Шеър барои рузи муаллим, Шеър дар бораи муаллим, муаллим шеър, омузгор муаллим, устод шеър.
Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,
Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.
Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,
Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.
Хонаободии мо – Омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.
Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,
Шодмон бошед доим , ғамгусорони азиз!
Дигар маводҳо вобаста ба муаллим ва шеър дар бораи муаллим >>>