Шеърхо аз Шодмон Субхон (Аламов)

Хушҳолу розиянд ҳама аз гуноҳи хеш.
Андеша мекунанд фақат бар рифоҳи хеш.
Афкори одамӣ шуда маҳдуд бар ду рӯз,
“Имрӯзро чи гуна барад то пагоҳи хеш”.
Аҳриманист руйи дигарҳо ба дидаҳо.
Поканд чун фаришта ҳама дар нигоҳи хеш.
Сад ҳайф ишқ ҳам шуда зиндонии ҳавас,
Юсуф ба роҳи хеш, Зулайхо ба роҳи хеш.
Ҷойи таассуф аст, ки одат намудаем,
Бар ҳоли нописанду баду ифтизоҳи хеш.
Ё Раб ба доди кофару муъмин худат бирас,
Моро нигоҳ дор зи мо дар паноҳи хеш.
ҒАЗАЛГУНА
Аз дузаху аз оташи ҷонсӯз чӣ биме.
К-аз дурии ту нест муҷозоти азиме.
Дур аз ту қиёсе ба ғамам нест, агар ҳаст,
Ашкест ки ҷорӣ шуда аз чашми ятиме.
Дасти ман агар нест ба гесӯи ту маҳрам,
Бигзор ба мӯят бирасад дасти насиме.
То бӯйи хуши мӯйи ту дар шаҳр бипечад,
Ин шаҳр биҳиште шавад аз атри шамиме.
Гӯё ки Худо ними латофат ба ту бахшид,
Дигар ҳамаро халқ намудаст ба ниме.
Бо ин ҳама эъҷоз Худое ки туро сохт,
Валлоҳ Худоест тавонову кариме.
Он қадр муқаддас шуда будӣ ки навиштам,
Ин шеър ба Бисмиллаҳи Раҳмону Раҳиме.
Бо вуҷуди ҳамаи дарду ғами беададам
Роҳи хушҳолнамойии худамро баладам.
Чун ҳама омадаҳо қисмати ман роҳравист
Дар масире, ки қадам сӯйи адам мекашадам.
Ман бар онам, ки ҳама лоиқи ҳаққаш бошад,
Зери гул як қабат аз санг задам дар сабадам.
Гунбадилафзаму мизонназару оинахӯ
Ба шумо бастагӣ дорад ҳамаи неку бадам.
Шак надорам, ки рагу решаи ман Эронист,
То нахурдам зи касе мушт касеро назадам.
Гар бихоҳӣ, ки пас аз марг маро бишносанд,
Санг не, оина бигзор ба рӯйи лаҳадам.
Дар фироқи шохаи худ, зудпусӣ беҳтар аст.
Бо ту дарди муштарак дорам, хусусӣ беҳтар аст.
Эҳтироми хосае дорам ба мазҳабҳо, вале,
Аз мусалмонии баъзеҳо маҷусӣ беҳтар аст.
Ҷангро ҳаргиз надидӣ, шукрро н-омӯхтӣ,
Нони хушки мағзи гандум аз сабуси беҳтар аст.
Бар забони худ мусаллат нест, мепурсад ба шавқ,
Инглисӣ беҳтар аст, ё ин ки Русӣ беҳтар аст?
Бар ман аз сад “Ромеову Ҷулето”-и Шекспир,
Байтҳои ноби Фирдавсии Тусӣ беҳтар аст.
Гарчи танҳоӣ надорад ҳеҷ шарҳи бартарӣ,
Боз ҳам, ошиқ шудан аз беарусӣ беҳтар аст.
Шарти бар мақсад расидан гар қимори обрӯст,
Номуваффақ буданам аз дастбусӣ беҳтар аст.
ҒАЗАЛГУНА
Шавам то холӣ аз дарди ту пур кардам сабӯямро.
Ман имшаб бо хиёлат машқ дорам гуфтугӯямро.
Намеарзад барои фарши роҳат ҷони ноқобил,
Биё то дар қадамҳоят бирезам обрӯямро.
Канорат захми душманро таҳаммул мекунам, аммо,
Фироқат мекунад хунхортар тири адӯямро.
Худаш як марги дигар ҳаст, марги орзӯ дидан,
Бигир аз партгоҳи марг дасти орзӯямро.
Ғазалхонии ман ин бор баҳри дилрабоӣ нест.
Барои теғи тезат нармтар дорам гулӯямро.
Намехоҳам бимонад хуни ман дар гардани дастат,
Биё то рӯйи дастонат бирезам оби рӯямро.
Бигзор ки бишканад дили мо.
Сӯзад дару боми манзили мо.
Бигзор парандаҳо биболанд,
Бо хурдани кишту ҳосили мо.
Бигзор ки мавҷи таънаи дӯст,
Ҳар бор занад ба соҳили мо.
Бигзор ки дардро набинанд,
Дастони ба хайри қотили мо.
Бо ҳар ки бад аст, бад нагардем,
То хуб шаванд қоили мо.
Зеро зи азал Худо наомехт,
Хокистари кина бо гили мо.
НӮШХАНД. ШИРУ ШАКАР
Агарчи ишқи ман чун шеърҳоям ҳаст бемаъно,
Барои туст бемаъно, мне очен приятно.
Подожди не торопис, рафтани ту кори осон нест,
Потому что в таких ситуаций ест одно но.
