Сиёсати молиявӣ дар замони Тоҷикистони Шуравӣ

Назария ва таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намуданд, ки мавҷудияти молия ҳамчун категорияи арзишӣ бо муносибатҳои моливу пулӣ ва қонунҳои иқтисодии ба онҳо хос ва инчунин фаъолият намудани давлат ҳамчун сохтори ягонаи идоракунии ҷамъият вобаста мебошад.

Пайдоиш ва ташаккули сиёсати молиявии давлатӣ оид ба ташаккул ва истифодаи хазинаи давлатӣ аз Рими Қадим cap карда, то миёнаи асри XX ба ҷорӣ намудан ва ситонидани андозҳои мустақим ва ғайри мустақими натуралӣ ва пулӣ ра­вона карда шуда буд.

Аз давлатдории Сомониён cap карда то таназзули Аморати Бухоро сиёсати молиявӣ бо шарти аввалини таъминоти молиявии талаботи ҷангҳои зуд-зуд бавуҷудоянда, сохтмони қacp (ибодатхона)-ҳо, идоракунӣ, чорабиниҳои мустаҳкамкунӣ ва ғайраҳо равона шуда буд.

Дар натиҷаи ба вуҷуд омадани низоми хоҷагии сотсиалистӣ, ҷудо шудани низоми ҷаҳонӣ ба ду лагер сотсиалистӣ ва капиталистӣ мувофиқан дар сиёсати молиявии давлатӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд.

Тоҷикистони ҳозира соли 1924 дар шакли ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Узбекистон, соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии Шуравии сотсиа­листӣ дар ҳайати иттиходи Шуравӣ ба вуҷуд омад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар шароити банақшагирии муттамарказонидашуда ва идоракунии маъмуриву ҳукмфармоии шуравӣ ҷараёни иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати молиявии дар ҷумҳурӣ бурда мешуда қисми таркибии сиёсати молиявии дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ умуман амалишавандаро ташкил менамуд. Бинобар ин мақсади асосии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва хоҷаги­дорӣ оид ба сиёсати молиявӣ барои роҳнамоӣ қабул ва иҷрои сиёсати молиявии ба таври муттамарказ қабулшаванда ва бо назардошти хусусиятҳои хоси ҷумҳурӣ таҳия намудани сиёса­ти молиявии хеш иборат буд. Ибтидои эълонгардии Тоҷики­стон ҳамчун ҷумҳурии миллии худмухтор бо гузаштани мамлакат ба сиёсати нави иқтисодӣ (СНИ) рост омад. Ин маънои ҷараёни ғайримарказонии алоқаҳои хоҷагидорӣ, гузаштан ба истифодаи васеъи муносибатҳои моливу пулӣ ба нафъи сохтмо­ни сотсиалистӣ, вусъат додани алоқаҳои молиявию қарзӣ дар тамоми хоҷагии халқро дошт.

Дар ин шароит вақте андози хурокворӣ нисбат ба тақсимоти хурока паст мегардид деҳқонон имконият пайдо намуданд, ки баъди ҳисоббаробаркунӣ бо давлат маҳсулоти барзиёди худро озодона фурушанд ва молҳои саноатӣ ё дигар маҳсулот харанд. Барои савдои озод ва ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодии байни шаҳру деҳот шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Лекин савдои озод бо ҷоннокшавии муваққатии савдои хусусӣ ва соҳибкории хурди хусусӣ вобаста буд. Дар ин шароит вази­фаи рушди ҳаматарафаи саноати сотсиалистӣ, савдои давлатӣ ва кооперативӣ ва дар ин асос бурдани сиёсати маҳдудсозии рукнҳои капитализми хусусӣ ба миён омад. Сиёсати молиявии он давра ба азхуд кардани муносибатҳои бозорӣ ва назорати он дар асосӣ вусъат додани гардиши мол ва ба вуҷуд овардани асъори устувор нигаронида шуда буд. Мувофиқан, сиёсати молиявӣ нақши муҳимро дар амалӣ гардонидани сиёсати нави иқтисодӣ мебозид.

