Эхсосот (биология, анатомия). Тавсифи эхсосот. Табиати физиологии эхсосот.
Тавсифи эҳсосот
Одам на танҳо олами атрофро дарк мекунад, балки ба он таъсир мерасонад. Вай бо тамоми ашё ва ҳодисаҳо муносибати муайян дорад. Одамон китоб хонда, мусиқӣ шунида, ба дарс ҷавоб дода ё бо дӯстонашон муносибат карда, хурсанд, ғамгин, рӯҳбаланд ва рӯҳафтода мешаванд. Ҳиссиёте, ки дар он муносибати одамон ба олами атроф ва худи онҳо зоҳир мешавад эҳсос ном дорад.
Эҳсосоти одам хеле гуногун ва мураккаб аст. Олими рус П.К. Анохин навиштааст: «Одами беэҳсос ба робот монанд аст, ки барояш ҳам мусибат, ҳам шодмонӣ, ҳам қаноатмандӣ аз меҳнат, ҳам кӯшишҳои хушбахт шудан бегонаанд. Чунин одамон ҳиссиёти одамони дигар ва барои атрофиён чӣ аҳамият доштани рафтори худро фаҳмида наметавонанд».
Эҳсосотро ба мусбат (шодмонӣ, муҳаббат, ваҷд, қаноатмандӣ) ва манфӣ (ғазаб, ҳарос, даҳшат, нафрат) ҷудо кардан мумкин аст. Ҳар як навъи эҳсос дар баробари фаъол гардидани системаи асаб ва дар хун пайдо шудани моддаҳои фаъоли биологӣ, ки фаъолияти узвҳои дарунӣ (гардиши хун, нафаскашӣ, ҳозима ва ғайра)-ро тағйир медиҳанд ба амал меояд. Яке аз чунин моддаҳои фаъоли биологӣ ҳормони ғадуди болои гурда – адреналин мебошад.
Ҳангоми эҳсосоти якхела фаъолияти узвҳои дарунии одамон як хел тағйир меёбад, бинобар ин, чунин ибораҳо ба монанди «аз тарс арақшор шудан», «сих шудани мӯй», «дар бадан мурғак дамидан», «дилтанг шудани» ё «аз шодӣ нафастанг шудан» ба ҳама маълуманд. Чунин реаксияҳо, ки ҳамроҳи эҳсосот ба вуҷуд меоянд, аҳамияти калони физиологӣ доранд. Онҳо организмро таккон дода, онро водор месозанд, ки ба фаъолияти бобарор ё ҳолати мудофиавӣ омода бошад.
Ҳар як навъи эҳсосро мумкин аст ҳаракати пурмазмун ҳамроҳӣ намояд. Бо тағйир ёфтани рафтор, вазъи бадан, имову ишора, оҳанги сухан, тарзи нутқ доир ба ҳолати одам тасаввурот ҳосил кардан мумкин аст. Ҳаракати маънидор шиддати бамиёновардаи эҳсосотро пайваст мекунад. Ғайр аз ин, ҳаракати маънидор забони эҳсосот аст. Он муҳтоҷи тарҷума нест. Чанд сол қабл аз ин олимон силсилаи қиёфаи одамро дар ҳолатҳои шодмонӣ, андуҳ, ҳарос, ғазаб, тааҷҷуб (расми 112) тайёр карда ба бачаҳои бисёр мамлакатҳои ҷаҳон нишон доданд. Маълум шуд, ки онҳо сарфи назар аз миллат, анъана ва хусусиятҳои тарбиявиашон вазъияти одамони дар суратҳо аксёфтаро хеле ва дуруст шарҳ доданд.
Мо зуҳуроти эҳсосро мушоҳида карда, на танҳо ҳиссиёти одами дигарро мефаҳмем, балки вазъияти ӯро дониста ба вай ҳамдардӣ, хайрхоҳӣ ва дилсӯзӣ мекунем.

Дар навбати худ ҳаракати маънидор ҳам боиси эҳсосоти ҷавобӣ мегардад. Актёр бо имову ишора ва оҳанг на танҳо образи тасвиршавандаро ба вуҷуд оварда, ба тамошобинон олами ботинии қаҳрамонашро ошкор месозад, балки «вориди образ мешавад», яъне эҳсоси қаҳрамони худро ҳис карда, ҳолати ӯро ба тамошобинон нишон медиҳад ва онҳоро ба ҳамдардӣ даъват мекунад. Ҳамин тавр, ҳаракати маънидор мумкин аст эҳсосоти бисёр касонро идора кунад.
Ин доим дар тарбия ва худтарбиякунии бешуурона истифода карда мешавад. Агар писарбачаро аз хурдсолӣ ба фурӯ нишондани ҳаракати маънидори дарду ҳарос одат кунонанд, ин тадриҷан боиси кам шудани худи ҳиссиёт мегардад. Ҳангоми «эркапарастӣ» калонсолон ҳар як ҳаракати маънидори кӯдакро ҳамоно тарафдорӣ карда, ҳама хоҳишашро ба ҷо меоранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки бача эҳсосоти зоҳириашро дидаву дониста тақвият медиҳад. Дар натиҷа одами тези ҳардамхаёл тарбия меёбад.
Фарқи ҳаракати маънидор аз реаксияҳои вегетативӣ дар он аст, ки он ба танзими ихтиёрӣ тобеъ мебошад. Мо метавонем ҳаракати маънидорамонро нигоҳ дорем, «ба ихтиёри эҳсос дода нашавем». Малакаҳои худдорӣ ва худидоракунӣ ҳангоми тарбия ва худтарбиякунӣ ҳосил мешаванд, ки он ҷиҳати беҳтарини маданияти баланди одамон мебошад.
Табиати физиологии эҳсосот
Пайдоиши реаксияи пурҷӯшу хурӯш ба кори нимкураҳои калон ва қисми мағзи миёна вобаста аст. Барои ташаккули эҳсосот қисмати чакка ва пешонии қишри майна аҳамияти калон дорад. Қисми пешонии қишри майна эҳсосотро бозмедорад ё фаъол мегардонад, яъне онҳоро идора мекунад. Бемороне, ки қисми пешонии қишри майнаашон хароб аст, худдорӣ карда наметавонанд. Онҳо зуд аз ҳолати нармдилӣ ва хушҳолии кӯдакона ба ғазаб мегузаранд. Агар дар таҷрибаи бо ҳайвонот гузаронидашаванда қисмати мағзи мобайниашро бо қувваи пасти барқӣ барангезонем, зуҳуроти эҳсосотро мушоҳида мекунем. Масалан, гурбаи ором пинакрафта меҷаҳад, камонвор тоб мехӯрад, гӯшҳояшро хам карда, фашшос мезанад, пашмҳои пушти гарданаш сих мешаванд (расми 113). Дар ин ҳол гурба ба ҳар чизи пешомада метавонад ҳамла кунад.

Дониши худро санҷед:
- Эҳсосот чист?
- Реаксияи узвҳои ботинӣ (дил, узвҳои нафас ва ғайра) чӣ аҳамият дорад?
- Ҳаракати маънидор чист?
- Табиати физиологии эҳсосот чӣ гуна аст?




















