Витамин. Ахамияти витаминхо. Витамини С. Витамини А. Витамини В2. Витамини D. Витамини Е. Витамини К. Витамини Н. Витамини РР. Нигох доштани витаминхо дар хурок.
Аҳамияти витаминҳо
Витаминҳо моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои фаъолияти ҳаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад. Ниҳоят кам будани онҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад.
Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Витаминҳо ба организм тавассути озуқае, ки аз рустаниҳо ва ҳайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А, В, С, D ва ғайра ишора мекунанд (расми 79).

Витамини С
Витамини С дар таркиби настаран, қарақот, карам, помидор, лимӯ, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксари меваҳо, дар қисми сабзи рустаниҳо, хусусан дар навдаҳо вуҷуд доранд. Агар организм муддати дароз витамини С-ро нагирад, бемории “синга”, ки ба сайёҳон ва баҳрнавардон кайҳо боз маълум аст, хуруҷ мекунад (расми 80).

Ҳангоми чунин беморӣ пилки дандон – хуншор, пардаҳои луобии даҳон захмдор гардида, дандонҳо ҷунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни ҳол устухонҳо зудшикан гардида, буғумҳо дард мекунанд.
Одам камхун мешавад ва муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хӯрок дар як шабонарӯз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.
Витамини А
Витамини А асосан дар ғизое, ки аз ҳайвонот гирифта мешавад (дар равғани моҳӣ, равғани зард (маска), шир, зардии тухм, ҷигар, гурда, тухми моҳӣ) мавҷуд аст. Моддаҳое, ки дар организм ба витамини А табдил меёбанд, дар ғизое, ки аз рустанӣ гирифта мешавад (сабзӣ, испаноқ, зардолу, қаламфури сурх, помидор), мавҷуданд.
Витамини А ба сабзиши организм таъсир мекунад. Ҳангоми дар хӯрок нарасидани он кӯдакон хуб инкишоф намеёбанд, дандону мӯяшон ташаккул намеёбад, шуш ва рӯдаҳояшон зарар мебинанд. Мумкин аст одам ба бемории шабкӯрӣ гирифтор шавад. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, қувваи босираи чунин бемор заиф мегардад. Одам бояд дар як шабонарӯз тахминан 1 мг витамини А истеъмол кунад.
Витамини В
Ба гурӯҳи витамини В якчанд витаминҳо масалан: В1, В2, В6, В12 дохил мешаванд Витамини В1 ба ҷараёни мубодилаи карбогидрат таъсир мерасонад. Он барои фаъолияти муътадили ҳамон узве зарур мебошад, ки дар он мубодилаи карбогидрат бошиддаттар аст. Масалан, системаи асаб, дил ва мушакҳо. Витамини В1 дар донаҳои тозанакардаи рустаниҳои хӯшадор, тухми лӯбиёгиҳо ва зардии тухм мавҷуд аст. Миқдори ками он, инчунин дар таркиби испаноқ, карам, пиёз, сабзӣ ва себ вуҷуд дорад. Ба организм дар як шабонарӯз 2-3 мг витамини В1 зарур аст.
Агар дар хӯрок витамини В набошад, бемории вазнини “Берибери” сар мезанад. Пештар ин беморӣ дар баъзе ҷазираҳои уқёнуси Ором паҳн шуда буд, чунки хӯроки асосии мардуми он ҷо биринҷи муқашшар (тозакардашуда) буда, он витамини В надошт. Фаъолияти системаи асаби одамони гирифтори чунин беморӣ тағйир меёбад: мушакҳои дасту пояшон кашида мешавад, фалаҷӣ ба амал меояд, ки аксаран ба марг мерасонад.
Витамини В2 дар ғалладона, ҷигар, гӯшт, шир, тухм мавҷуд аст. Агар калонсолон витамини В2-ро кам истеъмол кунанд, чашмонашон хира шуда, пардаи луобии ковокии даҳонашон зарар мебинад.
Витамини D
Витамини D дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Агар дар хӯрок витамини D набошад, кӯдакон дучори бемории чиллаашӯр (рахит) мегарданд. Дар ҳолати ба ин дард гирифтор шудан миқдори намакҳо дар устухон кам мешавад, инкишофи кӯдак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кӯдакони бемории чиллаашӯр каҷ шуда, сар ва шикамашон калон мешавад ва қафаси синаашон тағйир меёбад. Чунин кӯдакон зуд ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Бо таъсири офтоб дар пӯсти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин, пӯсти кӯдакони хурдсол ба таъсири муътадили нури офтоб эҳтиёҷ дорад.
Витаминҳо барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ заруранд, вале миқдори барзиёди онҳо мумкин аст боиси вайроншавии ҷиддии организм гардад. Бинобар ин, витаминҳои сунъиро аз ҳад зиёд истифода кардан мумкин нест.
Витамини Е
Витамини Е ба витаминҳои дар равған ҳалшаванда дохил шуда, дар раванди афзоиши бадан иштирок мекунад. Ин витамин дар таркиби афшураҳои гуногун, майсаи гандум, равғани наботот ва дар бофтаҳои ҳайвонот вуҷуд дорад. Норасоии ин витамин ба афзоиш наёфтани ҳуҷайраҳои ҷинсии занона ва мардона сабаб мешавад. Инчунин мушакҳои кӯндаланграхи скелет осеб мебинанд.
Витамини К
Витамини К ба витаминҳои дар об ҳалшаванда дохил шуда, дар ҷараёни лахташавии хун иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ дидан мумкин аст, ки дар рӯдаи ғафси одам ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин лахташавии хунро суст карда, ҳангоми хунравии зиёд аз ҷойи осебдидаи организм, инсон метавонад дучори марг шавад.
Витамини Н
Витамини Н ба витаминҳои дар об ҳалшаванда дохил шуда, барои дохилшавии дуоксиди карбон ба организм ва кислотаҳои гуногуни органикӣ хизмат мекунад. Витамини Н дар организм, дар системаи рӯдаҳо аз ҳисоби бактерияҳо ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин ба осеб дидани пӯст, баста шудани иштиҳо ва хоболудӣ меорад.
Витамини РР (кислотаи никотин)
Витамини РР (кислотаи никотин) дар об ҳалшаванда буда, мубодилаи карбогидратҳоро фаъол мегардонад ва дар нафаскашии ҳуҷайраҳо фаъолона иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби гӯшти ҳайвонот, моҳӣ дидан мумкин аст. Нарасидани ин витамин вайроншавии ҷараёни оксиду барқароршавии организмро ба вуҷуд меорад.
Нигоҳ доштани витаминҳо дар хӯрок
Дар таркиби хӯроки мо витаминҳо бояд ба миқдори кофӣ мавҷуд бошанд. Нигоҳ доштани витаминҳо дар таркиби хӯрок ба таомпазӣ, шароит ва муддати нигоҳдории маҳсулот вобаста аст. Витаминҳои гурӯҳи А, В1 ва В2 аз ҳама ноустуворанд. Муқаррар кардаанд, ки витамини А дар хӯрокпазӣ зуд вайрон мешавад. Сабзии пухта нисбат ба хомаш ду баробар кам витамини А дорад. Ҳангоми хушккунӣ ҳам витамини А вайрон мешавад.
Ҳарорати баланд миқдори витаминҳои гурӯҳи В-ро кам мекунад. Чунончи, гӯшт баъди пухтан аз 15 то 60 дарсад, маҳсулоти аз рустанӣ гирифташуда қариб панҷяки витаминҳои гурӯҳи В-ро талаф медиҳанд.
Витамини С аз таъсири ҳарорати баланд ва ҳаво зуд вайрон мешавад. Аз ин рӯ, сабзавотро пеш аз пухтан тоза кардан ва реза кардан лозим аст. Сабзавотро ба оби ҷӯш андохта, сарпӯши дегро пӯшида пухтан беҳтар аст. Ба оҳан расидан ҳам витамини С-ро вайрон мекунад. Аз ҳамин сабаб таомҳои сабзавотдорро дар зарфи сирдор пухтан беҳтар аст. Ҳар як одам бояд ҳар рӯз тавассути хӯрок ҳамаи витаминҳои заруриро гирад. Зимистон себ, сабзии хом, карам, равғани зард, тухм манбаи витаминҳо шуда метавонанд. Ғайр аз ин, мувофиқи фармоиши духтур ба хӯрок доруҳои витаминиро илова мекунанд.
Дониши худро санҷед:
- Витаминҳо барои организм чӣ аҳамият доранд?
- Ҳангоми нарасидани витаминҳои А, В, С, D одам ба кадом бемориҳо гирифтор мешавад?
- Витамини С дар кадом маҳсулот мавҷуд аст?
- Оё зиёд истеъмол кардани доруҳои витаминдор фоиданок аст?
- Витаминҳоро дар хӯрок чӣ хел нигоҳ доштан мумкин аст?