Сиёсати молиявии давлат дар шароити иқтисоди давраи гузариш

Таҷриба нишон дод, ки алакай дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ чун дар тамоми Иттиходи Шуравӣ тезу тунд гардидани вазъияти молиявӣ дида мешуд, ки он ба­рои тахияи консепсия оид ба зарурияти гузаштани ҷумҳурӣ аз низоми идоракунии маъмурию ҳукмфармоӣ ба муносибатҳои бозорӣ асос гардид.

Бо барҳам хурдани ИЧШС ҳамчун давлатӣ иттиҳоди ягона, дар заминаи собиқ ҷумҳуриҳои иттиход давлатҳои соҳибистиқлоли мустақил ба вуҷуд омаданд, ки ҳамаи масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро мустақилона ҳал менамуданд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидои мустақилияти дав­латӣ (9 сентябри соли 1991) на танҳо бо парокандашавии му­носибатҳои хоҷагидории амалкунандаи байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ, балки инчунин бо ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ва офатҳои табии солҳои 1991-93, ки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, хусусан ба иқтидори истеҳсолии он зарари бузурги моддӣ расониданд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ танҳо маблағи умумии зарари бевосита аз ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ зи­ёда аз 7 млрд доллари ИМА-ро ташкил намуд. Ҳамин тариқ, иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои якуми пойдоргардиаш бо корхонаҳои саноатии ғайриқобили амал, хоҷагии қишлоқи парокандашуда, низоми молиявию қарзии фалаҷгардида бо касри ҳамасолаи буҷетӣ ва ҷараёни мунтазами бекурбшавии пул тасвир мешуд.

молия, молия чист? аз фанни молия точики

Дар навбати худ барҳамхурии алокаҳои хоҷагии байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ, нагузаштани пардохтҳои пулӣ байни давлатҳои мустақили навбунёд, набудани пули накд дар муомилот қариб дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба таназзули мунтазами истеҳсолот оварда расонид. Мувофиқи маълумотҳои расмии Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ ба 1 январи соли 1995 дар муқоиса бо нишондодҳои охири соли 1990 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 40 %, истеҳсоли маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ 46% ташкил медоданд. Дар ин шаро­ит маблағи пардохтҳои сари вақт пардохт нашуда дар хоҷагии халқ дар охири соли 1994 зиёда аз 18,4 млрд рубли русӣ, аз ҷумла аз ҳисоббаробаркунии тарафайни байни корхонаҳо кариб

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

18,2 млрд рубли руссиро ташкил дод.

Дар натиҷаи ин дар хоҷагии халқ ба миён омадани норасоии пул даромади буҷети давлатӣ якбора кам  гардиду, қарзи давлатӣ афзуд. Мувофиқи маълумоти сохторҳои оморӣ ба 1 ян­вари соли 1995 маблағи умумии қарзи дохилии давлатӣ қариб 800 млрд  рубли  русӣ, аз он ҷумла қарзҳо оид ба музди моҳона ва пардохтҳои ба он баробар зиёда аз 340 млрд рублро ташкил менамуд. Маблағи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар ин давра зиёда аз 750 млн доллари ИМА-ро ташкил медод. Дар ҳамаи ин солҳо мақсади асосии сиёсати молиявии ҷумҳурӣ ба нигоҳ доштани зиндагии аҳолӣ ва баромадан аз буҳрони чуқури иқтисодӣ, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёги миллиро фаро гирифта буд, равона шуда буд.

Дар ин шароит барои таъмини худнигахдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлоли мустақил дар назди ҳукумат қабули қарори қатъӣ оид ба баромадан аз буҳро­ни иқтисодӣ меистод. Такконбахши ҳалли муаммоҳои ба миён омада Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 3.12.1994 тахти № 8 «Оид ба чораҳои аввалин дараҷаи тақвияти дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва тезонидани гузариш ба муносибатҳои бозорӣ» гардид, ки минбаъд дар заминаи он «Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1995-2000», Барномаи миёнамуддат барои солҳои 1998-­2001», Барномаи дарозмуддат барои солҳои 2001-2015 таҳия ва қабул карда шуданд.

Бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳолати иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барномаи якум ду давраро дарбар мегирифт:

  • солҳои 1995-97 давраи барқароркунии хоҷагии халқ ва зина ба зина гузаштан ба иқтисоди бозорӣ;
  • солҳои 1998-2000 ва солҳои баъдина давраи устуворгардии иқтисодиёт, ташаккул ва тақвияти иқтисоди бозорӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ гузариши аслӣ ба муноси­батҳои бозорӣ бо қабули барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ (соли 1995) cap шудааст, гарчанде ҷараёни бунёди заминаи қонунии иқтисоди бозорӣ аз аввали солҳои 90-ум оғоз ёта буд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки Тоҷикистон чун дигар давлатҳои соҳибистиқлоли собиқ шуравӣ дар давраи ташаккул ва тараққиёти муносибатҳои нави бозорӣ, яъне дар иқтисоди даври гузариш мебошад. Сиёсати давлатии молиявии иқтисоди давраи гузариши Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои ба ҷумҳурӣ хос сиёсатҳоро оид ба рушди соҳибкорӣ ва бизнес, буҷети, андоз, гумрукӣ, пуливу қарзӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва молияи байналмилалиро дарбар мегирифт.

Дар шароити банақшагирии мутгамарказонидашуда ва идоракунии маъмурию ҳукмфармоӣ давлат имконият дошт, ки рафти истеҳсолот ва сатҳи тараққиёти иқтисодиётро ба воситаи буҷети давлатӣ, нархҳои давлатӣ, фондҷудокунӣ ва чораҳои дигар дар зери назорати худ нигоҳ дорад. Дар замони гузаштан ба иқтисоди бозорӣ давлат дигар чунин имкониятро надорад, чунки он қисман аз ихтиёри вай баромаданд. Бинобар ин дар шароити иқгисоди давраи гузариш дар қисми таркибии сиёса­ти давлатии молиявӣ бояд сиёсати молиявии рушди соҳибкорӣ ва бизнес дар мадди аввал ҷой дода шавад. Афзалияти сиёсати молиявии рушди соҳибкорӣ ва бизнес дар он аст, ки вай асоси низоми молиявӣ буда аз вазъи даромаднокии он қисматҳои тар­кибии низоми молиявӣ, пеш аз ҳама буҷети давлатӣ вобаста аст. Аз тарафи дигар, барои он ки иқтидори иқтисодии давлат мустаҳакам бошаду аҳолӣ бо ҷои корӣ ва маводи зиндагӣ таъмин бошад, бояд фаъолияти соҳибкорӣ ва бизнес дастгирии ҳаматарафаи давлатиро дошта бошад.

Мақсади асосии дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ ва бизнес мусоидат ба бунёди корхонаҳои нави хозиразамон, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, бо моли ватании хушсифат намудани бозори дохилӣ ва дар ин асос мустаҳкам намудани иқтидори молиявии давлат ва ҳар як шаҳрванд аст.

Вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати молиявӣ бисёртар бо сиёсати буҷетӣ таъмин карда мешавад, ки чабхаҳои асосии он инҳоянд:

а)        таъмини молиявии иҷрои вазифаҳои давлат;

б)        дастгирии молиявии устуворгардонии мамлакат;

в)        таъмини ягонагии молиявии ҷумҳурӣ;

г)         муҳайё намудани шароит барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ.

Сиёсати буҷетӣ сиёсати даромад ва хароҷоти буҷетҳои зинаҳои гуногун, идоракунии қарзи давлатӣ ва дороиҳои дав­латӣ, муносибати тарафайни байнибуҷетӣ ва низоми идораку­нии молияи давлатиро иҷро менамояд.

Муаммоҳои асосие ки вазъи ҷории низоми буҷетиро тавсиф медиҳанд дар инҳо таҷассум ёфтаанд:

-номувозинатии уҳдадорӣ ва захираҳо дар ҳамаи зинаҳои низоми буҷетӣ;

-ба таври кофӣ аниқ, набудани маҳдудияти ваколати буҷетҳои ҳамаи зинаҳо ва манбаи даромади онҳо;

-ниҳоят зиёд будани фишори қарзӣ;

-самаранок набудани қисми зиёди хароҷоти буҷетӣ;

-ба қадри зарурӣ самаранок набудани низоми идоракунӣ ва назорат дар низоми молияи давлатӣ.

