Сохти иҷтимоӣ доштани тарбия

Сохти ичтимои доштани тарбия, Сохти иҷтимоӣ доштани тарбия

Педагогҳои прогрессивӣ тарбияро ҳамчун «институти иҷтимоӣ, аз синни поёнӣ майл додани омодагии одамон бо ёрии панддиҳӣ ва ибрат, этиқод ва зарурат бо кӯшиши амалӣ ва дар ҳаёт собитқадамона истифода бурдани қоидаҳои азхудкарда» мефаҳмиданд (Г. Сент – Джон).

Ин принсип дар давраҳои гуногуни иҷтимоӣ тағйир ёфт, баъзан моҳияти иҷтимоии зиёд, гоҳо давлатӣ ва баъзан самти шахсиятӣ ҳам гирифт. Дар педагогикаи ватанӣ ҳам он борҳо ба дигаргунӣ дучор шуд. Аз қоидаи моҳиятан умумӣ – тарбия бояд одамро ба ҳаёти хушабахтонаи фаъоли ҷамъиятӣ тайёр кунад, кам нигоҳ дошта шуд. Ба ин принсип такя намуда бештари системаҳои тарбиявӣ дар ҳаёт бо муваффақият нишондодҳои мафкуравӣ, доктринаҳои сиёсӣ мебаранд.

Тарбия бо дастгирӣ ва устувории сохти давлатӣ, институтҳои он, органҳои давлатӣ, ташаккули шаҳрвандӣ ва сифати иҷтимоӣ дар асоси идеалогияи қабулкардашуда ва қабулкардаи давлат, конститутсия, қонунҳо нигаронида шуд. Ин принсип итоакунии тамоми фаъолияти педагогиро баҳри вазифаҳои тарбияи насли наврас мувофиқи нишондодҳои давлатӣ, тарбия ва майл додани фаъолияти тарбиягарон, барои ташаккули иҷтимоии зарурии навъи шахсиятро талаб мекунад. Тарбиягар супориши давлатиро нисбати тарбия адо менамояд. Агар аҳамияти давлат ва ҷомеа ба ин мувофиқ ояд, ин чунин ба рағбати шахсии шаҳрванд созиш кунад, онгоҳ талаботи принсип табиатан дар сохти худ мақсад ва вазифаҳои тарбияро барилова мегирад. Дар акси ҳол иҷрои ин принсип душвору имконнопазир мегардад.

Ба тарбягар маводи аниқи воқеӣ баҳри тарбияи пурқимат намерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мактаб – на идораи давлатӣ, балки институти иҷтимоӣ, системаи иҷтимоӣ – давлатӣ, майли қонеъгардонии талаботи маълумотдиҳӣ, ки дар он меъёри дархости давлатӣ, дар ҳамин қатор ҳамчун талаботи ҷамъият ва шахсиятамали мекунад. Вайрон кардани ин ҳамкорӣ мактабро ба беҳаракатӣ меорад. Мактаб ҳамчун институти иҷтимоӣ – давлатӣ метавонад фақат бо мадади давлат зинда бошад. Зуд ё сонӣ ҷомеа боз аз нав ба ёрии он меояд.

ҚаблӣХусияти присипхои тарбия
БаъдӣРобитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат