Зиндагиномаи Асадии Туси

Асадии Тӯсӣ (1010 – 1072/73). Асадии Тӯсӣ аз нахустин шоирони форсигӯест, ки дар пайравии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ маснавии «Гаршоспнома»-ро навиштааст ва дар даврае, ки андешаи «ҳар куҷо бошад «Шифо», “Шаҳнома”, гӯ, ҳаргиз мабош!» торафт бештар паҳн мешуд, суннати ҳамосасароиро зинда нигоҳ доштааст. Ба ин обу ҳавои Тӯс, фазои фарҳангӣ ва сиёсии он, чунонки дар вақташ ба Дақиқии Тӯсӣ ва Фирдавсии Тӯсӣ мадад намуда буд, мусоидат кардааст. Вай дар зодгоҳаш дар даврони ҳукмронони маҳаллии Хуросон, ки суннатҳои пешини хешро пос медоштанд ва ба хонадонҳои навбаромади туркнажод, аз ҷумла Ғазнавиён нафрат доштанд, зиндагӣ ба сар бурдааст ва тавре ки аз асарҳояш, аз ҷумла маснавии «Гаршоспнома» ва қасидаҳои мунозирааш бармеояд, аз аҳли шуубия буд. Ва маҳз пайрави шуубия буданаш ӯро маҷбур мекунад, ки ҳангоми зери тасарруфи Ғазнавиён даромадани зодгоҳаш ба Ғарби Эрон – Озарбойҷон биравад ва дар дарбори ҳокими Нахҷавон Абӯдулафи Дайронӣ, ки ақидаи шуубия дошт, ба хидмат дарояд.

Аз рӯйи гуфтаи шоир, ду нафар соҳибмансаби дарбори амири номбурда ӯро ба наздашон даъват мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки вай монанди ҳамшаҳри бузургаш Фирдавсӣ яке аз достонҳо аз номаи бостонро ба шеър орад барои шоҳи Нахҷавон, ки қадрдони онҳост ва қадрдони заҳмати шоирон. Муаллиф суҳбаташ бо он ду меҳтарро чунин баён доштааст:

Зи ҳар гуна роҳе фиканданд бун,
Пас он гаҳ кушоданд банди сухун,

Ки Фирдавсии Тӯсии покмағз
Бидодаст доди суханҳои нағз,

Ба «Шаҳнома» гетӣ биёростаст,
Бад-он нома номи наку хостаст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ту ҳамшаҳрӣ ӯрову ҳампешаӣ,
Ҳам андар сухан чобукандешаӣ,

Бад-он ҳамраҳ аз номаи бостон
Ба шеър ор хуррам яке достон…

Ту з-ин достон ганҷе андар ҷаҳон
Бимонӣ, ки ҳаргиз нагардад ниҳон.

Зи кас ёди ин ганҷ бар дил маёр,
Ҷуз аз шоҳи арронии шаҳёр…

Ки то ҷойгаҳ ёфтӣ Нахҷавон,
Бад-ин шоҳ шуд бахти пират ҷавон.

Асадии Тӯсӣ худ эътироф намудааст, ки аз кирдори Гаршосп дар гузашта «яке номае буд ёдгор». Тахмин меравад, ки ӯ дар таълифи маснавиаш ба сифати сарчашма аз «Гаршоспнома» -и мансури Абулмуайяди Балхӣ ва китобе бо номи «Китоби Гаршоспнома» ё «Ахбори Гаршоспнома» истифода намудааст.

Муаллифи маснавии «Гаршоспнома» бо он ифтихор дорад, ки ӯ кореро мекунад, ки Фирдавсии нағзгӯй онро анҷом надода буд:

Ба «Шаҳнома» Фирдавсии нағзгӯй
Бас аз пеши гӯяндагон бурд гӯй.

Басе ёди разми ялон карда буд,
Аз ин достон ёд н-оварда буд.

Ниҳоле буд ин руста ҳам з-он дарахт,
Шуда хушку бебору пажмурда сахт.

