Байтбарак (шеърҳо)

Дуруд. Байтбараки мазкур аз гурӯҳи “Аниси дилҳо” оварда мешавад:

Кафтараки дубома ба худ ёр гирифт,
Аз фанду фиребу ҳилаҳо кор гирифт
Ӯ ёр гирифт баробари мо нагирифт
Аз гул бигузашту домани хор гирифт.

Дар сукути розпӯши нимашаб
Занг зан, хоҳӣ дигар ҳарфе магӯ.
Бо нафас, бо таппиши набзи дилат
То саҳар бо ман бишав дар гуфтугӯ.

Ӯ кист, ки ӯ забони дил медонад,
Аз чашм ҳама рози туро мехонад.
Он ҷо, ки набоши ӯ нахоҳад будан,
Ҳарҷо, ки ту боши ӯ ҳамонҷо монад.

Дуои субҳу оҳи шаб калиди ганҷи мақсуд аст,
Бад-ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор пайвандӣ!

Ишқ он набувад, ки ҳамчу Бул-бул ноли,
Онгаҳ, ки бимириву наноли ишқ аст.

То набудӣ, гӯиё дар синаи ман дил набуд,
Ё агар буд, андуҳу дарди гуворое надошт.

Тирборон кардани ту кӯшиши беҳуда аст,
Ҳарки моро мекушад бо шеърборон зинда бод.

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.

Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷидол бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам
Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.

Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ, ки Туам роҳ намоӣ.

Макун такя бар мулку фармондиҳӣ,
Ки ногаҳ чу фармон расад, ҷон диҳӣ.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест нодонӣ.

Имрӯз бикун чу метавони коре,
Фардо чи куни чу натавони кардан.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Тоҷикистон дардҳоятро мудавво мекунам,
Дар ту оромиву ваҳдатро таманно мекунад.

Табиби дарди бедармон кадом аст?!
Рафиқи роҳи бепоён кадом аст?!

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман овора будӣ.
Акнун, ки ба чаҳордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ охан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Дил меравад зи дастам соҳибдилон Худоро,
Дардо,ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Дил муқими куи ҷонон асту ман инҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан хар чӣ гуяд, адо мекунем.

Ишқ он шуълаест хомуш нагардад ҳаргиз,
Ошиқ нафаси хушӣ набинад ҳаргиз.
Ғамҳои ҷаҳон зи ман мемонад,
Аммо ғами ту ҷудо нагардад ҳаргиз.

Забон дар даҳон эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад надонад касе,
ки гавҳар фурӯш аст ё пиллагар.

Рафтию каси дигар маро нест ҳабиб.
Ғайри ғами ту маро дигар нест насиб.
Дарёи равонию, равонию, равон.
Дигар зи канори ту маро нест насиб.

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон

Нохонда марав бар сари хони касе,
Бе қадр шавӣ агар хурӣ нони касе.

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

То ту ба додам мерасӣ оҳам ба Кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ умрам ба поён мерасад.

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро,
Дардо ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Осоиши ду гети тасвири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

Дунболи касе бош ки дунболи ту бошад,
Ингуна агар нест ба дунболи худат бош.

Суҳбати марди худо мардат кунад,
Суҳбати ҳар носазо сардат кунад.

Девонаву дилбастаи иқболи худат бош.
Саргарми худат ошиқи аҳволи худат бош.

Дар ин шаҳре,ки мо ҳастем ҳама бегона аз хешанд,
Ту аз хокистари сӯхта нишони чӯб меҷӯӣ?

Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.

Дил бар ин дунё мабанд дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ биояд навҷавонӣ бигзарад.

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Дарахти дӯстӣ биншон ,ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман инҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтану танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бе по ғариб.

Бадбахт агар масҷиди одина бисозад,
Ё тоқ фурӯ резад, ё қибла каҷ ояд.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кудакон.

Лаззати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.

Дар роҳи ҳаёт мушкиле гар пеш ояд,
Ман панди туро мушкилкушо медонам.

То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.

Шабҳо бари гаҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

Дунё ба мисоли бори ноҳинҷор аст,
Вазнаш ба дӯши ҳар каси пурбор аст.
Аз қулла манорасозӣ осон дар он
Аз ақл манора сохтан душвор аст.

Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бе шоире анбори гил.

Бо субҳ ҳамнаво хез андешаро садо кун,
Бар рӯзи нав расидӣ сад шукр аз Худо кун.

Лулияки барбатзан ту масттарӣ ё ман,
Дар мастии хеш донам ту пасттарӣ ё ман.

Дар дайри муғон омад, ёрам қадаҳе даст,
Маст аз майю майхорон аз наргиси масташ маст,
Аз наъли саманди ӯ шакли моҳи нав пайдо,
Аз қади баланди ӯ болои санавбар паст.

То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

Ин чи шурест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам,
Пешаи подшоҳон нест ба ҷузъ ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам.

Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардори азизон.

Модар модар каси беҳимат бошад,
Дидори шарафи ӯ ғанимат бошад.

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури басар набошад.

Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам,
Муждаи васли ту ку аз сари ҷон бархезам,
Гарчи пирам як шабе танг дар оғӯшам гир,
То саҳаргоҳ зи канори ту ҷавон бархезам.

Нафси шайтон мебаранд аз раҳ туро.
То биандозанд андар чаҳ туро.

Лар рӯйи ҷаҳонем надонем ҷаҳон чист?
Фарзанди замонем надонем замон чист?
То ташна намонем наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист?

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм.
Бо ту пас аз илм чй гуям сухан?
Илм чу ояд, ба ту гуяд чӣ кун.

Некӣ куну ба Даҷла андоз,
К-эзид дар биёбонат диҳад боз.

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Омӯхтан бо амал судманд аст.

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Онҳо, ки ба кори ақл дармекӯшанд,
Беҳуда бувад, ки гови нар медӯшанд.

То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Дар сӯҳбати дӯст ҷон нагунҷад,
Шодию ғами ҷаҳон нағунҷад.

Дар замири мо ба ғайр аз дӯст намеғунҷад кас,
Ҳарду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.

Саҳар аз гардиши моҳтоб бипурсед,
Ки имшаб ҳоли Ӯ бо Қайс гарон буд.
Магар нашнидаи аз ҳоли Маҷнун,
Ки бе Лайли шабу рӯзаш чи сон буд?

Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?

Омад баҳору,фасли Гулистон ғаниматаст.
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст!

Тири оҳи мо зи гардун бигзарад, Ҳофиз, хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо!

То умр бувад, дар ҳаваси рӯйи ту бошам,
Гар хок шавам, хоки сари кӯйи ту бошам.

Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.

Ман агар гардам ғуломи рӯзи машҳаргоҳи ишқ,
Ҳалқаи мӯи ту бар гардан маро занҷир бод!

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиён зи пайи обу дона рафт.

Ранҷаш аз сафрову аз савдо набуд,
Бӯйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд.

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Дар миёни чордарё тахтабандам кардаӣ,
Боз мегӯӣ, ки ҳушёр бош, доман тар макун!

Нарм-нармак гуфт: Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост.

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!

Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ӯ сарсабзии бӯстон шавад.

Дар муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад!

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.

Дилатро хонаи ман кун, мусаффо карданаш бо ман,
Ба ман дарди дил ифшо кун, мудавво карданаш бо ман.

Нигори нозанин, ҳастам ғуломат,
Бигир дастам бубар болои бомат.

То фалак боло шаву аз худ марав,
Соҳиби дунё шаву аз худ марав.

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.

Рав,ба маънӣ кӯш, эй суратпараст,
З-он ки маьнӣ бар тани сурат пар аст!

Мо агар мактуб нанвиштем,айби мо макун,
Дар миёни рози муштоқон қалам номаҳрам аст.

Таолуллоҳ чӣ давлат дорам имшаб,
Ки омад ногаҳон дилдорам имшаб.

Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷои парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ модари пирам?
Биё бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.

Муаллим офтоби беҳтарин аст,
Сафобахшанда дар рӯйи замин аст.

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.

Туро гар бевафо гуфтам, чӣ гуфтам?
Ғалат кардам, хато гуфтам, чӣ гуфтам?

Ман будаму ту, ҳам ҷоми бода,
Дил бурдӣ аз ман бо чашми содда.

