Афсус, ки нест шудани бадан вақти комил шудани ақл меояд.
(Аҳмет Ҳашим)
Вуҷуди солим барои руҳи инсон чун меҳмонхона аст ва вуҷуди бемор чун зиндон.
(Френсиз Бекон)
Роҳати бадан бо кам хӯрдан ва роҳати рӯҳ бо кам будани гуноҳ вобастагӣ дорад.
(Имом Ғазолӣ)
Кори бадан дардҳои зеҳнро рафъ мекунад, ин ҳам фақирҳоро хурсанд месозад.
(Ла Рочефоколд)
Қисми зиёди хасташавиҳои дардҳои эҳсоскардаамон, аз руҳамон тавлид мегардад. Хасташавии бадан, хело нодир ба чашм мерасад.
(Ҷ. А. Ҳедфилд)
Дурустарин роҳи истроҳат кардани вуҷуд, истироҳат кардани ақл аст.
(Наполеон)
Нафаре, ки хизмати вуҷуд мекунад, он шахс озод нест.
(Сенека)
Баъзе бемориҳои дар вуҷудамон намоёншуда, порчаҳои бемориҳое мебошанд, ки дар руҳамон пинҳон шудаанд.
(Незениел Ҳовзорн)
Аз Китоби Хазинаи Маърифат