Моҳият ва усулҳои идоракунии молиявӣ

Ҷараёни ташаккул, тақсим, азнавтақсим ва истифодаба­рии захираҳои молиявӣ дар байни зинаҳои низоми молиявӣ ва дар дохили худи онҳо ҳама вақт барои ноил гардидан ба максадҳои муайян равона шудааст, ки худ аз худ ба вуҷуд намеояд ва аз ин лиҳоз ташкили идоракуниро талаб менамояд.

Дар маънои умумӣ мафҳуми «идоракунӣ» таъсири мақсадноки субъекти идоракунӣ ба объекта идоракунӣ мебошад. Объекти идоракунии молия намудҳои гуногуни муносибатҳои молиявӣ мебошанд. Субъекти идоракунии молияро мақомоти молияи давлатӣ, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳоӣ хоҷагидорӣ дар шахсияти сохторҳои махсусашон, ки дастгоҳи молиявӣ меноманд баромад менамоянд. Молияи хона­вода аз тарафи худи соҳибони хонавода идора карда мешавад.

Маълум аст, ки иқтисоди бозорӣ бе низоми молиявии хуб ташкилшуда ва бозори молиявии танзимшаванда бомуваффақият ва устувор рушд карда наметавонад. Низоми мо­лиявӣ ва бозори молиявӣ дар заминаи иқтисоди бозорӣ, ки бавуҷудорандаи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ мебошад, амал менамоянд. Онҳо дар айни замон шарти фаъолияти худи иқтисоди бозориро муайян менамоянд. Бинобар ин дар иқтисоди бозори идоракунии молиявӣ аҳамияти ниҳоят муҳимро мебозад.

Низоми идоракунии молиявӣ дар шароити иқтисоди давраи гузариш ин маҷмуи чораҳо, олотҳо ва институтҳои мо­лиявии бо ҳам алоқамандро ифода менамояд, ки фаъолияти бемайлон ва самараноки низоми молиявӣ, аз ҷумла зинаҳои алоҳидаи онро таъмин менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ташаккули идоракунии молиявӣ дар шароити иқтисоди давраи гузариши Тоҷикистон дорои чанд хусусиятҳои хоси зерин аст:

-барҳам хурдани Иттиҳоди шуравӣ ва ба даст овардани истиқдолият ва нишонаҳои субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ;

-тағйироти куллии консепсияи идоракунии низоми моли­явӣ, ки дар давраи мутташаниҷи ноустувории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташаккул ёфт;

-аз байн рафтани қисми зиёди робитаҳои хоҷагидории байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ, аз он ҷумла бо онҳое, ки бо иқтисодиёти Тоҷики­стон робитаҳои муҳими иқтисодию истеҳсолӣ ва молиявӣ доштанд;

-оғози ба даст овардани истиқлолият ба ҷанги шаҳрвандии дохилӣ ва офатҳои табии солҳои 1991-93 рост омад, ки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, хусусан иктидори истеҳсолии он ба маблағи зиёда аз 7 милиард доллари амрикоӣ зарари мод­дӣ расонид;

-номутобиқатии низоми куҳнаи идоракунӣ ва банақшагирии муттамарказонидашудаи пештара ба шароити нави бозорӣ. Бинобар ҳамин дар Тоҷикистон низоми нави идо­ракунии молиявӣ ва пуливу қарзи ташаккул гардид. Бон­ки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои дигари қарзӣ ба вуҷуд омаданд. Низоми буҷетӣ дар зами­наӣ андоз табдил дода шуд. Сарҳадҳои гумрукӣ, аз ҷумла барои гардиши захираҳои молияви байни собиқ давлатҳои шуравӣ пайдо шуданд;

-ба ҷои моликияти шаклҳои ҳукмрони давлатӣ ва колхозию кооперативии вуҷуддошта, дар натиҷаи ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонӣ дар иқтисодиёт шумораи зиёди сохторҳои институтсионалии мустақили дорои захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои таҳия ва муайян намудани стра­тегия ва тактикаи молиявии худ пайдо шуданд;

-гузаштан ба нархгузории озоди бозорӣ барои кулли корхонаҳои Тоҷикистон чун корхонаҳои давлатҳои мустақи­ли собиқ шуравӣ ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Ҳеҷ кас барои кор кардан дар шароити кулан нави бозор ва нархгузории бо­зорӣ тайёр набуд. Нишондиҳандаҳои молиявӣ, ташаккули захираҳои молиявӣ ва ҳарчи он побанди нархҳои бозории ниҳоят ноустувор гардиданд. Чунин вобастагӣ аз нархҳои бозорӣ ҳам барои мақомотҳои ҳокимияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам сатҳи маҳаллӣ ва инчунин корхонаҳои алоҳида хос буд;

-ҳуқуқ ва имкониятҳои ташаккул ва истифодаи мустақили захираҳои молиявии амалан ҳамаи субъектҳои низоми молиявӣ ба таври куллӣ васеъ гардидаанд.