Нақши муҳимро дар амалигардии сиёсати нави иқтисодӣ сиёсати андоз низ мебозид. Аҳамияти муҳими сиёсати андоз на танҳо дар он буд ки бо ёрии он ба буҷет ворид гардидани воситаҳои зиёд таъмин карда мешуд, балки боз он буд, ки он ҳамчун аслиҳаи танзимии ғункунӣ дар бахшҳои майдамолӣ ва капитализми хусусӣ хизмат менамуд.

Халқи Тоҷикистон чун ҳамаи мардуми шуравӣ дар даври гузариш аз капитализм ба сотсиализм дар як вақт ҳам бо душманони дохилии инқилоб (аз ҷумла боссмачиён) мубориза мебурд ва ҳам иҷрои сиёсати давлатиро оид ба индустриякунонии мамлакат, коллективкунонии хоҷагии кишлоқ чорабиниҳои фарҳангию маишӣ ва ғайраҳоро таъмин менамуд. Дар ин шароит сиёсати молиявӣ барои таъминоги молиявии эҳтиёҷоти идустриякунонӣ ва коллективкунонии хоҷагии кишлок равона гардида буд. Дигаргунсозиҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои ҷиддиро дар сиёсати молиявии давлат талаб менамуд.

Дар ҷумҳурии тозабунёди шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар охирҳои соли 1929 дар натиҷаи муваффақиятҳои ба дастоварда дар индустриякунонии мамлакат, коллективонии хоҷагии қишлок имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд, ки зарурияти гузаронидани ислоҳоти молиявиро та­лаб мекарданд. Асос барои ислоҳоти қарзӣ ва молиявӣ қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болъшевикии) умумиттифоқӣ (КМ ХК(б)У) аз 5 декабри соли 1929 «Дар бораи азнавсозии идоракунии саноат» гардид, ки ба мукаммалсозӣ ва руш­ди ҳисоби хоҷагӣ дар хоҷагии халқи! ИЧШС равона шуда буд.

Дар натиҷаи ислоҳоти қарзии солҳои 1930-1932 қарздиҳии бевоситаи бонкӣ муқаррар карда шуд. Дар баробари бонкӣ давлатӣ чор бонкӣ махсуси маблағгузории дарозмуддат:

  • Промбанк бонки маблағгузории сохтмони асосии сано­ат ва хоҷагии барқ;
  • Всекобанк бонки маблағгузории сохтмони асосии кооператсия;
  • Селхозбанк бонки маблағгузории хоҷагии қишлоқи сот­сиалистӣ;
  • Цекимбанк бонки маблағгузории хоҷагии комуналӣ ва манзил таъсис дода шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти андоз дар соли 1930 сиёсати андоз ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Аз ҷумла, агар то ислоҳот даромади буҷети давлатӣ аз хоҷагиҳои сотсиалистӣ аз ҳисоби 58 намуди гуногуни пардохтҳо ташаккул меёфт, пас, баъди ислоҳот низоми душабакавии ситонидапи пардохтҳо ба буҷет ҷорӣ гардид:

  • андоз аз гардиш, ки 53 номгӯи пардохтҳоро дар худ муттаҳид менамуд;
  • андоз аз фоида, ки аз 5 номгӯи пардохтҳо, аз ҷумла андози даромад иборат буд.

Дар ин шароит сиёсати молиявии давлат ба он равона шуда буд, ки ҳамбастагии ду шакли пардохт ба буҷет андоз аз гардиш ва ҳиссаҷудокунӣ аз фоида (дар ҳолати ҷой доштани нархҳои давлатии молҳо (корҳо, хизматрасонӣ)) барои тан­зими даромаднокии корхона ва ташкилотҳо истифода бурда шаванд, ҳавасмандии онҳоро дар паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва ҳамзамон ташаккули даромади буҷети давлатиро таъмин намоянд.

