Пайдоиш ва географияи сокиншавии гузаштагони халқи тоҷик

Инсоният дар рӯи Замин таърихи ниҳоят тӯлониро аз сар гузаронида аст. Омӯзиши он нишон медиҳад, ки дар ин раванд мушкилотҳое ба миён омаданд, ки то ин дам ҳалли пурраи худро наёфтанд. Яке аз чунин мушкилотҳо масъалаи пайдоиш ва маскуншавии қавму халқҳои ориёӣ мебошад. Халқи тоҷик, ки яке аз ворисон ва давомдиҳандагони мероси оламшумули ин қавми қадимтарини инсонӣ ба ҳисоб меравад, дар омӯзиши ин масъала бештар таваҷҷӯҳ дорад. Ин омӯзиш аз нигоҳи нажодӣ не, чи тавре, ки баъзе ашхосони ғаразноки бурунмарзӣ мефаҳманд, балки аз нигоҳи илмӣ баррасӣ карда мешавад.
Халқи мо баъди истиқлолият ба даст даровардан мегӯяд: Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пурра ҳақ дорад, ки фаҳмад: «Аҷдоди мо киҳо буданд? Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ кардаанд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ кардаанд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пай гузоштаанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя дорад? Маҳз ҳамин саволҳо моро водор менамояд, ки ба хотири оянда, гузаштаи худро омӯзем». Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки азбаски баромади тоҷикон ва рушду камоли он бевосита ба таърихи ташаккулёбии қавми ориёӣ зич вобаста аст, дар ҳалли ин масъала мавзӯи гузориш қарор диҳем. Мафҳуми ориёро олими Юнони Қадим Эратосфен барои ифодаи қисми шарқии суфакӯҳи Эрон истифода бурдааст. Аз ҳафт музофоте, ки дар ин қисми Эрон вуҷуд доштанд, танҳо яктои онро ориё мегуфтанд. Тадқиқотҳои минбаъда нишон дод, ки «ориёнҳо», номи тоифаҳои қадими ҳиндуэронист, ки аз ҷиҳати баромадашон, бо калимаи эронии қадим «ачуа», ҳиндуи қадим «aruah», порсии қадим «ariya» авесто «arya» вобаста аст … Калимаи ҳозираи эронӣ ба маънои таърихиаш аз калимаи эронии қадим «airyaham» пайдо шудааст, ва дар забони ҳозираи тоҷикӣ шакли «эрон» ва форсӣ «iran»-ро гирифтааст.
Бояд гуфт, ки аз гузаштаи пеш аз мелодии қавми ориёӣ маводу маълумоти амиқ надорем. Бинобар он, дар боби макон ва пайдоиши онҳо дар байни олимон фикри ягона вуҷуд надорад. Аз ҷумла дар «Авасто» омадааст, ки қавми ориёӣ дар маконе зиндагонӣ ба сар мебурданд, ки онро «Арияна васча» мегуфтанд. Дар китоби Ведаҳою ҳиндуҳо «ориё варта» меномиданд. Аммо ин сарзамин дар куҷо воқеъ гардидааст, дар байни олимон ақидаҳои мухталиф вуҷуд дорад.
Як зумра олимон макони ориёи ибтидоиро дар қаламрави Аврупо дигаре дар қаламрави Осиё ва баъзе аз онҳо дар қаламрави Помир воқеъ буд, мегӯянд. Ба ғайр аз ин дар байни олимон ғояе мавҷуд аст, ки «Арияна веча» дар наздикии қутби Шумолӣ вуҷуд дошт. Ба қатори ин ғояҳо дар адабиёти муосир фикре ҳаст, ки ориёиҳо қавми заминӣ нестанд, онҳо аз коинот ба замин омаданд. Дар ин бора асари Ю.А.Кравчук «С неба на землю» (Арии 18.04.2006) ба таври васеъ маълумот дода шудааст. Мувофиқи ин ақида ориёиҳо аз коинот дар нимҷазираи Скандинавия, соҳилҳои баҳри Балтика, резишгоҳи дарёи Элба, Дунай ва манотиқи кӯҳҳои Балкани ҳозира фурӯд омаданд, аз он ҷо оҳиста ба самти Шарқ ва Ҷанубу Шарқ ҳаракат карда, билохир ба суфакӯҳи Эрон, Ҳиндустон ва қаламрави Осиёи Марказӣ ворид гардиданд. Дар натиҷаи ҳодиса амалиёту ҳаракатҳои минбаъда қавми ориёиҳо оҳиста-оҳиста қариб тамоми Аврупо ва қисман дар Осиё маскун шуданд. Дар Аврупо ва Осиё марказҳои тамаддуни ориёниро бунёд намуданд. Чӣ тавре, ки мебинем оид ба масъалаи пайдоиш ва маскуншавии ориёниҳо фарзияҳои гуногунақида вуҷуд доранд. «Вале аз ин чунин барнамеояд, -мегӯяд Бобоҷон Ғафуров, – ки барои ҳалли муаммои ориёӣ ягон асоси боварибахш набошад. Баръакс маълумот ва мадракҳои илмии ба дастомада ва натиҷаи тадқиқи объективонаи бисёр олимон имконият медиҳанд, ки аз як тараф, баъзе назарияҳои беасоси дар боло тавсифшударо рад кунем ва аз тарафи дигар як қатор фикру ақидаҳои комилан эътимодбахшро қабул ва эътироф намоем». Ин фикри худро Бобоҷон Ғафуров дар асари «Тоҷикон» тақвия дода менависад, ки «Ҳеҷ шубҳа нест, ки ин тоифаҳои гурӯҳи эронӣ аз шимол аз сарзамини Осиёи Миёна баромада, ба сӯи кишварҳои ҷануб ҳаракат кардаанд».
