Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои муъҷазу рангин баромадани фикру андеша ба инсон хизмат мекунанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои лозимӣ истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо ба эҷодиёти адибон дохил шуда, вариантҳои мухталиф пайдо кардаанд.
Зарбулмасалу мақолҳо доир ба мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ эҷод шуда, дар онҳо таҷриба ва хулосаҳои инсон аз зиндагӣ иньикос ёфта, ҷамъбаст гардидаанд. Зарбулмасалу мақол мисли намаке дар таъом аст. Вай каломро образнок, дилкаш ва ҷаззоб мегардонад.
Зарбулмасал аз мақол фарқ дорад. Дар зарбулмасал сухан, маънӣ, мақсад пушидаю ниҳон аст. Аз ин хотир дар зарбулмасал маънои зоҳир асосӣ набуда, мақсад ва моҳият дар ботини он аст.
Масалан, «Панҷ панҷа баробар нест» маънои зоҳир равшан аст. Панҷаҳои даст як хел нестанд, калонанду хурд, бориканду ғафс. Вале ҳадафи асосӣ дар ин ҷо худи инсон аст. Инсонҳо ҳам мисли панҷаҳои даст якранг нестанд, доно ҳастанду нодон ва амсоли ин.
Мисоли дигар:
- Офтобро бо доман пушида намешавад.
- Офтобро кас ба доман натавонад пушид.
- Офтобро пинҳон натавон кард.
- Ҳақиқатро бо сафсатта, дуруғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест.
- Чизи нағзу одами хуб ҳаргиз аз назари одамон пушида намемонад.
Дар байни халқ ҳамин се варианти зарбулмасал истифода мешавад, ба мақсади фаҳмидани маънии асосии зарбулмасали боло ба се матни поён мулоҳиза кунед:
- Шарифа гуфт: «Аввал шумо бигӯед». Доя гуфт: «Не, аввал шуморо бояд гуфт». Айнулҳаёт чун сухани доя бишунид, бихандиду гуфт: «Эй доя, рози ман бар мало1 афтодааст ва «Офтобро ба гил2 пинҳон натавон кард», «табли пинҳон3 чӣ занам, ки ташти4 ман аз бом афтод».
Аз «Доробнома»
- Шоҳ ба он мард гуфт: «Ҳикояту китобат тамом шуд». “Ӯ гуфт:«Оре». Шоҳ гуфт: Акнун ҷавоб шунав, «Офтобро кас бадоман натавонад пушид». Ман паёми он ду нопокро шунидам, акнун нигоҳ кун, ки аз ман чӣ ҷавоб менависӣ.
Аз «Баҳруттаворих»
- Малоҳат: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». Ҳамаи қишлоқ медонад, ки шумо ошиқи шайдои раис шудаед.
Аъзам Сидқӣ.
Вале дар мақолҳо фикру андеша беибо, ошкоро, бепардаю хоно гуфта мешавад.
Масалан, аз одами бекор худо безор; То меҳнат накунӣ, роҳат набинӣ; Аввал андеша, баъд гуфтор. Дар ин мақолҳои халқӣ мақсад равшан аст ва бе хеҷ як душворӣ аз маънии онҳо огоҳ шудан мумкин аст.
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО
Дасти одамизод гул.
Намур бузакам, баҳор мешавад.
Ҷӯянда – ёбанда.
Моҳ бе айб намешавад.
Кудак азиз аст, адабаш аз он азизтар.
Забон донӣ, ҷаҳон донӣ.
Пурсидан айб нест.
Дӯст гуяд табарвор, душман гуяд шакарвор.
Аз дӯсти нодон душмани доно беҳтар.
Гап дар калла, на дар салла.
Сад задани сузангар, як задани оҳангар.
Калимаю ибораҳои тоза
- Мало афтодааст – ба маънои ошкор шудани сир омадааст.
- Гил – хок, хоки ба об омехта.
- Табли пинҳон чӣ занам, ки ташти ман аз бом афтод – чӣ ҷои сирро пинҳон кардан, ки аллакаӣ ба ҳама маълум гардид.
- Ташт – тағора, косаи калони мисӣ.
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАКОЛХО, фарки зарбулмасалу мақол, зарбулмасали точики, скачат бесплатно, картинки, зарбулмасалхои точики, маколхои точики