Сиёсати молиявии давлат агар дар солҳои панҷсолаи якум пеш аз ҳама барои таъмини молиявии эҳтиёчоти давлат барои индустриякунонӣ ва коллективикунонии хоҷагии қишлоқ равона шуда бошад пас панҷсолаҳои баъдинаи тоҷангӣ, хусусан дар шароити ғалабаи комили сотсиализм барои мустаҳкам намудани вазъи молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ, азнавтаҷҳизонии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар асосӣ техника ва технологияи пешқадам ва дар маҷмӯъ таъмини барпои буҷети давлатии пурзуро нигаронида шуда буд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ санҷиши сахт барои давлатӣ Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, иқтисодиёт ва молияи он гардид. Аз рӯи маълумотҳои эътимодноки оморӣ аз 1 июли соли 1941 то 1 январи соли 1946 маблағи умумии хароҷоти буҷет ба­рои нигоҳдории артиш ва флот зиёда аз 55,1 млрд. рубл ё зиёда аз нисфи ҳамаи даромади буҷети давлатиро дар ин солҳо ташкил намуданд. Аз рузҳои якуми ҷанг иқтисодиёти мамлакат, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба мувофиқаи (омодагии) ҷангӣ оварда шуда буд. Дар ин шароит сиёсати молиявӣ барои дарёфт на­мудани захираҳои молиявӣ барои эҳтиёчоти ҷанг ва ҳамзамон таъмин намудани ҳавасмандии меҳнати дар ақибгох равона шуда буд.

Андозҳо ва пардохтҳои ихтиёрии аҳолӣ дар мустаҳкамкунии буҷет ва молиякунии хароҷот, ки ҷанг талаб мекард, нақши асосиро бозиданд.

Ба туфайли сиёсати молиявии моҳирона давлат тавонист воситаҳоро на танҳо ба эҳтиёҷоти ҷанг ва васеъкунии истеҳсолоти ҷангӣ, балки барои эҳтиёҷоти сохтмони хоҷагӣ ва фархангӣ низ истифода намояд. Дар солҳои 1941-1945 хароҷоти буҷети давлатӣ барои маблағгузории эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ва чорабиниҳои фарҳангию маишӣ қариб 40% ҳамаи хароҷоти буҷетро дар ин солҳо ташкил намуданд. Мисоли равшани сиёсати молиявии хирадмандона дар солҳои ҷанг дар он буд ки барқароркунии хоҷагии халқ дарҳол баъди озод намудани нохияҳои забтгардида, ташкил карда мешуд. Бояд қайд намуд ки чунин ҳақиқати дар як вақт гузаронидани амалиётҳои ҳуҷуми ҳарбӣ бузургтарин ва корҳои барқароркуниро дар чунин андозаи муҳташам таърих намедонист.

Нақши сиёсати молиявӣ дар барқароркунӣ ва тарраққиёти хоҷагии халқ дар солҳои баъдиҷангӣ бузург аст. Чорабиниҳои асоситарин оид ба бархамдиҳии оқибатҳои ҷанг, афзоиши баъдинаи хоҷагии халқ ва мустаҳкамгардонии молияи шуравӣ асоситаринаш инҳо мебошанд:

  • ислоҳоти пулии соли 1947;
  • конверсияи (иваз намудани) ҳамаи вомбаргҳои давлатии солҳои қаблӣ баровардашуда ба як вомбарги 2 фоизаи соли 1948 ба муҳлати 20 сол;
  • конверсияи (иваз намудани) вомбарги озодона фурухташавандаи соли 1938 (маъмул бо номи «вомбарги тиллоӣ») ба вомбарги 3 фоизаи бурдноки дохилии намунаи соли 1947;
  • конвертасияи (иваз намудани) қурби рубл аз доллар ба тилло, ки 1як рубли шуравӣ ба 0,222168 г. тиллои тоза ба­робар гардид;
  • ислоҳоти нархҳои яклухти солҳои 1949-1950;
  • аз 1 январи соли 1946 бекор карда шудани ситонидани ан­дози ҳарбӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо аз якчанд намуди андозҳо аз аҳолӣ.

Дар солхи панҷсолаи панҷум ва шашум (солҳои 1951-1960) тараққиёти ҳамаи қисматҳои низоми молиявии мамлакат, пурзур намудани нақши онҳо дар сохтмони сотсиалистӣ идома ёфт. Вазни хоси ҳамаи намудҳои воридот аз хоҷагии сотсиалистӣ дар қисми даромади буҷет аз 83,7 % то соли 1950 то 91% дар соли 1960 афзуд. Дар соли 1953 ислоҳоти андози хоҷагии кишлоқ бо рохи гузаштан ба андозситонӣ бо меъёри мутлақ аз ҳар як 0,01 га замин гузаронида шуд. Дар моҳи майи соли 1960 Қонун дар бораи давра ба давра бекор кардани андозҳо аз музди меҳнати коргарон ва хизматчиён қабул карда шуд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии ин давра дар соли 1955 муқаррар намудани қоидаи ягонаи маблағгузории сармоягузорӣ барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар соли 1959 аз нав ташкилдиҳии бонки саноати ИҶШС ба Бонки сохтмони ИҶШС ва ҳамзамон барҳамдиҳии бонки маблағгузории дарозмуддати хоҷагии қишлоқ (Селхозбанк) ва бонки маблағгузории хоҷагии комуналӣ ва манзил (Цекимбанк) мебошанд.

Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои хоҷагии халқ сиёсати молиявие ба миён омад, ки ба баланд бардоштани нақши ҷумҳуриҳои иттиҳод ва ҳокимияти мақомоти маҳаллӣ дар идоракунии иқтисодиёт равона карда шуда буд. Вазни хоси буҷетҳои ҷумҳуриҳои иттиҳод дар ҳаҷми умумии буҷети дав­латии ИҶШС аз 21,9% дар соли 1951 то ба 58,8% дар соли 1960 афзуд. Ин гуна дигаргуниро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷики­стон мушоҳида кардан мумкин буд. Агар то инқилоби сотсиалистӣ иқтисодиёти Тоҷикистонро хоҷагии қишлоқи қафомонда, саноати дастӣ ва касбӣ, савдои сусттараққикарда муаррифӣ мекард, пас бо шарофати роҳи интихобкардаи ба нақшагирии стратеги ва сиёсати дурусти молиявии ҳукумат дар ҷумҳурӣ марказҳои индустриалии Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Қайрокум, Конибодом, Курғон-Теппа, Кулоб, Ваҳдат бо корхонаҳои саноатии ҳозиразамон бунёд гардиданд. Бо мақсади барҳам додани қафомоноии садсолаҳои хоҷагӣ, сиёсӣ, фархангӣ дар солҳои 1925-1963 аз тарафи субъектҳои хоҷаги­дорӣ ба маблағи қариб 2,4 млрд. рубли шуравӣ сармоягузорӣ карда шуд. Дар натиҷа дар солҳои 50-уми асри гузашта НОБ-и Қайрокум, навбати якум и НОБ-и Сарбанд дар дарёи Вахш, НОБ-и Варзоб, Маркази гармию барқии ш. Душанбе ва кор­хонаҳои зиёди истеъмолкунандаи қувваи барқ шаҳру деҳот ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар аввали соли 1964 (чилсолагии ҷумҳурӣ) дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ 13,6 ҳазор трактор, 1087 комбайнҳои ғалла дарав, 1020 мошинҳои пахтачинӣ, 8794 автомобилҳои боркашонӣ ва қисми зиёди техникаи дигари хоҷагии қишлок мавҷуд буданд. Танҳо дар як соли 1964 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 540 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуда буд, ки он назар ба соли 1913 қариб 17 маротиба, нисбат ба соли 1940 3 маротиба, нисбат ба соли 1953 -1,4 маротиба зиёд буд. Дар панҷсолаҳои баъдиҷангӣ соҳаҳои нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, инчунин соҳаи иҷтимоӣ бо суръати тез тараққӣ мекарданд. Сиёсати молиявии солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-ум барои мустаҳкамгардонии тавоноии иқтисоди ҷумҳурӣ, ба баландбардории дараҷаи некуаҳволии халқ равона шуда буд.

Афзоиши устувории рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба афзоиши мунтазами даромади буҷети давлатӣ, муъофиқан хароҷоти он рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин намуд. Аз ҷумла, даромади буҷети давлатӣ аз 58,4 млн. суми соли 1940 то ба 111,2 млн. сум дар соли 1950 ва то 340,3 млн сум дар соли 1962 расид. Дар солҳои нишондодашуда, хароҷоти буҷети давлатии ҷумҳурӣ мувофиқан 56,7, 105,2, ва 337,7 млн сумро ташкил доданд. Дар ин ҷо сарчашмаи асосии ташкили даромади буҷети давлатиро воридот аз корхонаву ташкилотҳо ташкил намуданд. хароҷоти буҷетро асосан маблағгузории хоҷагии халқ ва чорабиниҳои маданӣ маишӣ, дар соли 1940   77,6% дар соли 1950   86,4%, дар соли 1960   94,9% ташкил намуданд.