Ман акнун зи табъам баҳор оварам,
Мар ин шохи навро ба бор оварам.

Гузашта аз ин Асадии Тӯсӣ қаҳрамони худ – Гаршоспро аз Рус там, ки чеҳраи адабии калидии «Шоҳнома»-и Фирдавсист, боло мегузорад ва мегӯяд:

Зи Рустам сухан чанд хоҳӣ шунуд,
Гумонӣ, ки чун ӯ ба мардӣ набуд?!

Агар разми Гаршосп ёд оварӣ,
Ҳама разми Рустам ба бод оварӣ.

Ҳамон буд Рустам, ки деви нажанд
Бибурдаш ба абру ба дарё фиканд.

Сутӯҳ шуд зи Ҳумон ба гурзи гарон
Задаш даштбоне ба Мозандарон,

Забун кард Исфандёри далер,
Ба куштиш овард Суҳроб зер.

Сипаҳдор Гаршосп то зинда буд,
Накардаш забун кас, на афканда буд.

Ба Ҳинду ба Руму ба Чин аз набард
Бикард, он чи Дастону Рустам накард.

Ҳол он ки ин ҳама «нотавониҳо»-и Рустам ва «тавоноиҳо»-и Гаршосп дар асл на аз бартариҳои қаҳрамони Асадии Тӯсӣ бар қаҳрамони Фирдавсӣ, балки аз нақси умдаи он ба шумор меравад. Рустам дар тасвири муаллифи «Шоҳнома» бо он ки ҷаҳонпаҳлавони бемислу монанд аст, дар айни замон мисли як одами хокӣ гоҳе мегиряду гаҳе механдад, дар ҷангҳояш бо девону душманон гоҳе даст боло мегардаду гаҳе зери даст, гаҳе зинсавор асту гаҳе зинбапушт. Ва маҳз бо ҳамин сифатҳояш ба дили хонандагон ва алоқамандонаш ҷой гирифтааст ва ҳама дар орзуи дидори ӯ мебошанд ва мехоҳанд, ки Рустам бошанд. Вале Гаршосп дар тасвири Асадии Тӯсӣ як нафарест, ки аз одами зинда ва воқеӣ бештар ба як ҷисми беҷон монандӣ дорад. Ҳамаро бо осонӣ ва содагӣ, бе ҳеч мушкилӣ мағлуб мегардонад.

Асадии Тӯсӣ дар баёни чеҳраи қаҳрамонаш ва корнамоиҳои ӯ, чунонки ба маснавиҳои ҳамосӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хос аст, аз муболиға фаровон истифода намудааст. Вале ӯ дар он ҳеч ҳаддеро риоя накардааст, муболиғаро ҳамеша аз иғроқ гузаронида, ба ғулув расонидааст. Барои намуна аз «Гаршоспнома» пораеро меорем, ки дар он аз ҷанги Гаршосп бо чаҳор бабри жаён сухан меравад:

Биғуррид чун тундар андар баҳор,
Ба кин рӯй бинҳод бар ҳар чаҳор.

Ба пеш андаромад яке тунд бабр,
Ҷаҳон чун дурахшу хурӯшон чу абр.

Ду чашмаш зи кин чашмаи хун шуда,
Зи дунбол гардаш ба ҳомун шуда.

Сари чанг чун суфти алмоси тез,
Чу сӯзан ҳама мӯйи пушт аз ситез.

Хамонида дум чун камоне зи қир,
Ҳама нӯги дандон чу пайкони тир.

Дарафганда бонгаш ба ҳомун мағок,
Зи кафкаш чу қатрон шуда рӯйи хок.

Зи дандон ҳамерехт оташ ба ҷанг,
Зи хоро ҳамекард сӯҳон ба чанг.

Ба як панҷа рони таковар бибурд,
Бизад бар замин, гарданаш кард хурд.

