Бофандагӣ бо сихҳо

Бофандаги бо сиххо.


Барои ин тарзи бофандагӣ ресмонҳои пашмин, нимпашмин, абрешимин, пахтагин, тибити бузу харгӯш ва нахҳои синтетикиро истифода мебаранд. Шакли ҷузъҳои алоҳида дар натиҷаи каму зиёд кардани ҳалқаҳо тағйир додани зичии бофт (вобаста ба фарқи ғафсии сихҳо ва ресмон) аз рӯйи андоза ё ҳисоби ҳалқаҳо ба даст оварда мешавад.

Сихҳои рости нӯгҳояшон дутарафа, рости нӯгҳояшон яктарафа ва қӯша (ду сихи нӯгҳояшон яктарафаи, аз поён бо резинаи борик ё бандинае бастагӣ) мешаванд. Сихҳо аз ҷиҳати ғафсӣ (қутр) бояд аз ресмон ду маротиба ғафстар бошанд.

Навъҳои матои бофташуда: а) ҳамвор, ду тараф- чаппа ва роста дошта, бо ду сих ё сихи қӯша аз ду тараф (яъне аз тарафи чап бофта истода, ба тарафи роста бармегардонанд) бофта мешавад; б) ғулбашакл – бофти давродавр, ки бо панҷ сих ва сихҳои қӯша фақат аз тарафи роста бофта мешавад. Дар тасвири нақшҳо, одатан, тамоми қаторҳои тоқ тарафи роста ва қаторҳои ҷуфт тарафи чаппаро ташкил медиҳанд.

Намуди сихҳо ва риштаҳо
Намуди сихҳо ва риштаҳо

Бофтанро чунин сар мекунем:

Ресмонҳоро ба дасти чап (расми 54 а) мегирем. Ду сихро якҷоя аз зери ресмони корӣ, ки аз калоба меояд (расми 54 б) дароварда, ресмони дар ангушти ишорат бударо кашида, аз ҳалқаи ангушти калон мегузаронем, ангушти калонро аз ҳалқа озод карда, ресмонро мекашем. Барои ҳосилшавии ҳалқаҳои минбаъда ҳамин тарзро такрор кардан даркор аст (расми 54 в). Ҳалқачаҳои пайиҳам пайдошударо қатори аввал меноманд. Ҳалқаҳои якум ва охиринро ҳалқаҳои канорӣ (ҳошиягӣ) мегӯянд. Дар аввали қатор ҳалқаи якумро нобофта аз сихи дасти чап ба сихи дасти рост мегузаронанд. Ҳалқаҳои охирини қатор бо ҳалқаи роста ё чаппа баста мешавад.

Ҳалқаҳои роста ва чаппаро ба ду тарз бофтан мумкин аст:

Тарзи якум. Ҳалқаи ростаро аз пеш мебофанд. Барои бофтани ҳалқаи роста сихи дасти ростро ба ҳалқаи якуми сихи чап бурда, ресмони кориро аз он мебароранд (расми 54 д). Аз ресмони корӣ ҳалқа ҳосил мешавад. Ин ҳалқаро ба сихи дасти рост мегиранд (Расми 54 д) ба он ҳалқаи чаппа мувофиқ аст, ки бофтани он дар расми 54 г нишон дода шудааст.

Тарзи дуюм. Ҳалқаи роста аз қафо бофта мешавад, яъне сихи дасти ростро ба даруни ҳалқаи якуми дасти чап аз рост ба чап бурда, ресмони кориро аз он мебароранд (раси 54д) ба он ҳалқаи чаппа мувофиқ аст, ки дар расми 54 е нишон дода шудааст. Ба ин тарз ҷӯроб ва резинка мебофанд.

Хомҳалқаҳо рост ва печон мешаванд.

Хомҳалқаи рост (расми 54 ё): сихи ростро аз тарафи рост ба чап аз зери ресмони корӣ мегузаронанд.

 Хомҳалқаи печон (расми 54 ж): сихи ростро аз тарафи чап ба рост аз тарафи худ аз зери ресмони корӣ гузаронидан мумкин аст.

Бофти ҷуробӣ. Бофти мудаввар ҳамеша бо ҳалқаҳои роста бофта мешавад; Барои бофти ҳамвор бояд як қатор (аз тарафи роста) ҳалқаҳои роста ва қатори дуюм (аз тарафи чаппа) ҳалқаҳои чаппа бофта шавад.

Резинкаи англисӣ. Дар ин тарзи бофт аз аввал то охир бофти қаторҳо такрор мешавад. Қатори якум – хомҳалқаи рост, як ҳалқаро намебофанд (ресмони корӣ аз пушти сихҳо мегузарад), 1 ҳалқаи рост. Қатори дуюм ва  ҳамаи қаторҳои минбаъда – 1 хомҳалқаи рост, як ҳалқаро намебофанд (ресмони корӣ аз пушти сихҳо мегузарад), ҳалқа ва хомҳалқаи қатори пешинро якҷоя карда, аз болои ҳалқаи рост мебофанд.

Рами 54. Тарзҳои бофтан
Рами 54. Тарзҳои бофтан

Дар ин тарзи бофт шумо ситорачаҳоро вомехӯред, ки ин рапорт ном дорад. Комбинатсияи ҳалқаҳои байни ин ишораро барои то охири қатор ғунҷиданаш якчанд маротиба бофтан лозим аст. Агар пеш аз ситорача як ё якчанд ҳалқа дода шуда бошад, он гоҳ аввал ҳамин ҳалқаҳоро бофта, сипас рапортро такроран то охири қатор мебофанд.

Намунаи маҳсулоти бофташуда
Намунаи маҳсулоти бофташуда

Дар охири қатор ҳалқаҳое бофта мешаванд, ки баъди ситорачаи дуюм ишора шудаанд. Агар дар рапорт гуфта шавад, ки мувофиқи нусха бофтан лозим аст, маънояш ҳамин аст, ки ҳалқаҳои ростаро бо роста ва чапаашро бо чаппа мебофанд. Ду ҳалқаи канорӣ ё ҳалқаҳои ҳошия ба ҳалқаҳои асосие, ки нақш бофта мешавад, дохил намешавад. Онҳоро танҳо дар вақти ҳалқаандозӣ дар оғози бофтани матоъ ба назар мегиранд.

Бофти намуна. Барои он ки маҳсулоти дастамон мувофиқи андоза бофта шавад, миқдори даркории ҳалқаҳо ва қаторҳоро барои қаду бари он муайян кардан зарур аст. Бинобар ин аз 30 ҳалқа ва 30 қатор, бо ҳамон ресмону нақша ва сихҳое, ки маснуоти аслӣ бофта мешавад, сармашқ бо латтаи тар дарзмол карда, баъди хушк шуданаш қаду барашро бо сантиметр чен мекунанд. Дар 1 см чанд ҳалқа ва чанд қатор ғунҷиданашро ҳисоб бояд кард.

Масалан бари сармашқи иборат аз 30 ҳалқа ба 10 см ва 30 қатор ба 8 см баробар аст.

ҚаблӣДӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак
БаъдӣБофтан бо чангак