Дар ташаккул ва рушди иқтисоди бозорӣ нақши муҳимро танзими давлатӣ мебозад. Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки ин нақши давлат дар танзими молияи иқтисоди бозорӣ аз вазифаҳои давлат дар шароити иқтисоди нақшавии муттамарказонидашуда ба таври куллӣ фарқ мекунад. Ин фарқият аз ду омили зерин бармеояд:

  • фарқи куллии асосҳои иқтисоди бозорӣ, институтҳои таркибии он, принсищои ташкили молия ва характери муносибатҳои байни субъектҳои хоҷагидорӣ аз иқтисоди муттамарказонидашудаи нақшавии асосан ба усулҳои идоракунии маъмурию фармонӣ асосёфта;
  • сохтори кулан дигари ҳокимияти давлатӣ, ки дар сатҳи конститутсионӣ тақсимоти ҳокимиятро ба се шоха конунгузорӣ, иҷроия ва судӣ муайян намудааст ва фарқи куллии таркиби ҷомеаи шаҳрвандӣ (ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳо ва ҳарактаҳои ҷамъиягӣ, бизнес-ҷомеа, Воситаҳои ахбори умуми мустақил, ташккилотҳои динӣ, оила ва ғ).

Хамин тариқ, рушди иқтисоди бозорӣ аз фаъолияти муътадили низоми молиявӣ, таъсири он ба иқтисоди ҳакиқӣ, тапзими самараноки давлатии молия вобаста мебошад. Идора­кунии давлатии молия танҳо нисбати молияи давлатӣ амалӣ мешавад. Дар Тоҷикистон чун дар тамоми давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда идоракунии молияи давлатӣ аз ҷониби мақомотҳои давлатии молиявӣ дар асоси қонунгузорӣ амалӣ мегардад.

Мақсади идоракунии молияи давлатӣ иборат acт аз таъмини:

а)        тавозуни нисбатан муътадил байни институтҳои иқтисодии давлат, шахсони ҳукуқӣ ва воқеӣ;

б)        буҷети давлатии бекаср;

в)        устувории асъори миллӣ ҳамчун муайянкунандаи унсури асосӣ дар муносибатҳои молиявӣ.

Ба сифати олотҳои идоракунии молиявӣ банақшагирӣ (пешгуӣ), назорат, ташкил ва таъминоти иттилоотӣ баромад менамояд. Банақшагирӣ (пешгуӣ) се марҳилаҳои гуногунро дарбар мегирад: муайян намудани мақсад, таҳлили муаммо, пешгуӣ, ҷустуҷуи алтернативӣ, баҳои қарори кабулгардида. Баъди марҳилаи банақшагирӣ (пешгуӣ чун қоида марҳилаи назорат фаро мерасад, ки дар он таҳлили иҷрои нақша ва мутобиқан назорати иҷрои он сурат мегирад. Дар ин марҳила фарқи байни нақша ва вазъи ҳақиқӣ, инчунин сабабҳои ин фарқият муайян карда мешавад. Натиҷаҳои назорат ва таҳлил барои ҷараёни ояндаи банақшагирӣ ахборот ба вуҷуд меорад.

Вазифаи ташкили идоракунии молиявӣ таъмини шароитҳои муносиби расидан ба мақсад тавассуги истифодаи моделҳои махсуси ташкилӣ мебошад. Таъминоти ахборотӣ дар худ коркард, баҳисобгирӣ, таҳлил ва пешгуии иттилоотиро дарбар мегирад, ки пайвастгари марҳилаҳои банақшагирӣ (пешгуӣ), назорат ва ташкили идоракунии давлатии молия мебошад.

Дар тамоми дунё идоракунии молиявӣ аз тарафи мақомотҳои олии давлат ва ҳокимият сурат мегирад. Вобаста аз сохтори давлатӣ ба сифати мақомоти олии конунгузорӣ ташкилотҳои гуногун баромад мекунанд. Мисол, дар ИМА Конгресс, дар Британияи Кабир Парламент, дар Олмон Бундестаг, дар Фаронса Маҷлиси халқӣ, дар Россия Маҷлиси Федералӣ, дар Тоҷикистон Маҷлисӣ Олӣ.

