дар ватан душвор уфтад иттифоқ,
Сирру Ому бо ҳам ояд дар биёбони Қазоқ.

89
Аз ту моро ҳеч ҷуз дидори ту манзур нест,
Ҳадяи оина бар оина ғайри нур нест.

90
Туро чун сураи Ихлос ман аз ёд медонам,
Агар дар хоб пурсандам, туро аз ёд мехонам.

91
Гиряҳои тифли навзод аст бас коре шигарф,
Чашм во нокарда медонад куҷо уфтодааст.

92
Аз дасти хушмақолӣ ҷоне бадар набурданд,
Булбул чӣ гуфт к-охир, гулҳо зи ханда мурданд?

93
Олам ду қисмат аст: яке кор мекунад
В-он қисмати дигар ҳама инкор мекунад.

94
Маро гӯӣ заминӣ бош, ҷоно,
Замин ҳам дар фалак парвоз дорад.

95
Қалам хомӯш бар коғаз биронад,
Садои пои ӯ сад сол монад.

96
Замона ҳарфи раҳи ростро намешунавад,
Зиҳӣ ба ҳавсалаи истиорагустари мо.

97
З-он чи насим гуфт, ҷуз инам ба ёд нест,
Як лола дар вилояти мо бесавод нест.

98
Аз ин сон худшиносӣ ҷои тарс аст,
Каюмарсат ҳамоно Карл Маркс аст.

99
Гули беном, ту шоистаи ҳар унвонӣ,
Ки надоданд туро ному чунин хандонӣ.

100
Дил дар миён набошад, аз болу пар чӣ ҳосил?
Ончи уқоб дорад, болишти пар надорад.

Муаллиф Рустами Ваҳҳоб. Мураттиб Насимбек Курбонзод. Нашр дар Донишҷӯ – donishju.net


Шеърҳо аз Рустами Ваҳҳоб

ҚаблӣКуҳандиёро! Диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам (шеър)
БаъдӣРаъду барқ (чанд факти ҷолиб)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед