Омади, чонам ба курбонат, вале холо чаро? (шеъри пурра)
Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?
Бевафо, ҳоло, ки ман афтодаам аз по чаро?
Нӯшдоруиву баъд аз марги Суҳроб омадӣ,
Сангдил, ин зудтар мехостӣ ҳоло чаро?
Умри моро муҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Ман, ки як имрӯз меҳмони туам, фардо чаро?
Нозанино, мо ба нози ту ҷавонӣ додаем,
Дигар акнун бо ҷавонон ноз кун, бо мо чаро?
Ваҳ, ки бо ин умрҳои кӯтаҳи беэътибор,
Ин ҳама ғофил шудан аз чун мане шайдо чаро?
Шӯри Фарҳодам ба пурсиш сар ба зер афканда буд,
Эй лаби Ширин, ҷавоби талхи сарболо чаро?
Эй шаби ҳиҷрон, ки як дам дар ту чашми ман нахуфт,
Ин қадар бо бахти хоболуди ман лоло чаро?
Осмон чун ҷамъи муштоқон парешон мекунад,
Дар шигифтам ман, намепошад зи ҳам дунё чаро?!
Дар хазони ҳаҷри гул, эй булбули табъи ҳазин,
Хомушӣ, шарти вафодорӣ бувад ғавғо чаро?
Шаҳриёро, бе ҳабиби худ намекардӣ сафар,
Ин сафар роҳи қиёмат меравӣ танҳо чаро?
Шаҳриёр


















