Саломнома

Саломнома шеър ва сухан барои баромад дар мактаб ва дигар ҷойҳо, ҳатто барои дар аввали гуфтор  ва мақола навиштан лозим аст. Саломнома дар туй ва туйёна – туёна ҳам гуфта мешавад. Дар инҷо ҳама шеърҳо ва суханҳое, ки ба саломнома бахшида шудаанд меорем. Саломнома аз сайти Донишчу Нет – Donishju.Net >>

Сар оғози сухан расми қадим аст
Ба бисмиллоҳу раҳмону раҳим аст

Салом аз номи дӯст бар хони дил,
Салом аз рӯҳи мо бар аҳли маҳфил.
Салом аз ҳафт ганҷи пурсаодат,
Салом аз номи мо бар нури ваҳдат.

духтари точик ошики либоси миллии точикb таджикская любовь

Ассалом, эй мардуми бо нангу ори ин диёр,
Ассалом, нури Истиқлолу файзи бешумор.
Бо садоқат бар сухан баҳри Ватан бархостем,
Ассалом, эй ҳамнавою ҳамфазою ҳамдиёр.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ассалом эй шоҳи даврон ассалом,
Ассалом эй хубрӯён ассалом.
Ассалом эй дӯстон, ҳаммиллатон,
Боз гӯем аз дилу ҷон ассалом.

Бар шумо аз руди сарбахши Зарафшон, ассалом,
Аз сафои чашмасорони Бадахшон, ассалом.
Аз Хуҷанди бостону мулки Хатлон, ассалом,
Аз тамоми тоҷикону Тоҷикистон, ассалом.


Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро,
Зи хок то ба кайҳон, бишнав саломи моро,
Ай тутии шакарлаб, ай мурғакони хушгап,
Ай соҳибони маҳфил, бишнав саломи моро.


Салом, эй ки диламро ба нур пайвастӣ,
Салом, эй ки аз таҷаллият ҷаҳон зебост.
Салом, эй ки сукутат сукати кавкабҳо,
Салом, эй ки садоят садои боронҳост.


Ассалом, эй миллати ҳимматбаланд,
Ассалом, эй дустони арҷманд!
Бо нидои Рӯдакӣ имрӯз мо
Меҳмони ин диёри дилписанд:

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

Аз диёре, кт баҳораш бехазон,
Ишқ мерӯяд зи хоки поки он,
Осмонаш чун дили мо беғубор
Бар шумо бодо салом, эй дӯстон.

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

Пояи сулҳу амонӣ дӯстист,
Лаззати ишқу ҷавонӣ дӯстист.
Дӯстӣ моро ба ҳам наздик кард
Офтоби зиндагонӣ дӯстист.

Мирсаид Миршакар


саломнома шеър – саломнома барои  баромад – саломнома барои мактаб саломнома бо забони точики

Шеърҳои табрикотӣ барои туй (шеърхои туёна, ошикона) #2

ҚаблӣАз муғҷа инкишоф ёфтани навда
БаъдӣШеър дар бораи Хучанд

8 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед