“Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон”, МУҲАББАТОВ Х.М. ва дигарон.

Номи китоб: ГЕОГРАФИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ТОЧИКИСТОН

Муаллифон: МУҲАББАТОВ Х.М., ДИЛОВАРОВ Р.Д., РАҲИМОВ М.Р.

Боргирӣ намудани китоб (скачать)

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси


Маълумот дар бораи китоб

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зарурияти навиштани китоби мазкурро он тақозо менамояд, ки то ҳол барои донишгоҳҳои олии мамлакат китоби дарсӣ ва ё дастури таълимӣ вуҷуд надорад, ки он масъалаҳои имрӯзаи иқтисодию географии Тоҷикистонро пурра ба инобат гирифта бошад. Ҳоло он ки зарурияти омӯзиши онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар яке   вохӯриҳои худ бо зиёиёни мамлакат (27 июли соли 1997)   таъкид карда буд:  «Таълими …. географияи иқтисодии Тоҷикистонро дар ҳамаи мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва ба ҳама забонҳои дар Тоҷикистон амалкунанда ба роҳ мондан лозим аст». Вобаста ба талаботи барномаи мактабҳои олӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ то ҷое кӯшиш намудем, ки дар китоби дарсӣ умдатарини масъалаҳои назариявии географияи иқтисодӣ, ҷойгиршавии аҳолӣ, манбаъҳои муҳимтарин сарватҳои табиӣ, ноҳиябандии иқтисодӣ, ҷойгиршавии соҳаҳои асосии истеҳсолот ва хусусиятҳои инкишофи онҳо, проблемаҳои иқтисодии берунӣ ва ғайра инъикос ёбанд.

Географияи иқтисодӣ бо илми иқтисодиёт, картография, демография, сотсиология ва этнография зич алоқаманд буда, бештар ба қонунҳои умумии тараққиёти ҷамъият, аз ҷумла: қонунҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ сарукор дорад. Яке аз хусусиятҳои хоси географияи иқтисодӣ ин тадқиқи амалии қонунҳои иқтисодӣ, вазъияти кунунии географӣ, тавсифи алоҳидаи ҳодисаҳои иқтисодию географии мамлакатҳои ҷудогона, ноҳияҳои иқтисодӣ ва шаҳрҳои алоҳида мебошад.

Китоби дарсии «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон» барои донишҷӯёни соҳаи  иқтисодиёти донишгоҳҳои мамлакат дар асоси Барномаи мактабҳои олӣ тайёр карда шудааст.


Боргирӣ намудани китоб (скачать)


Калидвожаҳо: Китоби ГЕОГРАФИЯИ ИКТИСОДИ ВА ИЧТИМОИИ ТОЧИКИСТОН, МУХАББАТОВ Х.М., ДИЛОВАРОВ Р.Д., РАХИМОВ М.Р., китоби география скачать, китобхои точики, китобхона, китоби дарси.

ҚаблӣИНТИХОБОТ ВА СИСТЕМАҲОИ ИНТИХОБОТӢ
БаъдӣАвф кардан – Хазинаи маърифат