Яке гурз зад паҳлавон бар сараш,
Ки зери замин бурд ними бараш.

Ба дигар шуду зад-ш захме дурушт,
Чунон ка-ш зи сина бурун бурд пушт.

Севум бабр тез андаромад ба хашм,
Зи бас хашм чун лола бикшод чашм.

Ба дасте гирифташ қафо ялфиган,
Ба дасте кашидаш забон аз даҳан.

Ба зери лагад пок мағзаш бирехт,
Чаҳорум давон сӯйи беша гурехт.

Бияндохт гурз аз пасаш паҳлавон,
Шикасташ ду пою бару паҳлувон.

Гаршосп агарчи аз ҷиҳати ҷисм ва зӯри бозу ба ҷаҳонпаҳлавон Рустам шабоҳат дорад ва аз тухмаи Ҷамшед ва авлоди Рустам буд, ботинан ба камтарин пояҳои ӯ намерасад. Барои Рустам болотар аз меҳри Эрон ва ҳимояти он аз душманонаш рисолате нест. Аммо Гаршосп душмани муайяну мушаххас надорад. Ӯро ба муқобили ҳар чӣ ва ҳар кие, ки равона накунанд, ба ҷанг медарояд. Ягона қасди ӯ нишон додани зӯри бозуяш, говзӯрӣ мебошад ва беҳуда нест, ки гуфтааст:

Маро Эзад аз баҳри ҷанг офарид,
Чӣ поям, ки ҷанг омад акнун падид.

Заҳҳок, ки душмани ҷонии тухмаи Гаршосп буд, ӯро ба ҷанги зидди аждаҳои кӯҳи Шикованд, бабри жаён, хусрави ҳиндувон мефиристад. Ҳол он ки Рустам дар «Шоҳнома» ҳамеша бар зидди қувваҳои бадӣ, аҳриманӣ ва онҳое ҷангидааст, ки душманони кишвараш – Эрон буданд, ба он ҳамла овардаанд ва ё бар зиддаш ҷанг эълон намудаанд.

Дар чеҳраи Гаршосп ва муҳтавои маснавии Асадии Тӯсӣ дигаргуниҳои сиёсӣ ва адабию фарҳангие, ки пас аз суқути давлати Сомониён ба вуҷуд омадаанд, монанди заифии хонадонҳои маҳаллии эронӣ ва ба сари қудрат омадани хонадонҳои туркнажод, шоҳномаситезиҳо, рӯ ба гуфтани шеъри хирад: ирфонӣ, динӣ ва фалсафӣ овардани шоирони форсигӯй дар нимаи дувуми асри XI ва XII таъсири худро гузоштааст. Бесабаб нест, ки як бахши муҳимми «Гаршоспнома» ба баёни саёҳати Гаршосп ба гирди Ҳиндустон, ба ҷазираи Бартоил (Сарандеб) ва аҷоибу ғароибе, ки дар он ҷойҳо мебинад, ба гуфтугӯҳои ӯ бо бараҳмани ҳиндии нуҳсадсола дар кӯҳи Деҳу бахшида шудааст.

Муаллифи «Гаршоспнома» аз забони пири хирад – бараҳмани ҳиндӣ баҳси тану равонро ба миён гузоштааст ва гуфтааст:

Равон ҳаст зиндонии мустаманд,
Тан ӯро чу зиндон, табоеъ чу банд.

Чунон аст парвардан аз ноз тан,
Ки девори зиндон қавӣ доштан.

Чӣ бояд кашид ин ҳама ранҷу бок
Ба чизе, ки гавҳар-ш як мушти хок?

Чӣ меҳр афганӣ бар тану ин ҷаҳон,
Ки бо ту на ин монд хоҳад, на он?!