Хамин тариқ, рушди минбаъдаи хоҷагӣ дар шароити ба даст овардани сатҳи баланди рушди қувваҳои истеҳсолӣ истифодабарии ҳарчӣ васеи муносибатҳои моливу пулӣ, баландбардории нақши ҳисоби хоҷагӣ, фоида, нарх молия ва қарзро талаб менамуд. Онро тавассути пурзургардонии усулҳои иқтисодӣ дар идоракунии хоҷагӣ ба даст овардан мумкин буд.

Аз давраи нави рушди иқтисодии ҷумҳурӣ чун дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ қарорҳои пленумҳои мартӣ ва сентябрии соли 1965 КМ ХКИШ, ки ислоҳоти васеъи хоҷагиро дар хоҷагии халқ пешбинӣ намуданд, шаҳодат медиҳад.

Ислоҳоти иқтисодӣ ташакули минбаъдаи банақшагирии муттамарказонидашуда ва идоракуниро бо баландбардории якҷояи мустақилияти корхонаҳо ва ташаббуси меҳнаткашонро бо ҳам мепайваст. Дар ислоҳот рохҳои мушаххаси истифодабарии самараноки чунин фишангҳои иқтисодӣ ба монанди нарх фоида, молия, қарз, ҳисоби хоҷагӣ, инчунин шаклу усулҳои ҳавасмандгардонии корхонаҳо ва коллективҳои меҳнатӣ му­айян карда шудаанд. Сиёсати молиявии давраи сотсиализми муттараққӣ барои таъмини бехатарии молиявию қарзӣ ва арзии ҷумҳурӣ равона шуда буд. Он мазмунан сотсиалистӣ буда, муносибати нави идоракунии хоҷагиро дар худ таҷассум мена­муд. Моҳияти ин ислоҳот дар он буд, ки бояд нақши усулҳои иқтисодии идоракунӣ мустаҳкам гардида банақшагирии дав­латӣ ташаккул ва мустақилияти хоҷагидорӣ ва ташабуси кор­хонаҳо васеъ шуда, ҳисоби хоҷагӣ ҳаматарафа чорӣ ва бехтар карда шавад.

Зарурияти ислоҳоти иқтисодӣ аз тарафи худи ҳаёт ба пеш гузошта шуда буд зеро банақшагирии муттамарказонидашуда ва усулҳои маъмурии идоракунии иқтисодиёт барои баландбардории самаранокии истеҳсолот, афзоиши натиҷаҳои мо­лиявӣ ва баландбардории ташаббуси созандагии корхонаҳо ва коллективи меҳнатӣ кумак карда натавонистанд. Самтҳои мо­лиявии ислоҳоти солҳои 1965-66 аз инҳо иборат буданд:

  • меъёрӣ нави баҳодиҳӣ ба фаъолияти корхонаҳо маҳсуло­ти фурухташуда ва фоидаи ба даст овардашуда;
  • дигаргунӣ дар муносибатҳои тарафайн бо буҷети давлатӣ ва низоми қарзӣ;
  • муқаррар намудани музди меҳнати пулии колхозчиён дар сатҳи музди меҳнати кормандони хоҷагиҳои кишоварзии давлатӣ (совхозҳо) ва дигарон.

Сиёсати молиявии ҳамаи панҷсолаҳои баъдина ба пурзур намудани нақши механизми молиявию қарзӣ дар такмили банақшагирӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва коллективҳои меҳнатии онҳо дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, беҳтаргардии некуаҳволии халқ равона карда шуда буд.