Дар сатҳи умумидавлатӣ дастгоҳи идоракунии низоми молиявӣ мақомоти гуногуни ҳокимияти иҷроияро дарбар мегирад. Дар ИМА ба ин ин сохтор Вазорати молия ва Раёсати маъмурию буҷетии назди Президент, дар Британияи Кабир Хазинадорӣ, дар Олмон Вазорати молия, дар Фа­ронса Вазорати иқтисод, молия ва буҷет, дар Россия Бон­ки марказии ФР ва оид ба андоз ва пардохтҳо Бонки марказии ФР ва мақомотҳои дигар тааллук дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи умумидавлатӣ ба сохторҳои идораку­нии молиявӣ мақомотҳои давлатии иҷроияи зерин дохил мешаванд:

-Вазорати молия ва мақомоти он дар маҳалҳо;

-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

-Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ;

-Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерин вогузошта шудаанд:

-таҳия ва амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи молиявии давлатӣ;

-тартиб додани лоиҳа ва ташкили иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ;

-ба рох мондани назорати молиявӣ оид ба истифодабарии оқилона ва мувофиқи мақсади маблағҳои буҷетӣ ва фондҳои (ғайрибуҷетӣ);

-таъмини устувории молияи давлатӣ ва андешидани чораҳо оид ба рушди бозори молиявӣ;

-дар якҷоягӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳияи тавозуни захираҳои молиявии ҷумҳурӣ ва дигарҳо.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорати умумиҷумҳуриявӣ буда сохторҳои он дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷой гирифтаанд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ назоратро оид ба дуруст ҳисобкунӣ, бо пуррагӣ ва сари вақт ба буҷет пардохт намудани андозҳои давлатӣ, пардохтҳо ва ҳаргуна даромадҳои дигарро ташкил менамояд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии ҶТ идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ ва моликияти давлатиро оид ба истифодаи самараноки сармоя ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромадҳои дав­латии ғайриандозӣ ба роҳ мемонад.

Бонки миллии Тоҷиктон сохтори олии дар амал ҷорӣ на­мудани сиёсати асъориву қарзӣ ва молиявӣ мебошад. Бонки миллии Тоҷиктон дар баробари хазинадории марказии Вазо­рати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷроиши хазинавии буҷети давлатӣ ва назоратро оид ба фаъолияти муассисаҳои дигари қарзӣ ба роҳ мемонад.

Ба ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ сохтори махсуси назорати дав­латӣ Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст, ки таиноти асосии он назорат оид ба дуруст ташаккул ва мувофиқи мақсад истифодабарии воситаҳои пулӣ дар корхонаҳо ташкилотҳо ва муассисаҳои дав­латӣ ва мубориза ба муқобили амалиётҳои коррупсионӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад.

Дар сатҳи субъекти хоҷагидорӣ ташкили таркиби идораку­нии молиявӣ аз тарафи роҳбарияти олии он муайян карда меша­вад ва аз ҳаҷми корхона ва намуди фаъолияти он вобаста мебошад.

Дар ширкатҳо ва ширкатҳои азим воҳидҳои сершумори идоракунии молиявӣ ҷой дорад. Дар ингуна ширкат ва шир­катҳо сарменеҷер оид ба молия дар як вақт ноиби президент ба ҳисоб меравад. Сарменеҷери молиявӣ масъалаҳои муҳими бо сармоягузорӣ, нархтузорӣ, сиёсати пардохти музди меҳнат, сиёсати дивидендӣ, сиёсати пуливу қарзӣ ва дигарҳоро муайян менамояд. Дар корхонаҳои начандон калон вазифаи сарменеҷерро аслан сармуҳосиб, ки уро баъзан директори молиявӣ ё менеҷери молиявӣ меноманд, иҷро менамояд. Вазифаҳои у гуногуншакл буда асоситарини онҳо ҷустуҷу ва ёфтани роҳҳои самараноки ҳалли муаммоҳои молиявии таъмини пардохтпазирии корхона ва омузиши роҳҳои фоиданоки истифодаи за­хираҳои озоди молиявӣ вобаста мебошад.


Идоракунии молияви ва назорати молияви, Мохият ва усулхои идоракунии молияви

ҚаблӣСиёсати молиявии давлат дар шароити иқтисоди давраи гузариш
БаъдӣДуш сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам (174 калима дар 4 мисраъ)