Равонро (рӯҳ) бар тан (ҷисм, нафс) бартар гузоштан аз мавзӯъҳои аслии илми фалсафаи он замон (Шаҳиди Балхӣ, Ибни Сино ва дигарон) ва яке аз рукнҳои таълимоти сӯфиён буд. Асадӣ бо бозгӯйи достони «Гаршосп» дар асоси сарчашмаҳои қадимӣ зимнан ишора ба яке аз манбаъҳои ҳиндии он низ намудааст. Дар он замонҳо гузаштагони мо барои баҳра бардоштан маъмулан ба Ҳиндустон рӯ меовардаанд, чунонки китоби «Калила ва Димна»ро аз он ҷо оварда буданд ва онро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба назм гардонда буд.

Дар маснавии «Гаршоспнома» ба хираду дониш диққати бештар додани Асадии Тӯсӣ, пеш аз ҳама, далели идомаи суннати хирадгароии соҳиби «Шоҳнома» бошад, аз тарафи дигар, сабаби дигар шудани завқи адабии муосиронаш ва таваҷҷуҳи онҳо ба шеъри хирад, панду ҳикмат ва ирфонӣ мебошад. Муаллиф арзиши маснавиашро дар он дидааст, ки дар он аз ҳар донише овардааст:

Чунин номае сохтам пуршигифт,
Ки ҳар донише зӯ тавон баргирифт.

Мусаллам аст, ки Асадии Тӯсӣ бо эҷоди «Гаршоспнома» бар пояи Фирдавсии Тӯсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ нарасидааст, на аз ҷиҳати лафзу на аз ҷиҳати маънӣ. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки муаллифи «Гаршоспнома» дар ҳунари шоирӣ коре накарда, ки шоистаи арзиш бошад. Бидуни шубҳа, Асадии Тӯсӣ аз шоирони тавоност ва бо зинда нигоҳ доштани суннати ҳамосасароӣ дар пешрафти адабиёт ва забони форсии тоҷикӣ хидмати сазоворе кардааст.

Хидмати дигаре, ки Асадии Тӯсӣ кардааст, таълифи куҳнатарин луғати тафсирии забони форсии тоҷикӣ «Луғати фурс» мебошад. Маҳз ба шарофати ин луғат осори бисёре аз шоирони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ боқӣ мондаанд.

Дар байни панҷ қасидаи мунозирае, ки Асадии Тӯсӣ навиштааст, монанди «Замину осмон» , «Найзаву камон», «Шабу рӯз», «Габру мусулмон» ва «Арабу Аҷам» охирӣ арзиши хосса дорад. Дар он шуубӣ будани муаллиф ва дорои ифтихороти миллии эронӣ будани ӯ баён гардидааст. Бинобар гуфтаи муаллиф:

Рӯзе ману ҷавқе араби ҷалду сухандон
Будем ба базми меҳе аз май хушу шодон.
Мо дасти тараб бурда ба ҳар дӯстию лаҳв,
Хунёгари мо дасти наво бурдаву дастон.
Бас фазли Аҷам в-они Араб рафт ба мастӣ,
Ман майли Аҷам кардаму майли Араб эшон.

Арабе барошуфт ва гуфт, ки Аҷам чист, ки ба фахри аҳли Араб расад? Зеро Араб дар асл аз Қурайш асту дар бахшишу фазл чу Банӣ Ҳошиму Ғатфон, дар фасоҳат чу Шайбаи Имрон, Зайду Лақату Узраву Саҳбон, дар шеър чу Абишису Ҷариру Мутанаббӣ, Буҳтарию Даъбалу Ахталу Ҳассон, дар илм чу Ҷину Аҳнаф, дар саховат чу Ҳотам, дар доноӣ чу Сотеҳу Нуъмон, дар макр чу Бин Маъдиву Бин Ос, дар саф чу Алии Асаду Мурраву Марвон, дар пайғамбарӣ чу Муҳаммад касоне дорад. Оё мисли араб ба аслу насаб кист? Аз араб қавитар гурӯҳе дар ҳама сахтӣ, бовафотар дар ҳама паймон, зарфишондатар дар гаҳи маҷлис, пойфишорандатар дар гаҳи майдон, ба нигоҳ доштани ҳақ, ба лутф кардани меҳмон касе нест. Найза, теғи яманӣ, аспони тозӣ, шутурони асил аз мост. Забони араб беҳтар аст ва як номро ба сесад ранг ном мебарад.

