Мавзӯи 20. Тарбияи ҷисмонии мактабиён

Тарбияи чисмонии мактабиён.

Нақша:

  1. Мақсад, вазифа хусусиятҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён
  2. Шаклҳои асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ
  3. Восита ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ

1. Мақсад, вазифа хусусиятҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён

Мақсади бартаридоштаи самти корҳои тарбияи ҷисмонӣ аз ҷараёни аллакай ба мо маълуми вазифаҳои тарбияи беҳдошт ҷорӣ мешавад:

1) мустаҳкам кардани саломатӣ бо таъсири дурусти инкишофи ҷисмонӣ; 2) аз худ кардани дошинҳои варзишӣ – спортӣ; 3) коркарди маҳорат ва малакаҳои ба ҳаракатоварӣ; 4) рушди сифатҳои баҳаракатоварӣ (нерӯ, чолокӣ ва ғ.); 5) тарбияи сифатҳои маъанвӣ (ҷасурӣ, устуворӣ, интизомнокӣ, коллективизм ва ғ.); 6) ташаккули сифатҳои эстетикӣ (қомат, рафтор ва ғ.); 7) коркарди одат ба машғулияти мунтазами варзиш ва спорт; 8) ташаккули маҳорат ва малакаҳои гигиенӣ (ҳифзиссиҳа).

Муфассал >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Шаклҳои асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ

Дарс-шакли асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб аст. Дар синфҳои ибтидоӣ мазмуни асосии дарсро ба таври комплекси бозиҳои серҳаракат, гимнастика ва машқҳои варзиши сабук ташкил медиҳАнд. Машғулиятҳои таълимии варзиш бояд дар ҷои тозаю озода, хушбоду ҳаво бо тайёрии пухта гузаронида шавад, то ки табъи шогирдон болида бошад. Барои банақшаю ҳисобгирии корҳои маданияти ҷисмонӣ дар мактаб се ҳуҷҷат тартиб дода мешавад: ҷадвали маводҳои таълимии солона, нақшаи таълимии чоряка нақшаю конспекти дарс. ҳамчунин корҳои беруназсинфии оммавию спортӣ, варзишҳои беҳдошт ва корҳои берунаамактабии спортӣ ташкил карда мешавад.

Муфассал >>


3.Восита ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ

Пеш аз ҳама ба воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва беҳдошти мактабиён қувваҳои ҳаётбахши табиат, ташкили дурусти истеъмоли ғизо, меҳнат ва дамгирӣ, гимнастика, дарсҳои варзиш, беҳдошти фард, шаклҳои корҳои оммавӣ – спортии беруназсинфӣ, бозиҳои спортӣ, туризм мансубият дорад.

Қувваҳои ҳаётбахши табиат – маҷмӯи воситаҳои беҳтарини тарбияи ҷисмонӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва инкишофёбии талабагон мебошад. Ба ин шуои офтоб, ҳаво, об дохил мешавад, бидуни инҳо зандигӣ, инкишофи шахсиятро тасаввур кардан мумкин нест.

Муфассал >>


Санҷиши конторолӣ

  1. Вазифаҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён кадомҳоянд?
  2. Исбот кунед, ки тарбияи ҷисмонӣ омили муҳими мустаҳкамкунии саломата мактабиён мебошад.
  3. Воситаҳои асосии, шакл ва методҳои тарбияи ҷисмонии мактабиёнро маънидод кунед.
  4. Сохтори дарсҳои тарбияи ҷисмониро тавеҳ диҳед?
  5. Тарбияи ҷисмонӣ бок адом намудҳои тарбия алоқа дорад.

Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Консепсияи миллии   тарбия    дар         Ҷумҳурии       Тоҷикистон, газ.»Омӯзгор» №44 03.11.2006.
  2. Лутфуллоев М. Педагогикаи аҷам. Душанбе 1997..
  3. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  4. Нуров А. Рахимов Х., Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. Душанбе, 2005.
  5. Юнусов Й. Педагогика: Душанбе, 2005.
ҚаблӣТарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф
БаъдӣМақсад, вазифа хусусиятҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён