Намунаи тахлили фонетики

Намунаи таҳлили фонетикӣ, савти, овози, дар ин мақола оварда мешавад. Чи тавр чумларо тахлили фонетики кунем >>

забони точики, забони тоҷикӣ

Тозагӣ гарави саломатист.

Ин ҷумла аз се калима иборат аст: тозагӣ, гарав, саломатӣ.

Калимаи тозагӣ аз 3 ҳиҷо: то-за-гӣ, 3 ҳамсадо (т, з, г) ва се садонок (о, а, ӣ) иборат аст. Ҳамаи ҳиҷоҳо кушода (то – за – гӣ) мебошанд. Қолаби заданокии ин калима чунин аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

–  –   -, зада дар ҳиҷои сеюм.

т – ҳамсадои беҷаранг, ҷуфти ҷарангдораш –д, пешизабонӣ.

о – садонок, лабӣ.

з – ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш- с, пешизабонӣ.

а – садонок.

г – ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш –к, забонӣ.

ӣ – садонок, ғайрилабӣ.

Калимаи гарав аз ҳиҷоҳои га – рав иборат аст. Ҳиҷои якум кушода, ҳиҷои дуюм баста. Зада дар ҳиҷои дуюм. Қолаби заданокиаш:

г – ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш – к, пасизабонӣ.

а – садонок, ғайрилабӣ

р – ҳамсадои ҷарангдор, пешизабонӣ.

а – садонок, ғайрилабӣ.

в – ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш –ф, лабӣ.

Калимаи саломатист аз 4 ҳиҷо (са – ло – ма – тист), 6 ҳамсадо (с,л,м,т,с,т), 4 садонок (а,о,а,и) иборат аст. Се ҳиҷои аввал кушода (са-ло-ма) ва ҳиҷои охир баста (тист) аст. Дар калимаи охирин бандаки хабарии -аст ихтисор шудааст. Муқоиса кунед: саломатист- саломатӣ аст, кӣ аст -кист,чӣ аст – чист; аз мост, ки бар мост (аз мо аст).

Зада дар ҳиҷои охир.


ШОЯД ИНҲО ҲАМ БА ШУМО ЛОЗИМ БОШАНД:

Фонетика – овошиноси ва вазифаҳои он

ҚаблӣЗада чист? Зада ва мавқеи он дар калима
Баъдӣ#16 Саволнома бо мукофотпулӣ – 07.03.2021 (идона)