Араб дар ниҳоят хитоб мекунад, ки:

Бурҳони ман афъоли Араб чанд намудам,
Бинмой ту бурҳоне аз афъоли Аҷам, ҳон!

Посухи Аҷамро дар асл меорем, ки басо омӯзанда мебошад:

Гуфтамш чу девоне басе гуфтию акнун
Посух шунав, эй буда чу девони биёбон…
Шаҳ заҳли Аҷам буд чу Каюмарсу чу Ҳушанг,
Чун Ҷам, ки даду деву парӣ будш ба фармон.
Чун Нарсию Баҳром, чу Парвизу чу Сосон.
Чун Кисро, ковард бар ӯ фахр Муҳаммад,
Чун Ҳурмузи воло, ки ситад бож зи Хоқон.
Гурдон чу Наримону чу Соми ялу Гаршосп,
Чун Бежану Геву ҳунари Рустами Дастон.
Дар дониши тиб хира чу Ибни Закариё,
Дар ҳукми фалак ҷалд чу Ҷомоспи сухандон.
Шоир чу гузин Рӯдакӣ, он каш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дару девон.
Чун Унсурию Асҷадию шуҳра Кисоӣ
Вонон, ки зи Балху ҳади Тӯсу Раю Гургон.

Сипас Аҷам ёд аз он меорад, ки дар забони Қуръон лафзи форсӣ ҳаст, монанди «сангу гил» дар шакли «сиҷҷил», «найза» дар шакли «найзаи фурсон», «шаккар» – «ширшакар», «мушк» – «миск» ва ғ. Ва зимнан таъкид мекунад, ки аҷамиён ҳар сунъи арабиёнро медонанд, вале арабиён дар ҳар сунъи аҷамиён оҷизу ҳайрон мебошанд.

Аҷам ҳамчунин зикр мекунад, ки кони шабаву маъдану пирӯза, зару симу гуҳару лаъли Бадахшон, меваҳои хуши рангбаранге, ки монандашон дар ризвон (ҷаннат) набошад, дусад рӯд мисли тӯфон хурӯшон, боди сабо бо бӯйи хуши гул ба ҷойи боди самуми (гармсери) бо тафи шум, хоре, ки аз вай асал ояд ба ҷои хори шумо, ки заҳр барояд, аз мост. Хуршед, ки аз Хуросон нахустин ҳар рӯз мебарояд, аввал ба Аҷам нур меафканаду пас он гаҳ ба Шумо. Хӯрду либосу амволи Аҷам низ нектар аз Араб аст. Агар маъвои Араб хору хаймаву талу рег аст, маъвогаҳи Аҷам гунбадаву гулшану айвон аст.

Мунозираи «Арабу Аҷам» -ро Асадии Тӯсӣ бо муросову мудоро ба охир расондааст ва гуфтааст, ки он чи гуфта шуд, ҳама аз чизҳои дунявӣ буд, аммо охират муҳимтар аз он ҳама аст. Фармони шариат ҳам бар Араб ва ҳам бар Аҷам якест, зеро муъминон чу бародарон ҳастанду дар ҳашр на амволу асбобу амлок ба бар ояд, балки амали некуву имон.

Омезиши андешаҳои шуубигарӣ бо талаботи шариати исломӣ низ аз воқеиятҳои даври Асадии Тӯсӣ буд ва гувоҳи мусулмон будани ӯст, мусулмоне, ки на танҳо ифтихороти миллии хешро фаромӯш накардааст, балки азиз ва зинда нигоҳ медорад.

ҚаблӣАдабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи дувуми асри XI ва асри XII (11-12)
БаъдӣЗиндагиномаи Амир Унсурулмаолии Кайковус