Эй Хилоли, ёри ман хам тарки ёри мекунад (шеър аз Хайрандеш)

Эй Ҳилолӣ, ёрӣ ман ҳам тарки ёрӣ мекунад.
Дасти ёрӣ деҳ, ки бар ман душворӣ мекунад.
Зури бозуят куҷо шуд нангу номусат куҷост.
Хез, Рустам, Рахшро мардум саворӣ мекунад.
Ӯ ба базми мо намеояд магӯ ҳарфе дигар,
Ё, ки одам нест, ё, ки хоксорӣ мекунад.
Дилсиёҳони чаҳон моро сияҳдил кардаанд,
Дил хумори ёр дорад беқарорӣ мекунад.
“Об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошност”,
Ховалингӣ бӯи Ғармиву Ҳисорӣ мекунад
Ёр, наздаш рав, табассум ҳадя бинмо бӯса деҳ..
Чашми Хайрандешро бингар, ки зорӣ мекунад.
Хайриддин Хайрандеш

















