Қонуният ва самтҳои ҷойгиркунии истеҳсолот

Географияи иқтисодию иҷтимоӣ омӯзишу тадқиқоти худро танҳо дар ҳолати якранг будани ҳодисаю воқеаҳо маҳдуд намекунад. Вай тадқиқи объекту ҳодисаҳоро дар ҳолати инкишоф, алоқамандӣ ва  боҳампайвастагӣ омӯхта, истифодаи онҳоро аз нигоҳи аҳамияти онҳо барои ҷамъият баҳо дода, ҳамчунин қонунияти объективии ҷойгиронӣ ва ташкили ҳудуди истеҳсолоти ҷамъиятро низ муайян менамояд.

Тамоми шаклҳои гуногуни ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда дар Тоҷикистон, ки ба таври муқаррарӣ ва ё аз рӯи нақшаи пешакӣ муайянкарда ба вуқӯъ пайвастааст, албатта,  бо вуҷуд доштани сабабҳои бавосита ё бевоситаи байни ҳодисаю воқеаҳо, ки аз лиҳози таърихӣ ё дар асоси амалиёти имрӯзаи хоҷагидории одамон сурат гирифтааст, қонуниятҳои объективии ҷойгиршавии истеҳсолотро дарбар мегирад.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Қонунияти ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ чунин шакле ба ҳисоб меравад, ки ба қонуни умумии инкишофи ҷамъият ва дар айни замон ба муносибатҳои бозаргонӣ дар ҳолати гузариш бевосита алоқаманд мебошад. Аз тарафи дигар, онҳо қисми ҷудонашавандаи системаи қонунҳои иқтисодии ҷамъият ва қисмати такмилёфтае ба ҳисоб мераванд, ки ҳолатҳои дигаргуншавию ҳамешагии ҷойгиршавии географии истеҳсолотро дар қаламрави мамлакат ва ноҳияҳои он тасвир мекунад. Ин ҳолат чунин талаботро ба миён мегузорад:

1) алоқамандии хеле зичи ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолӣ бо муҳити географӣ ва вобаста будани баъзе намудҳои истеҳсолот аз шароитҳои махсуси табиӣ ва захираҳои он;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2) тафовути зиёди ноҳияҳои географӣ аз нигоҳи зичии аҳолӣ ва дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда;

3) гуногун будани алоқамандии соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар сатҳи умумии мамлакат ва ноҳияҳо;

4) вуҷуд доштани тафовути гуногуни техникию иқтисодӣ дар байни соҳаҳои истеҳсолӣ.

Тарзи истеҳсолот дар ҳама давраҳои ҷамъиятӣ роҳҳои гуногуни ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолотро акс менамояд. Вале тафовути он дар замони капитализм, хусусан ҳангоми ба вуқуъ пайвастани инқилоби саноатӣ хеле авҷ гирифт. То як мавриди муайян корхонаҳои саноатӣ баҳри ба даст овардани фоида ба ягон амали қонуни дуруст ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолӣ риоя накарда, ба захираҳои табиӣ ва муҳити зист исноди хеле зиёд овард. Ин тадбир ҳангоми забт намудани дигар қитъаю мамоликҳо ниҳоят авҷ гирифт. Мустамликадорон бе назардошти қонунҳои ҷойгиркунии истеҳсолот ба таври стихиявӣ беҳтарин намуди сарватҳои табиатро ғорат карда, қисми зиёди заминҳоро ба макони биёбон ва пайваста авҷгирии дигар намуди офатҳои табиӣ табдил доданд.

Айни замон дар миқёси хоҷагии ҷаҳонӣ ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти ҷаҳонӣ ба ӯҳдаи давлатҳои абарқудрат рост меояд. Масалан, ҳафт давлати бузург – ШМА, Канада, Англия, Япония, Франсия, Германия ва Италия дар қаламрави худ қариб аз 3/4 ҳиссаи тамоми истеҳсолоти ҷаҳониро муттаҳид сохтаанд. Қисми зиёди ин мамлакатҳо корхонаҳои истеҳсолии худро аз ҳисоби манбаъҳои сарвати арзони табиии давлатҳои рӯ ба инкишофи Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ ба роҳ мондаанд.

Дар замони Ҳокимияти Советӣ низ, бо вуҷуди як қатор тадбирҳо, оид ба дуруст ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда на ҳама вақт он қонуниятҳо дуруст риоя карда мешуданд. Масалан, калонтарин корхонаҳои соҳаи саноати бофандагии мамлакат дар қисмати ноҳияи Марказии Россия ҷойгир шуда, ашёи хом бошад, ба масофаи чандин ҳазор километр аз ноҳияи Осиёи Миёна кашонида мешуд. Тоҷикистон то пошхӯрии Ҳокимияти Советӣ 26,5 фоизи пахтаи маҳиннахи тамоми мамлакатро истеҳсол мекард, вале дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 фоизи он коркард мешуду халос.

Иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони Ҳокимияти Советӣ чун дигар давлатҳои собиқи он дар асоси принсипҳои ҷойгиркунии сотсиалистии истеҳсолот ривоҷ меёфт. Ҳоло бошад, бисёр соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ дар ҳолати бӯҳрон буда, ба технологияи нав ва кадрҳои баландихтисос ниёз доранд, зеро маҳсулоти онҳо ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тоб оварда наметавонад.

Барои Тоҷикистон дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ чун дигар давлатҳои рӯ ба инкишоф зарур аст, ки вобаста ба шароитҳои географию таърихӣ ва муассисаҳои истеҳсолӣ модели тараққиёти иқтисодӣ ва ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолоти ба шароити худ хосро интихоб намояд. Чунин чорабинӣ яке аз роҳҳои барқарор намудани истеҳсолоти саноатӣ ва дар ин асос бо ҷои кор таъмин намудани мардуми бекор ва бартараф намудани қафомонии иқтисодӣ дар мамлакат мегардад.

ҚаблӣДавраҳои инкишофи хоҷагии халқ
БаъдӣТараққиёт ва ҷойгиршавии соҳаҳои саноати Тоҷикистон