Рубоиёт аз Озар Салим

Озар Салим
Озар Салим

Афтад зи паси тирезаи хона агар,
Чашмам ба зане, ки дока дорад бар сар,
Бечора дилам чу тифл бо дидаи тар,
Фарёд бароварад, ки “модар, модар!”

Шарт он набувад ҳаво муаттар бошад,
Аз хайли гуле, ки тозаву тар бошад.
Бар хона баҳор мерасад бо як гул,
Гар номи гули расида модар бошад.

Гаҳ сулҳ кунад, гаҳе кашокаш Озар,
Гаҳ ором аст, гаҳ мушавваш Озар.
Инҳо ҳама ангезаи табъи ишқанд,
Чун ишқ бувад оташу оташ Озар.

Ҳарчанд пайи фиканданаш мекӯшам,
Афканда намешавад гунаҳ аз дӯшам.
Дар хатми дуо чу ёд ояд гунаҳам,
Аз шарм ба даст рӯи худ мепӯшам.

Модар, зи чӣ рӯ лабат агар хандон аст,
Он ханда ба зери остин пинҳон аст?
Эй модари пири ман, гулӣ, ханд, ки гул
Хушханда бувад, агарчи бедандон аст.

Монанди дирафш кист шайдои Ватан?!
Истода сари по ба тамошои Ватан.
Аз ғояти изтироби дил меларзад,
Боде бивазад агар ба болои Ватан.

Озар Салим

ҚаблӣЭй Ҳилолӣ, ёрӣ ман ҳам тарки ёрӣ мекунад (шеър аз Хайрандеш)