Фактҳо аз донишҷӯёни олам

Донишҷӯён дар Чеченистон чанд ранг либосе доранд, ки дар он рамзи муассисаи олии таълимиашон  мавҷуд аст. Духтарон бошанд, рӯймол доранд.


Дар Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ анъанаи кадимаи либоспӯшӣ мавҷуд аст. Онҳо аз пӯшидани ҳамон либос ва кулоҳ фахр мекунанд.


 Дар шаҳри Коимбраи Португалия баъди хатми донишгоҳ муҳассилин лентаҳоеро, ки рамзи факултаҳояшон аст, дар зарфи калоне месӯзонанд ва бо ин гуфтанӣ мешаванд, ки ҳаёти донишҷӯиашон ба охир расид.


Дар Донишгоҳи Вроцлав (Полша) донишҷӯён шаби дипломгириашон ба як муҷассаме, ки дар саҳни донишгоҳашон ҳаст, либосҳои ҷандаву дарида мепӯшонанд. Ин ба ҳукми анъана даромадааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Дар Донишгоҳи Йельск баъди имтиҳони хатмкуниро супоридан донишҷӯён дав ташкил мекунанд. Шарт ҳамин аст, ки онҳо бояд дар ин давидан либос надошта бошанд. Бале, луб-лучи модарзод медаванд!


Дар Донишгоҳи Оксфорд як анъанаи қадимае ҳаст, ки мувофиқи он  донишҷӯ ҳангоми имтиҳон  метавонад аз устодаш як бокал пиво талаб кунад. Ин тартиб дар ин муассисаи таълимӣ ҳанӯз дар асри 18 ҷорӣ шуда буд.

Фактҳои ҷолиби гуногунро инҷо метавонед мутолиа намоед…


Донишҷӯёни ҷопонӣ ҳангоми имтиҳон бо худ як шоколади «Kit Kat» мегиранд. Бояд гуфт, ки худи ибораи «kitto katsu» дар талафузи ҷопонӣ маънии «ғалабаи бе чуну чаро» – ро доштааст.


Дар Норвегия маълумоти олиро бепул гирифтан мумкин аст. Илова бар ин давлат барои донишҷӯён стипендия муқаррар карда, ба онҳо замони донишҷӯиашон қарз (кредит) медиҳад, ки камбудиҳои рӯзгорашонро бартараф кунанд.


Сину соли миёнаи донишҷӯён дар Шветсия калонтарин дар Аврупо аст -25,5 сола!


Манбаъ: subhonjalilov.wordpress.com

ҚаблӣБузургиҳо дар алгоритмҳо
БаъдӣАломатҳои саодатманд ва бадбахт

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед