Навъҳо ва шаклҳои асосии фарҳанг

Фарҳанг ва тамаддун. Фарҳанги моддӣ ва маънавӣ

Фарҳанг ҳамчун падидаи таърихӣ дар зинаҳои муайяни тараққиёти ҷомеаи инсонӣ шаклу шеваҳои махсусро ба худ касб карда, инкишоф ёфтааст. Фарҳанги ҳар як халқ бо мурури замон рушд мекунад ва ё рӯ ба таназзул оварда, боз бори дигар эҳё мешавад. Фарҳанги инсоният аз насл ба насл гузашта, ба фарҳанги халқҳои мухталифи ҷаҳон бархурда, заифию бузургии худро дармеёбад. Фарҳангҳо якранг намешаванд. Ҷ.Викко дар вақташ таъкид карда буд, ки ҳар як халқ дар аснои тараққист аз давраҳои илоҳӣ, каҳрамонӣ ва инсонӣ мегузарад, ки он ба давраҳои ҳаёти инсон ба мисли тифлӣ, балоғат ва камолот монанд аст. Ба ақидаи мутафаккир баъди ин рафти инкишоф заиф шуда, таназзул меёбад.

Ба ақидаи мутафаккири дигар Шпенглер дар хусуси тамоми инсоният сухан рондан фоидае надорад, зарур аст, ки фарҳанги аз ҳамдигар фарқи куллӣ доштаро омӯзем.

Ӯ маданияти мисрӣ, ҳиндӣ, бобулӣ, чинӣ, юнонӣ, римӣ, эронӣ, арабӣ ва русиро қайд карда мегузарад. Ин табақдбандии маданият маънои таваҷҷӯҳ намудан ба зинаҳои инкишофи халқҳо дар марҳалаҳои муайяни таърихиро дошта, имконият медиҳад, ки тағйироту такомулоти дохилии фарҳангхо, мазмуни пурқиммати онҳо дар низоми инкишофи чамъияти инсонӣ беҳтару хубтар дарк карда шавад. Аксари мутафаккирони олам се навъи фарҳангро таъкид карда мегузаранд, ки инҳо мебошанд: якум, фарҳанги анъанавӣ ё этникӣ, дуюм фарҳанги миллию минтақавӣ ва сеюм, фарҳанги умумибашарӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарҳанг бо пайдоиши инсон ба вуҷуд омадааст. Тамаддун (сивилизатсия) бошад дар марҳалаҳои муайяни камолоти инсо­ният арзи вуҷуд намудааст. Истилоҳи «тамаддун»[1] аз ҳамон мафҳуми маъмули маданият баромадааст.

Аз нигохи А.Вебер маданият шаклҳои зоҳиршавии маънавиётро инъикос мекунад, тамаддун бошад хосияти фавқулодаи хидматрасонӣ ва ёридиҳандаро дорост. Тамаддун таърифи муайяну мушаххасро доро набуда, онро аз рӯи аломату нишонаҳояш аз маданият ҷудо мекунанд. Агар ба маданияӣ бештар чанбаҳои маънавиро нисбат диҳанд, пас тамаддунро ҳаммаънои маданияти моддӣ мешуморанд. Тамаддун берунтари маданият, олами чизҳои дигаргун намудаи одам, вале мада­нияг сарвати ботинии худи инсон мебошад.

Истилоҳи «сивилизатсия» дар асри 18 пайдо шудааст. То асри XX «сивилизатсия» ҳамчун муродифи фарҳанг, истифода бурда мешуд.

Фарҳанг барои «сивилизатсия», яъне тамаддун таҳкурсӣ маҳсуб мешавад Дар зинаи муайяни таърихӣ фарҳанг мемирад, вале «сивилизатсия»-тамаддун боқӣ мемонад. Ин равандро О.Шпенглер таҳлил намудааст («Заволи Аврупо». Ҳар як фарҳанг дар тӯлӣ ҳазорсолаҳо :вуҷуд дошта метавонад ва баъдан мемирад. Эҳёи он аз имкон берун аст. Халқ фарҳанги навро азхуд карда, зиндагиро идома медиҳад.

Тамаддунҳо тамадунҳои индустрӣ, постиндустрӣ, гехнотронӣ ва аз рӯи хусусиятхояшон минтақавӣ ва мазҳабӣ шуда метавонанд, ки давраҳои гуногуни таърихиро дар бар мегиранд. Масалан, тамаддуни Шарқи Бостонӣ, тамаддуни Атиқаи Европа, тамаддуни Африка, тамаддуни Миср, тамаддуни исломӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамадуни буддоӣ ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст. Аз рӯи хулосаи фарҳангшиносон тамаддун чор даираи асосиро дар бар мегирад. Якум, тамаддуни Атиқа, дуюм тамаддуни асрҳои миёна, сеюм тамаддуни давраи нав ва чорум, тамаддуни муосир.

