Максад, вазифа ва мавзуи илми фархангшиноси, вазифахои фархангшиноси, максади илми фархангшиноси, вазифаҳои фарҳангшиноси >>
Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои қадима буда, комёбиҳои фарҳангии давраҳои гуногуни ҷомеаи инсониро фаро мегирад. Омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба аҳли башар имконият медиҳад, ки аз дастовардҳои бузурги фарҳангу тамаддуни гузаштаю имрӯзаи худ огоҳ шаванд ва ба пешрафти он мусоидат намоянд.
Ҳанӯз дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар Европа омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба роҳ монда шуда буд, ки он мақсаду вазифаҳои муайяни худро дошт. Бо омӯзиши фарҳанг инсон мушкилоту камбудиҳои тамоми форматсияҳои чамъиятиро барои худ ошкор намуда, барои дар оянда содир нашудани онҳо кушиш ба харҷ медиҳад.
Ягон фард худ одами маданӣ тавлид наёфтааст, балки дар ҷомеа хусусиятҳои маданиро аз бар карда, онро зина ба зина ташаккул додааст. Таърих собит намудааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳое буданду ҳастанд, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми арзанда гузоштаанд ва мегузоранд. Ва таърих шахсонеро ҳам медонад, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни аҳли башар таъсири манфӣ расонидаанд ва мерасонанд.
Маданият ва предметҳои он аз тарафи инсон аз давраҳои кадим то инҷониб ба вуҷуд оварда шудаанд. Аз ин рӯ, инсон соҳиби маданият ва маданият хоси инсон дониста шуда, фарҳанг хамчун субъект инсонро ба объекти худ табдил додааст.
Инсон предметҳои гайримадании тайёри табиатро бомақсадона истифода бурда, аз онҳо предметҳои маданӣ меофарад.
Намояндагони зиёди илму фарҳанги Шарқу Ғарб ибораҳои гуногуни фарҳангро истифода бурдаанд.
Мутаффакири барҷастаи Шарқ Абунасри Форобӣ дар вақташ лоиҳаи итгтиҳоди ормонии одамонро пешниҳод намуда буд, ки аз рӯи он мардум дар иттиҳод дар асоси амали қонун арзи зист доранд ва ҳукми қонун кафили хушиву хуррамии онҳо аст. Ба андешаи Форобӣ шаҳри ҳақиқӣ бояд дар чои мувофиқ бунёд ёфта, талаботи мардумро қонеъ намояду, миёни аҳолӣ ахлоқи нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ устувор бошад. Дар шаҳри намунавии Форобӣ ҳамаи табақаҳои ахолӣ паҳлӯи ҳам хушу хурсандона кор ва зиндагӣ мекунанд. Олимони давраи навтарин А. Кребер, Коган, Шербина, Д. Лоренс, Т. Рейтер аз рӯи хусусиятҳояш таърифи гуногуни фарҳангро додаанд. Ба ақидаи Д.Кребер «Маданият – кулли фаъолияти ҷамъиятии инсон acт», аз нигоҳи Т.Рейтер бошад «Маданият чизҳои моддӣ ва ғайри моддии аз ҷониби инсон бунёд шуда» дониста мешавад. Д.Лоренс «Маданиятро рафтору кирдори ба қоидаву Қонун даровардашуда медонад». То имрӯз аз тарафи мутафакирони олам зиёда аз 300 намуд таърифи фарҳанг ба вудуд опарда шудааст. Ин таърифҳо давраҳои қадим, имрӯз ва ояндаро дар бар гирифта, метавонанд дар оянда инкор шаванд.
Ибораҳои некӣ, бофарҳанг, мардӣ, мехнатдустӣ, каҳрамоиӣ, хирадмандӣ, ватанпарварӣ хусусиятҳоеро нишон медиҳанд, ки фаъолияти хуби ба анҷом расонидаи инсонро мефаҳмонад. Инсон аввалин предметҳои мадании худро аз масолеҳҳои тайёри табиат сохта, оташу яроқҳои оташфишон, техникаи замонавӣ, қасрҳои боҳашамат ва ғайрахоро ихтироъ намудааст.
Ҳамаи ин комёбиҳо мақсаду мароми инсон буда, барои аз байн бурдани мушкилоти зиндагиаш нигаронида шудааст. Бо вувуди он, ки омӯзиши илми фарҳангшиносӣ дар замони муосир ба роҳ монда шуда бошад ҳам, предметҳои он аз давраҳои қадим дар илмҳои ивтимоиёт, санъат, фалсафа, забон, адабиёт, ахлоқ, ҳукуқ риёзиёт, таърих ҷуғрофия омӯхта, таҳқиқ карда шудаанд, то ба фанни мустауил табдил ёфтанаш фарҳангшиносеӣ илмҳои табиию вамъиятиро пурмазмунтар нигардонида, қимату мартабаи онҳоро баланд мебардошт.
Фарҳангшиносӣ барои пешрафти ҷомеа ва комёбиҳои инсоният дороӣ аҳамияти бузург мебошад, аз ин рӯ омӯзиши он имрӯзу оянда аз аҳамият холӣ нахохад буд.
НАЗАРИЯИ ФАРХАНГ ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ИЛМИ ФАРХАНГШИНОСИ, Максад, вазифа ва мавзуи илми фархангшиноси, реферат, кори курси аз фархангшиноси бо забони точики