Инак чуноне ки мебинем, маълумоти бостонӣ ва ҳам далелҳои таърихию забоншиносӣ, аз сарзамини Осиёи Миёна ба тарафҳои Ҷануб ва Ҳиндустон, Афғонистон ва зоҳиран ба Эрон ва нуфуз кардани гурӯҳҳои мухталифи ориёӣ (аввалҳо аксари ҳиндуориё, баъдтар эронӣ)-ро исбот менамоянд. Ҳамаи ин бори дигар, тасдиқ мекунад, ки Осиёи Миёна бо ноҳияҳои ҳамҷавори худ қадимтарин маҳалли иқомати тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва маркази асосии паҳншавии онҳо будааст. Ҳамон тоифаҳои эроние, ки дар Осиёи Миёна монданд, ниёгони аҳолии аслии Осиёи Миёна аз оғози аҳди таърих то аввалҳои асри миёна ҳисоб меёбанд. Ба ин тоифаҳо пеш аз ҳама бохтариҳо, суғдҳо, хоразмиҳо, сакоиҳо ва ғайра дохил мешаванд. Дар асоси ин халқиятҳо ва қалб аз ҳама, бохтариҳо ва суғдҳо дар марҳалаи аввали асри миёна халқи тоҷик ташаккул ёфт. Ин ақида дар мақолаи Эмомалӣ Раҳмон «Густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишинҳо» чунин таъкид шудааст: «Маводи таърихӣ ва дастовардҳои навини илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки доираи ташаккули халқи тоҷик сарзамини паҳноварест, ки дар маркази олами ориённажодону ориёнтаборон воқеъ буда, дар аҳди бостон бо номи умумии ориёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гаштааст. Дар ин сарзамин мардумоне мезистанд, ки худро ориёӣ меномиданд».
Дар бораи муҳоҷират ва географияи маскуншавии онҳо аз ҷумла ориёиҳои эронию ҳиндӣ ҳам ақидаҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аз ҳама маъмӯлтаринаш он аст, ки ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ вақте ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд забон ва мазҳаби ягона доштанд. Онҳо ҳодиса ва объектҳои маъмӯли табииро парастиш мекарданд. Аз ҷумла, ба хуршед, моҳ, осмон, раъд, барқ, оташ, об, ҳайвонот ва ғайра саҷда мекарданд ва ҳар яки он мутобиқ ба Худо буданд, ки онро «дашво», яъне арвоҳи нуронӣ ва ё парвардигор меномиданд.
Баъди ба Осиёи Марказӣ муҳоҷират кардани ориёиҳо дар забон ва мазҳаби ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ тағйиротҳо ба миён омад. Мувофиқи ақидаи бостоншиносон дар нимаи аввали ҳазорсолаи 2-ми пеш аз мелод дар натиҷаи аз ватани аслиашон муҳоҷират кардани ориёни қадим ба ду шоха ҷудо шуда, як шохаи он ба тарафи Ҳиндустон, шохаи дигараш ба тарафи Эрон раҳсипор гардиданд.
