Ҳабиб Юсуфӣ

Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш
Туро замини ману такягоҳи ман гӯяд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис, дар гузари Боғи Майдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола вай ба Техникуми педагогии мардонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд дохил шудааст. Соли 1935 техникумро хатм намуда, дар мактабҳои миёна аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Вале фақат дарс додан ҷавони донишдӯстро қонеъ намекард. Бинобар ин, тирамоҳи соли 1936 ӯ ба шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Дорулфунуни давлатии Ӯзбекистон дохил шуд. Таҳсили шабона ӯро қонеъ кардан натавонист. Аз сентябри соли 1937 ба шуъбаи рӯзона гузашт.

Шароити хуби мактаби олӣ ба Ҳабиб Юсуфӣ имкон дод, ки аз ҷиҳати ғоявӣ ва сатҳи дониш зуд инкишоф ёбад. Баъд аз хатми таҳсил соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодими илмӣ таъйин шуд.

Ҳабиб Юсуфӣ шоир, тарҷумон ва ходими илмӣ буд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ асарҳои Пушкин ва Лермонтовро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд.

Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуд. Ӯро аввал ба Омӯзишгоҳи ҳарбии миномётии шаҳри Пенза фиристоданд. Вай техникаи ҳарбиро омӯхта, бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи Ленинград фиристода шуд. Дар яке аз мактубҳояш, ки 19- уми ноябри соли 1943 навишта буд, «…Он рӯзҳо дур нестанд, ки душмани малъунро аз дарвозаҳои ин шаҳри азим дур андозем» гуфтааст.

Ҳабиб Юсуфӣ дар байни афсарону аскарони қисмаш ҳамчун инсони одӣ, хоксор, дӯст ва рафиқи хуб, соҳиби дониши баланд шинохта шуда буд. Ӯ аз мутолиаи китоб ғофил намешуд. Дар яке аз мактубҳояш ҳатто ишора намудааст, ки ӯ китоби Л.Н. Толстой «Ҷанг ва сулҳ»-ро бо забони русӣ хонда истодааст.

Ҷанговар ва афсари ватандӯст бозгашти худро фақат бо роҳи сарҳадҳои ғарбии мамлакат ва аз дохили Берлин муайян намуда, «…агар саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқанд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст…» навишта буд.

Аммо дили пурҷӯшу хурӯш, ки саршори муҳаббат ба ватан буд, 15 феврали соли 1945 аз тири фашистони манҳус аз кор монд, вале номи ӯ дар дили хонандагонаш абадӣ гашт.

Ҳабиб Юсуфӣ шеъргӯиро пештар оғоз карда бошад ҳам, ба таври расмӣ соли 1936 шеърҳояшро эълон намудааст. Соли 1939 нашр шудани аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Таронаи ватан» шуҳрати ӯро зиёд ва сазовори эътирофи умум гардонид.

Ба Ватан (Шеър аз Хабиб Юсуфи)

Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, ай меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон.
Шавкати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
З-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сӯхт,
Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.
Дил дар оғӯши чу бустони ту доим хуррам аст
Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.
Дил куҷо тоқат намояд, душманат гар дам занад
Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон.
Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои ҷунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.

Тарчумаи холи/зиндагиномаи шархи холи Хабиб Юсуфи.

Шеърҳо дар васфи ВАТАН

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед