Омилҳо ва унсурҳои муҳимтарини фарҳанг

Омилҳое ки ба пешравии фарҳанг мусоидат мекунанд инҳо омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ҳамаи ин омилҳо омилҳои муҳимтарини фарҳанг маҳсуб гардида, бе якдигар рушд карда наметавонанд. Дар ҳама давру замон вазъи иктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагии зич доштанд ва доранд.

Сохти ҷамъиятӣ ва фаъолияти сиёсии сиёсатмадорон ба омили сиёсӣ дохил мешаванд. Омили сиёсӣ қодир аст корҳои бузургеро барои рушди фарҳанг ба анҷом расонад. Аз тарафи дигар, рафтору амали сиёсатмадорони алоҳида дар ҳар давру замон тавонистааст ва метавонад сабабгори таназзули фарҳанги ин ё он халқ, нестшавии унсурҳои маданият ба монанди забоӣ, анъана, хат, фарҳанг ва ғайраҳо гарданд.

Масалан, давраи ҳукмронии сиёсатмадорони сулолаҳои Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониёи ба монанди Куруши Кабир, Дороӣ Кабир, Ардашери Бобакон, Бобакони Сосонӣ, Шопури якум ва дуюм, Анушервони Одил, вазир Бузургмеҳр, Сомонхудот, Асад, Исмоили Сомонӣ, вазирон Балъамӣ, Чдйҳонӣ боиси рушду нумуи фарҳангу тамаддун гардида буданд. Ё баракс. Сиёсати ҷаҳонхоҳии Искандари Мақдунию Чингизхон, Темуру Гитлер боиси он гардиданд, ки ҳазорҳо ва садҳо ҳазор ганҷинаи фарҳангу тамаддуни инсоният несту нобуд ва аз байн бурда шудаанд. Дар ин радиф пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр айни мудаост, ки рӯзе аз ӯ пурсидаанд: «Чаро дӯстон ба осонӣ душман мешаванду душманон бо машаққати зиёд дӯст мегарданд?»

Бузургмеҳр дар ҷавоб гуфт: «Чунки сухтан осон аст, сохтан мушкил аст, шикастан осон аст, пайвастан мушкил аст, маблағ сарф кардан осон аст, маблағ ёфтан мушкил аст». Аз ин гуфтаҳои Бузургмеҳр чунин бармеояд, ки аз ҳама кори мушкил ин эҷод кардану обод кардан аст. Унсурҳои маданият ва ё фарханг он бахшҳои фаъолияти инсон аст, ки махсули тафаккур ва шуури уянд. Ҳамин тавр, он паҳлӯҳои фаъолияти эҷодии инсонро унсур меноманд, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковати инсон ба вуҷуд омада, ҳамчун фарҳанг номбар мешаванд. Ин унсурҳо асоси маданияти маънавиро ташкил медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҳимтарин унсурҳои фарҳанг забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, расму оин, санъат ва ғайраҳо мебошанд.

Унсурҳои фарҳанг таърихи қадима дошта, сутуни устувореанд, ки фарҳанг болои онҳо қомат афрохтааст. Онҳо ҷавҳари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта, неруи некиву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ касб намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқдо гардидаанд. Унсурҳои зикршуда дар раванди меҳнати бунёдкоронаи инсонҳо пайдо шудаанд. Забон ҳамчун унсури фарҳанг ташаккул ёфта, дар рушди фарҳанг саҳм мегирад ва бо пайдоиши халқияту миллатҳо (фаъолияти васеъ касб мекунаду ба сатҳи даҳонӣ рафта мерасад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон буда, ҳар як шахс ба воситаи он фикрашро баён мекунад ва якднгарро мефаҳманд.

Оид ба хату алифбо ва аҳамияти он дар пешрафти фарҳанг ҳаминро таъкид кардан лозим аст, ки хат доираи имкониятҳои инсонро васеъ намуда, ба ӯ шароит махайё мекунад, ки паҳлуҳои ҳаёти худро бо рамзҳо ифода намояд.

Ҳамин тавр, хат ин низоми аломатҳоест, ки ба воситаи наушу тасвирҳо робитаи одамонро таъмнн намуда, хабареро ба фосилаи муайян бурда, мероси куҳанбунёди инсонро то ба доираҳои минбаъда бурда мерасонад. Аввалин алифборо финикиён ихтироъ карда буданд ва он шакли мукаммалтарини хат ба шумор мерафт.

Инсон бо ихтироъи алифбо қадами бузурге ба пеш гузошта, китобро эҷод кард. Кигоб эҷоди инсон буда, ба мо ва наслҳои ояндаи инсоният авзои замону таърихи ниёгон маълумотҳои дақиқ медиҳад.


Омилхо ва унсурхои мухимтарини фарханг

ҚаблӣМақсад, вазифа ва мавзӯи илми фарҳангшиносӣ
БаъдӣНавъҳо ва шаклҳои асосии фарҳанг