АҲЛИ САОДАТ (насихат)

Шуд далели некбахтон чор чиз,

Ҳар кӣ ин чораш бувад, бошад азиз.

Асли пок омад далели некбахт,

Нест бад асли сазои тоҷу тахт.

Некбахтонро бувад рои савоб,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Он кӣ бадрой аст, бошад дар азоб.

Ҳар кӣ эмин аз азоби ҳақ бувад,

Нест мӯмин, кофари мутлақ бувад.

Умри дунё чанд рӯзе беш нест,

Ғофил аст он кас, ки пешандеш нест.

Тарки лаззоти ҷаҳон бояд гирифт,

Домани соҳибдилон бояд гирифт.

Дар паи лаззоти нафсонӣ мабош,

Дӯстдори олами фонӣ мабош!

Нест ҳосил ранҷи дунё бурданат,

Оқибат чун мебибояд мурданат.

Аз танат чун ҷон равон хоҳад шудан,

Хок андар устухон хоҳад шудан.

Мар туро аз додани ҷон чора нест,

Раҳ з-анат ҷуз нафас аммора нест.


Аз “Панднома”-и Аттор


насихат, панду насихат, панду андарз
ҚаблӣТоқӣ (токии точики)
БаъдӣИбораҳои “There is” ва “There are” дар забони англисӣ