Шаклҳои асосии фарҳанг. Вобаста ба он, ки фарҳангро кӣ меофарад ва он дар кадом сатҳи инкишоф қарор дорад, олимони фарҳангшинос се шакли фарҳангро ҷудо мекунанд:

-фарҳанги элитарӣ (олӣ);

-фарҳанги халқӣ (фолклор);

-фарҳанги оммавӣ.

Фарҳанги элитарӣ ба манфиати элита (ҷомеаи олӣ) ба вуҷуд оварда шудаасг, ки он бояд талаботи маънавии аққалияти ҳукмронро конеъ гардонда тавонад. Шиори асосии фарҳанги элитари ин «Санъат барои санъат аст!.

Фарҳанги халқӣ бошад асосан ба эҷодиёти даҳонакии халқ такя мекунад, ки дар он тамоми хоҳишмандон ширкат варзида метавонанд.

Фарҳанги оммавӣ дар охирҳои асри XIX ба вуҷуд омада, дар миёнаҳои асри XX хеле ташаккул ёфт. Ин фарҳанг аксари кулли оммаи васеи халқро фаро мегирад.

Дар илми фарҳангшиносӣ вобаста ба ду шакли асосии истеҳсолот, яъне моддию маънавӣ фарҳангро ба фарҳанги моддӣ на маънавӣ ҷудо кардан қабул шудааст.

Фарҳанги моддӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти молдӣ ва дастовардҳои он (олоти меҳнат, хона, сару либос, асбобу анҷоми рӯзгор, воситаҳои истеҳсолот, воситаҳои нашриёт, алоқа ва ғайраҳо)-ро дар бар мегирад.

Фарҳанги маънавӣ бошад шуур ва истеҳсолоти маънавӣ (донишу маърифат, ахлоқ ва тарбия, ҳуқуқ, фалсафа, эстетика, этика, илм, санъат, адабист, асотир ва дин)-ро дар бар мегирад.

Ба ин шакли фарҳанг инчунин муносибати байни одамон ва муносибати онҳо ба табиат, ки дар рафти фаъолияти мод­дию маънавии онҳо рух медиҳанд дохил мешаванд.

Фарҳанги моддӣ дар натиҷаи фаъолияти эҷодкоронаи меҳнатии инсон ба вуҷуд меояд, яъне ҳар он чизе, ки асоси моддӣ дошта, бо аҷлу заковати инсон ба вуҷуд оварда шудааст фарҳанги моддиро ташкил мекунанд. Фарҳанги маънавӣ ғоя ва фарҳанги моддӣ шакли моддӣ гардонидашудаи он аст.

Фарҳанги моддӣ ва маънавӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. Масалан, китоб ё расм аз як тараф предметҳои моддӣ мебошанд, чунки мо онро ба даст мегирем ва бо чашмонамон мебинем. Аз тарафи дигар онҳо мазмуни ахлоқӣ-эстетикӣ ва дороӣ ғояи муайян мебошанд, ки онро ба соҳаи маънавӣ нисбат медиҳад. Ҳатто мусиқӣ ҳам дар шакли нотаҳо моддӣ гардонида мешавад. Аз ин ҷо чунин хулоса мебарояд, ки дар олами моддӣ ва пеш аз ҳама фарҳанги моддӣ чизе нест, ки бе маънавиёт бо­шад ва баръакс, ягон маҳсули фарҳанги маънавие нест, ки бе моддиёт бошад.

Дар бораи ягонагии фарҳанги моддию маънавӣ сухан ронда, тафовутҳои табиӣ онҳоро инкор кардан мумкин нест. Ягонагию хамзистӣ ва зиддияти онҳо қонуни асосии инкишофи фарҳанг маҳсуб мешаванд.


Навъхо ва шаклхои асосии фарханг, Шаклхои асосии фарханг, Фарханги элитари, Фарханги халки, Фарханги оммави, Фарханги модди, Фарханги маънави


[1] Тамаддун – исгилоҳи арабӣ буда, маънои ҳаёти боадабона, ҳаёти шахрвандӣ, ҳасти аз рӯи меъёрҳои давлатӣ ҷоришавандаю ҷоришударо дорад.           •

ҚаблӣОмилҳо ва унсурҳои муҳимтарини фарҳанг
БаъдӣФунксияҳои асосии фарҳанг