Маро, ки ошиқат кардӣ, чӣ маъни дорад ин сардӣ,
Ки бо мо мекуни, эй ишқ, это же не культурно.
Паноҳӣ шеър мехониву медонам, ки медонӣ,
Азобу дардҳоямро, вале рафтӣ всё равно.
Зи баъди рафтани ту настрени расстроений,
Шавад то настроений, пю один бакал вино.
На чандоне, ки аз мастӣ нафаҳмам, ки чӣ мегӯям,
Риоят менамоям как всегда суннати Сино.
Зи баъди дидани серёлҳои Ҳазрати Юсуф
Биёмӯхтам, ки от любви слепой мешавад бино.
Ҳадаф аз танз танҳо ростсозии дурӯғи туст,
Специально доказывал, ки шеърам ҳаст бемаъно.
САРВОДАИ ОШИҚ ШУДАН
Ман набудам ҳеҷ гаҳ омодаи ошиқ шудан.
Лек худро ёфтам дар ҷодаи ошиқ шудан.
Боварам ҳаргиз намеояд ки бовар кардаам,
Содалавҳона ба ҳарфи содаи ошиқ шудан.
Ишқ дар ин шаҳр аз кай ҷиноят шуд, чунки ғам,
Дастгирам мекунад бо мод(д)аи “ошиқ шудан”.
Мастие бо тули умри оби ҳайвон нӯш кард,
Ҳар кӣ боре нӯш кард аз бодаи ошиқ шудан.
Себ аз шохи қалам дар домани дафтар гаҳе,
Метаконад зарбаҳои ходаи ошиқ шудан.
Мекашам фарёди хомӯш аз гулуи хомаҳо,
Шеър не, дод аст ин сарводаи ошиқ шудан.
ҒАЗАЛГУНА
Имшаб чу дишаб сар задам минои дигар ҳам.
Гуфтам нанӯшам, мерасад фардои дигар ҳам.
Мо қарнҳо дар мастиву пастӣ ҳадар додем,
Сад тоҷу тахту кишвару… садҳои дигар ҳам.
То ин замон дар ғафлати мо дигарон рафтанд,
То ҳар куҷо, ҳатто ки то дунёи дигар ҳам.
Ҳаргиз нагу дер аст чун дирӯзиён имрӯз,
Пешанд чандин сол аз чун мои дигар ҳам.
Мақсад, агар дур аст дар чашмат, расиданро,
Ҳаргиз нахоҳӣ дид бо ду пои дигар ҳам.
Шояд хато кардем мо дарки қаноатро,
З-ин вожа бояд сохтан маънои дигар ҳам.
Қавме ки шуд гумроҳ дигар барнамегардад,
Сӯйи Худои хеш бо Мӯсои дигар ҳам.
Аз дӯстӣ бо гумраҳон ҳушёр бояд буд,
Бо сулҳ дорад дар сараш савдои дигар ҳам.
СИМЧУБ. (Столба)
Симчубҳо агарчи надоранд решае.
Ё ҳеҷ гоҳ бор наоранд мевае,
Ҳастанд бенасиб,
Аз шоху баргу бор,
Аз лаззати баҳор.
Мисли дарахтҳои дигар нест кори ӯ,
Баҳри бақои хеш,
Муҳтоҷи обу белу каланди касон шавад,
То ки калон шавад.
Ӯ низ дар гузаштаи худ буда як дарахт.
Аммо дарахти рост,
Аммо дарахти сахт.
Танҳо дарахти рост,
Танҳо дарахти сахт,
Баъди буридани танаш аз решаи ҳаёт,
Симчуб мешавад.
Ин ҷойгоҳ хосияти ҳар дарахт нест…
Симчубҳо агарчӣ надоранд решае,
Ё ин ки мевае,
Дар чор фасли сол.
Истода бо виқор.
Бар душ ҷӯйи нур,
Бар ҷойҳои дур,
Ин нурро нарафта зи ҷо ҳамл мекунад.
Аз баҳри симчуб
Гар решае ба фарз тасаввур кунем, пас
Ин реша ростӣ буваду устуворияш,
Бунёди нурбоварию ҷоннисорияш.
Симчубҳо агарчӣ дарахтони мурдаанд,
Ҳар шаб барои аҳли башар нур медиҳанд,
Ҳарчанд зери хок надоранд решае.
ДӮСТДОРИ ЧАШМИ ШУМО
Чу мижае бишавам кош ёри чашми Шумо.
Ҳамеша сабз бимонам канори чашми Шумо.
Супурдаам ба ту худрову обрӯямро,
Баланду пастии мо, ихтиёри чашми Шумо.
Ба вақти хоби шумо рост пушти дар монам,
Ба шавқ то саҳарӣ интизори чашми Шумо.
Муҳофизат бикунам аз ғубору саф бикашам,
Чу мижаҳои дигар дар ҳисори чашми Шумо.
Ба чашми мардуми олам ғариб хоҳам шуд,
Махоҳ канда шавам аз диёри чашми Шумо.
Ҷунун ба мижагӣ овардааст кори маро,
Бубин чи карда ба ман, оҳ, кори чашми Шумо.
Хиёли мижашудан камтарини хоҳишҳост,
Барои як нафари дӯстдори чашми Шумо.
Аз саҳифаи муаллиф дар фейсбук

