Бо назардошти гуфтаҳои боло вазифаҳои стратегии сиёса­ти буҷетиро бояд чораҳои зерин ташкил намоянд:

а)        ба таври ҷиддӣ паст намудани хароҷоти нисбии фаъоли­яти давлат;

б)        барпо намудани низоми самараноки муносибатҳои байнибуҷетӣ;

в)        таъмини бекасрии буҷетҳои ҳамаи зинаҳо;

г)         танзими қарзҳои давлатӣ ва паст кардани гаронӣ ба иқтисодиёт;

д)        дар оянда васеъ гардонидан ва такмил додани низоми хизматрасонии хазинавӣ барои маблағҳои буҷетӣ ва монанди инҳо.

Сиёсати андози иқтисоди даври гузариш ба риояи қонунгузорӣ оид ба андоз ва пардохт аз тарафи мақомоти андоз ва андозсупорандагон равона карда шудааст. Агар то қабули Кодекси андоз (аз 01.01.1999) дар ҷумҳурӣ қариб 50 номгу андозҳои давлатӣ ва маҳаллӣ амал мекарданд, пас ҳоло онҳо дар 9-10 номгӯ муттаҳид карда шудаанд. Ҷихати мусбати сиёсати андози замони ҳозира дар он аст, ки миқдори андози иҷтимоӣ аз 37% то 25%-и музди меҳнат паст гардид, меъёрӣ ягонаи андоз аз фоида 15%-и фоидаи андозбандишаванда, андози даромад аз меҳнати кормандон 8% аз маблағи то 140 сомонӣ ва 13% аз музди меҳнати зиёда аз 140 сомонӣ муқарар карда шудааст. Дар баробари ин бояд қайд намуд ки гарчанде Кодекси андоз се маротиба (солҳои 1999, 2005, ва 2013) қабул шуда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ то ҳол низоми самараноки андоз ташаккул наёфтааст. Мисли пештара шумораи андозҳое, ки дар як вақт андо­зсупорандагон мепардозанд зиёданд, меъёрӣ аксарияти онҳо баланданд, шаффофияти низоми андоз барои андозсупоран­дагон дида намешавад, нақши андоз бевосита дар ҳавасмандгардонии афзоиши даромад ва ғункуниҳои субъектҳоӣ хоҷагидорӣ суст мебошад ва дигарҳо.

Мақсади стратегии сиёсати андози иқтисоди даври гузариш ҳам барои давлат ва ҳам барои андозсупорандагон бунёди низоми андози самаранок мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаҳои стратегии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ояндаи наздик бояд аз чораҳои зерин иборат бошанд:

-барпо намудани заминаи конунгузории ҳаматарафа инкишофдиҳандаи низоми андоз;

-бо мақсади ба вуҷуд овардани низоми самараноки андоз дар оянда давом додани ислоҳоти низоми андоз;

-аз нав дида баромадани имтиёзҳо аз андоз, боҷ ва пардох­тҳои амалкунанда;

-ҷорӣ намудани Реестри ягонаи андозсупорандагон;

-дар ҳолати вайрон кардани конунгузории андоз муқаррар намудани чораи ҷазодиҳии якнамуда ҳам барои андозсупоранда ва ҳам ҳам барои андозситонанда.

Дар шароити иқтисоди даври гузариш ва инкишофи му­носибатҳои бозорӣ дар сиёсати андоз метавонанд ҳар гуна му­носибатҳои нав ба вуҷуд оянд.

Сиёсати гумрукӣ ба ҳимояи бозори дохилӣ аз молҳои бесифати хориҷӣ, пешгирии қочоки молхое, ки содироту воридоташон манъ аст, инчунин иҷрои сиёсати хазинаи давлатӣ, пур кардани қисми даромади буҷет давлатӣ равона карда шудааст.

Дар шароити иқтисоди даври гузариш яке аз вазифаҳои стратегии сиёсати гумрукӣ ин дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (ВТО) буд, ки он амалӣ гашт ва ва­зифаи навбатии дар пеш истода ҳавасмандгардонии воридшавии иқтисодиёти Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии робитаҳои хоҷагӣ ва азнавсозии таркибии он мебошад.