Онҳо минбаъд нисбат ба забонҳояшон истилоҳҳои ориёнӣ (ҳинду) ва эрониро гирифтанд. Таърихи ҳақиқии ин ду миллат – ҳинду эрон аз ҳамон замоне оғоз меёбад, ки ин ду қавми ориёӣ ба сарзамини ҷадиди худ Ҳиндустон ва Эрон ворид шуданд. Забонҳои онҳо бо мурури вақту замон ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. «Забонҳои ҳиндии роҷеъ ба Ҳиндустон, Сейлон, Непал ва Покистонию Эрони дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Ироқ, Туркия маъмӯл буда, ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуэронӣ шомил мебошанд.
Дар рафти муҳоҷирате, ки ҳазораи 2-ми пеш аз мелод ҷараён гирифта буд, дар замони салтанати хиксусҳо аз Эрон пешрафти азиме ба тарафи мағриб кардаанд ва баъзе аз онҳо аморатнишиниҳое бо номи худ дар Байнаннаҳрайн, Сурия ва Фаластин таъсис карданд…
Дар ҳамон замон сарзамини Эрон дар тасарруфи ориёниҳо буд, ки ба қабоиле чанд тақсим мешуданд. Бинобар катибаҳои Дариюш, ки бо навиштаи Ҳеродот мутобиқат дорад ва баъзе аз онҳо дар «Авесто» низ омада ба таври зайл аст:
1. Модҳо дар ғарбии Эрон.
2. Порсҳо дар ҷанубии Эрон.
3. Хадикониён дар Астаробод.
4. Портҳо дар Хуросон.
5. Ориёниҳо дар муҷовирати рӯди Орису (Харируд)
6. Дрончиён дар ғарбии Афғонистон, ки сарзамини онҳо то Сиистон (Заранг дар катибаҳои Дориюш) мумтад буд.
7. Орохутиён дар ноҳияи рӯди Хилманд ва шохоби он дар атрофи Қандаҳор.
8. Бохтариён дар доманакӯҳои шимолии Ҳиндукуш то канори Ҷайҳун, ки маркази он Балхи ҳозира буд.
9. Суғдиён дар ноҳияи кӯҳистони миёни Ҷайҳун ва Сайҳун.
10. Хоразмиён дар ноҳияи васеъи Хоразм.
11. Марғиён дар канори рӯди Маргус (Маргоб), ки бештар дар воҳаи Марв сокин буданд.
12. Сагожитиён дар Заргеси Шарқӣ.
Бояд хотирнишон намуд, ки аз рӯи ақидаи баъзе бостоншиносон дар ҳазораи 2-юми қабл аз мелод «тоифаҳои эронӣ ё қисми онҳо дар ҷанубу шарқии Аврупо умр ба сар бурданд. Дар ин давра як гурӯҳи қабилаҳои ориёӣ дар шимоли Баҳри Сиёҳ, Хазар (Каспий) ва ҷануби Россия низ зиндагӣ мекарданд. Ҳамин тавр аз қабилаҳои ориёи онҳое, ки ба ҷануб раҳсипар шуда буданд, қисме дар Ҳиндустон ва қисме дар Эрон маскан гирифтанд. Онҳое, ки сӯи Ғарб ҳаракат карда буданд, дар тамоми Аврупо паҳн гашта, то Ирландия расиданд. Имрӯз ин мардумро ба унвонҳои ҳиндуориёӣ ё ҳиндуэронӣ ё ҳиндуаврупоӣ ном мебаранд. Асоси онҳоро забони ибтидоии ориёниҳо ташкил менамоянд. Дар ибтидо дар масъалаи омӯзиши ин гурӯҳи забонҳо ва ба ҳам монандию наздикии онҳо олимони Германия машғул буданд. Аз ҷумла, ин оилаи забонҳоро олим немис Фридрих Шлегел оилаи забонҳои ҳиндуолмонӣ номидааст. Фрас Бонн ва олимони англис бошанд, оилаи ҳиндуаврупоӣ ва олимони франсавӣ бевосита ориёнҳо номгузорӣ карданд. Қатъи назар, аз ин номгузориҳои гуногун онҳоро як забони мабдаъ ба худ муттаҳид менамояд, ки онро ориёӣ ва халқҳое, ки забонашон ба ин забони қадим қаробат доранд, халқҳои ориёи мегӯянд. Дар давраҳои таърихи замони муосир онҳо қариб дар тамоми Аврупо, Осиёи Пеш, Кавказ, Эрон, Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва ғайра паҳн шуданд. Баъдтар дар Сибир, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африка, Австралия ва Полинезия нуфуз пайдо намуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣВазъияти кунунии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон
БаъдӣЗиндагиро бипазир, чуноне ҳаст