Ташаккули тарзи ҳаёти солим

Ташаккули тарзи ҳаёти солим. Ташаккули тарзи хаёти солим.


Тарзи ҳаёти солим бояд чун шакли рафтори фаъол ва ба мақсад равонгардида, ки ҳифз ва нигаҳбонии тӯлонии солимии равонӣ ва ҷисмониро таъмин месозад, баррасӣ гардад.

Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» масъалаҳои зеринро дар бармегирад:

– риояи дурусти реҷаи рӯз, пайвастагии кор ва истироҳат;

– иҷрои қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутобдиҳӣ;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– ғизохӯрии дуруст;

– машғулият бо машқҳои  ҷисмонӣ ва варзиш.

Маҳз   ҳамин масъалаҳо омилҳои фоидаоваре мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсир мерасонанд.

Ба яке аз омилҳои муҳим – фаъолияти ҳаракаткунӣ таваққуф менамоем.

Фаъолияти ҳаракаткунӣ талаботи табиии инсон ба ҳаракат кардан мебошад.

Миқдори ҳаракатҳое, ки инсон дар тӯли ягон муддати вақт анҷом медиҳад, ҳаҷми фаъолияти ҳаракаткуниро ташкил медиҳад.

Олимон муайян кардаанд, ки меъёри фаъолияти ҳаракаткунии наврасон 18-25 ҳазор қадам дар давоми рӯз ё 3,5-4,5 соат давидан аст.

Албатта, ҳамаи фаъолияти ҳаракаткуниро танҳо ба давидан ҳавола кардан лозим нест. Машғулиятҳои муназзами ҷисмонии ҳархела, ки ба гурӯҳҳои мушакҳои гуногун таъсир мерасонанд, ба тамоми системаҳои организм таъсири мусбат мерасонанд ва бо худи ҳамин ба таҳкими саломатӣ мувофиқат намуда, пешгирикунанда ва табобаткунандаи бемориҳои мухталифанд.

Пайвастагии машқҳои ҷисмонӣ бо обутобдиҳӣ қобилияти ҳимоявии организмро афзун менамояд.

ҚаблӣҶаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир
БаъдӣАз одамони бузург омӯзед – тарбияи ҷисмонӣ