Сиёсати пуливу қарзӣ дар замони гузариш ба муноси­батҳои бозорӣ хусусияти нави ҷиддӣ мегирад, ки асоситарини он гузаштан аз банақшагирии қарзӣ ва хазинавӣ ба тан­зими ҳаҷми муттаҳидаи пулӣ буда, вазифаҳои асосии солҳои наздик инҳо бояд бошанд:

-боздоштани бекурбшавии асъори миллӣ дар он сатҳе, ки шароити рушди иқтисодӣ таъмин мегардад, аз ҷумла паст кардани меъёрӣ фоизҳои қарзӣ бо назардошти ивазшавии омилҳои беруна ва дохилии рушди иқтисодиёт;

-идомаи корҳои такмили низоми пардохт, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи технологияҳои муосири бонкии шабакаи Интернетӣ ва васеъ на­мудани истифодаи кортҳои пардохтӣ;

-назорат оид ба таклифоти пулӣ тавассути муқаррар наму­дани ҳаҷми миқдори пулҳои мақсадноқ реҷаи «шинокунандаи» қурби асъор ва ғ.

Дар шароити иқтисоди давраи гузариш мақсади асосии сиёсати иҷтимоӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба меҳнат ва муз­ди кор, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш, пардохтӣ нафақа ва ёрдампулиҳо ва дигарҳо мебошанд.

Ба вазифаҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ чораҳои зерин дохил мешаванд:

-пайвастагии ёрии пулӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории соҳаҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби маблағҳои худӣ; -таҳияи механизмҳои ҷуброни даромади аҳолии камбизоат;

-индексатсияи нафақа ва даромадҳои шаҳрвандон;

-амалӣ гардонидани ислоҳоти нафақа, ки ташаккули низо­ми нафақаи бисёрзинагиро бо манбаҳои устувори маблағгузорӣ таъмин менамоянд;

-ба тартиб даровардани низоми имтиёзот ва кумакҳои иҷтимоӣ;

-танзими муҳоҷирати дохилии аҳолӣ.

Дар амалӣ гардонидани сиёсати молиявии Тоҷикистон имкониятҳои бозорӣ молиявӣ ва ҷоннок намудани фаъолия­ти сармоягузорӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Аз ин лиҳоз, бунёди ҳавасмандии иловагӣ барои ҷалби воситаҳои озоди хо­навода, институт ва фондҳои байналмилалии молиявӣ зарур аст. Дар баробари ин вазифаҳои асосии сиёсати сармоягузорӣ чораҳои зеринро бояд дарбар гиранд:

-баланд бардоштани буҷет ҳамчун манбаи таъминоти молиявии сармоягузории давлатӣ;

-ба вуҷуд овардани ҳавасмандии молиявӣ барои ҷалби мутташакили пасандозҳои аҳолӣ ва истифодаи онҳо барои сармоягузорӣ;

-рушди қарзҳои гаравнок;

-ҷалби сармоягузории хориҷии бевосита ва ғ.

Муносибатҳои молиявии байналмилалӣ дар замони иқтисоди давраи гузариш ҳамчун низоми ҷаҳонии (глобалии) му­носибатҳои пулӣ ифодакунапдаи ғайримустақили ҷараёнҳои пулӣ ва сармоявӣ дар хоҷагии ҷаҳонӣ буда, ҷойивазкунии озо­ди захираҳои гуногуни интелектуалӣ ва иқтисодиро дар байни давлатҳо таъмин менамояд. Самтҳои асосии он:

-идомаи воридшавии Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии мо­лиявӣ;

-бунёди шароит барои шинохтани Тоҷикистон ҳамчун давлати иқтисоди бозорӣ дошта;

-мустахкам намудани нуфузи Тоҷикистон дар хазинаи бай­налмилалии асъор, Бонки ҷаҳонии таҷдид ва рушд, таш­килотҳо ва бонкҳои дигари ҷаҳон;

-баланд бардоштани қурби асъори миллӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ;

-густариши ҳамкориҳои молиявӣ бо мамлакатҳои ҳам хориҷи наздик ва ҳам хориҷи дур ва ғ.

Сиёсати молиявии давлат дар шароити иктисоди давраи гузариш, сиёсати молиявии ИЧШС, сиёсати молиявии Точикистон

ҚаблӣСиёсати молиявӣ дар замони Тоҷикистони Шуравӣ
БаъдӣМоҳият ва усулҳои идоракунии молиявӣ