Дар низоми ҷои махсусро усулҳои иқтисодии идоракунӣ муносибатҳои тақсимотӣ ишғол менамоянд. Муносибатҳои тақсимкунӣ ҳамчун муносибати аз истеҳсолот ба вуҷудомада ва аз характери моликиятдорӣ нисбати воситаҳои истеҳсолот вобаста буда дар навбати худ барои рушди иқтисодиёт ҳама­тарафа мусоидат менамояд. Онҳо метавонанд дар ҳолати номукаммал буданашон монеъи ин тараққиёт гарданд ё худ ба сифати омили муҳими тезонидани афзоиши истеҳсолот ва ба­ландбардории самаранокии он бошанд. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқи то охирҳои солҳои 80уми асри XX муносибатҳои тақсимкунӣ ва аз навтақсимкунии даромадҳо нигоҳ дошта мешуданд, ки солҳои 30-юм ё солҳои баъдиҷангӣ чорӣ карда шуда буданду ба низоми омилҳои пастгардонии дарачаи сатҳи афзоиш ва самаранокии истеҳсолот дохил буданд. Дар ин гунa шароит таъсирнокии сиёсати мо­лиявӣ ниҳоят суст гардид. Номутаносибӣ дар иқтисодиёт ба зиёдшавии душвориҳо дар муомилоти пулӣ ва низоми молиявӣ гардиданд.

Дар шароити низоми идоракунии маъмурию ҳукмфармоӣ, ки асоси онро монополияи давлат дар идоракунии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ, монополияи арзӣ аллакаӣ дар солҳои 30-юм нокифоя будани сатҳи самаранокии истеҳсолот ва низоми молиявию қарзиро нишон доданд. Дар ин шароит аз тарафи ҳукумат роҳи азнавсозии низоми идоракунӣ эълон карда шуд. Як қатор конун ва карорҳо қабул шуданд, ки ба маҳдудгардонии доираи банақшагирии давлатӣ ва азнавтақсимкунии вазифаҳои сохторҳои иқтисодии идоракунии давлатиро (Кумитаи давлатии банақшагирӣ, Кумитаи давлатии таъминоти моддию техникӣ, Вазорати молия, Раёсати суғуртаи давлатӣ, Бонки давлатӣ, Кумитаи давлатии омор, Кумитаи давлатии нархгузорӣ ва ғ.) ба нафъи васеъкунии ҳуқуқи корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқ нигаронида шуда буданд.

Дигаргунии сиёсати молиявӣ пеш аз ҳама дар пастшавии сатҳи муттамарказонии молиявӣ, васеъгардонии мустақилияти молиявии корхонаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёт инъикос гардид. Дар ин лиҳоз хуччатҳои заминавӣ конунҳо «Дар бораи корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ» ва «Оид ба фаъолияти меҳнатии кооперативӣ ва индивидуалӣ» буданд, ки ба ҳаёт татбиқ гардидани онҳо дар маҷмӯъ на ба баландбардории самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, балки баръакс ба муомилотӣ пулӣ ва вазъи моли­явии мамлакат таъсири ноустувор расонид.

Аз навсозии механизми хоҷагидорӣ дигаргуниҳоро дар ташкили муносибатҳои қарзиву пулӣ талаб менамуд. Баҳри амалӣ гардонидани қарори КМ ҲКИШ ва Шуроӣ Вазирони ИҶШС аз 17 июли соли 1987 таҳти № 821 «Оид ба такмили ни­зоми бонкҳо дар мамлакат ва пурзур намудани таъсири онҳо дар баландбардории самаранокии иқтисодиёт» аллакай дар аввали соли 1988 дар ҷумҳурӣ дар заминаи идораҳои амалкунандаи ҷумҳуриявии бонкҳои давлатӣ ва сохтмони ИҶШС Бонки давлатӣ, Бонки фаъолияти иқтисодии берунӣ, Бонки агросаноатӣ, Бонки манзилию коммуналӣ ва рушди иҷтимоӣ, Бонки пасандозҳои меҳнатӣ ва қарздиҳӣ ба аҳолӣ ташкил кар­да шуданд. Бояд қайд кард, ки ба гуногуншаклии чораҳои азнавсозии иқтисодиёт нигоҳ накарда ин чораҳо самараи дилхоҳ надоданд. Бинобар он ки қисман даст кашидан аз муттамарказонии молиявӣ афзоиши самаранокии иқтисодиёт ва солимгардонии молиявиро таъмин карда натавонист, ҳукумат ба хулоса омад, ки бояд аз низоми идоракунии маъмурию хукмфармоӣ пурра даст кашида, ба механизми бозории танзимии иқтисодиёт бояд гузашт.


Сиёсати молияви дар замони Точикистони Шурави

ҚаблӣМазмуни иқтисодӣ ва аҳамияти сиёсати молиявӣ
БаъдӣСиёсати молиявии давлат дар шароити иқтисоди давраи гузариш