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

Агар дашном мегӯӣ маро гӯ,
Ки аз ҷонат дуогӯям, дуо гӯ.

Агар гӯӣ, ки битвонам қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,
Агар гӯӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Мазан бар сари нотавон дасти зӯр,
Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр.

Ё Раб ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам,
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?

Дар олами бевафо касе хуррам нест,
Шодию нишот дар бани одам нест.

Ту гарми сухан гуфтану аз ҷоми нигоҳат,
Ман масти чунонам, ки шукуфтан натавонам.

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Некӯст даме, ки бо тараб мегузарад.

Дӯстон то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Ҳар баҳоре бо нигори дилфигор ошиқ шавед.

Даме бо дуст ба сар бурдан дусад дунё баҳо дорад,
Хушо он кас ки дар дунё рафиқи бо вафо дорад.

Дар дили мо гар намеоӣ,ба чашми мо биё,
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё.

Шароби шавқ менӯшам, ба гирди ёр мегардам,
Сухан мастона мегӯям, вале ҳушёр мегардам!

Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма, ки зад роҳ ба ҷое дорад.

Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

То мурури вақт бишносему қадри зиндагӣ,
Мерасад бар гӯши дил бонги азони тирамоҳ.

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун.

Оча дастони ту доим ба дуо,
Оча ожанги рухат ҳарфи Худо

Дило,назди касе биншин,ки ӯ аз дил хабар дорад,
Ба зери он дарахте рав,ки ӯ гулҳои тар дорад.

Орифи пинҳон зи пайдо хуштар аст,
Ганҷро ганҷина маъво хуштар аст.

Замину осмон бо ҳам наояд
Ба дунё одами беғам наояд
Шабе аз гиряи борон шунидам
Ки ҳаргиз дидаи бенам наояд.

Ё Раб ин дарди дилу фурқати ҷонон то кай,
Дарди дил боз фироқи ғами ҷонон то кай.

Як шаб охир домани оҳи саҳар хоҳам гирифт,
Доди худ аз он маҳи бедодгар хоҳам гирифт

Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро
Душмани ҷониву аз ҷон дӯсттар дорам туро.

То тавони дустонро гум макун ,
Дустони мехрубонро гум макун.

Нишастан гиря кардан пеши қисмат одати мо нест.
Ба зорию тавалло ёрӣ хостан ҳиммати мо нест

Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н – омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, кӣ аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?

Мо ҳеҷ замона ҳеҷ денё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.
Дони ки зи одами чи мемонаду бас,
Ишқ аст муҳаббат аст боқи ҳама ҳеҷ.

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

Аё модар мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.

Дӯшина куҷо рафтию меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон буд ту ҷонони кӣ будӣ?

Имшаб ки ҳавои деҳа бемаҳтоб аст,
Оҳиста қадам бизан, ки мардум хоб аст.
Ту даст ба дасти ман бидеҳ эй дарё,
К-ин сӯхталил ташнаи сад Варзоб аст.

Тифлро аз кудакӣ омуз адаб.
В-аз камоли тарбият одам шавад.

Илмат ба амал чӯ ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Илм ба кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.

Ту, ки нӯшам наӣ нешам чароӣ?
Ту, ки ëрам наӣ пешам чароӣ?

Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо,
Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо…

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.

Ошиқ ҳамасола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо.

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.

Ишқ гуфтам, рӯди Сайҳун печ хурду ҳеҷ гуфт,
Дида шодон, сина пурхун печ хурду ҳеҷ гуфт.

Маро бо ҷавфурушони сари бозор кор нест,
Ман аз гандумнамоёни иродаткеш метарсам.

Ман ҳисобам зи ҳама мардуми ин шаҳр ҷудост,
Ман умедам бахудо, баъди Худо ҳам ба Худост.

Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро
Душмани ҷониву аз ҷон дӯсттар дорам туро.

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирони дунё чун шуд?

Туро сад бор гуфтам,ки ғуломат ман,ҳамин кофист.
Фидои як саломат,як каломат ман, ҳамин кофист.

ҚаблӣҶавонон ва фазои ҷаҳонии интернет