Бозиҳои олимпии қадим

Бозихои олимпии кадим.


Биёед дар Бозиҳои олимпии қадим ширкат варзем.

Маълум аст, ки Бозиҳои олимпӣ дар баробари дигар мусобиқаҳои варзишӣ арзи ҳастӣ кардаанд.

Чунин навъи мусобиқаҳо барои беҳтар кардани ҳолати ҷисмонии сокинонидавлатбарпокардамешуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Илова ба ин одамони қадим, инчунин муосирон ҳам, мудом машғули ҷанг буданд. Сабабҳои ҷанг гуногун ва беҳисоб буд. Аммо одамони одӣ маҷбур буданд, ки ба муборизони бомаҳорати ҷанги тан ба тан, партоб додани найза ва дар ҳолати мабод тездав табдил ёбанд, чунки новобаста аз хоҳишашон лашкар аз ҳисоби онҳо мураттаб мешуд.

Дар давраи падаршоҳӣ, вақте ки шикор тарзи асосии пайдо кардани ғизо гардид, ба инкишофи ҷисмонии инсон серталабтар шуданд. Одамон ба инкишофи пуртоқатӣ, нерӯмандӣ, чолокӣ, нишонрасӣ, ҳамчунин мустаҳкамии рӯҳ дар оила ва дар қабила таваҷҷӯҳи калон зоҳир мекарданд.

Тарбия ва коркарди ин хислатҳои ҷисмонӣ бо роҳи машқҳои бисёркарата, ширкат дар саёҳатҳо, дар меҳнат, дар шикори ҳайвонот ва паррандагон, моҳидорӣ гузаронида мешуд.

Бозиҳои олимпии якуми хусусияти оммавидошта бо ширкати дигар халқҳо соли 776 то милод барпогардид. Маҳз аз ҳамин сол рӯйхати ғолибони бозӣ мудом тартиб дода мешавад.

Ҷойи баргузории мусобиқа шаҳри Олимпия буд. Ин шаҳр дар вилояти Элида, дар қисмати шимолу ғарбии нимҷазираи Пелопоннес, дар бешазори муқаддаси Алтис, дар соҳили дарёи Алфей воқеъ буд. Марказ ва муқаддасоти асосии Олимпия мақбараҳои мӯҳташами Зевс ва Гера ба ҳисоб мераванд.

Дар водии Олимпия пушта (теппа)-и Хронос қад афрохтааст. Дар байни он ва дарёи Алфей майдонҳо барои давидан ба фосилаҳои мухталиф, барои мусобиқаи аробаҳо, партобдиҳӣ ва ҷаҳишҳо ҷойгир шудаанд, ки шакли росткунҷа доранд.

Олимпия дар асри II то замони мо: дар марказ- мақбараи Зевс, аз рост - майдон, аз чап - палестра, дар ақиб - Притайнеон, мақбараи Гера ва ганҷинаҳо
Олимпия дар асри II то замони мо: дар марказ- мақбараи Зевс, аз рост – майдон, аз чап – палестра, дар ақиб – Притайнеон, мақбараи Гера ва ганҷинаҳо

Бозиҳои олимпӣ на танҳо аҳамияти маросимӣ, балки аҳамияти башардӯстона ва сиёсӣ низ доштанд, чунки рӯзи саршавии бозиҳо (22-юми июн) рӯзи муқаддаси оштӣ эълон мегардид ва то анҷомёбии онҳо ҷангҳо қатъ меёфтанд.

Оғози бозиҳо бо тантана сурат гирифта, ҷавонон ва духтарон қурбонӣ карда мешуданд.

Дар бинои Пританейон, ки дар паҳлуи мақбараи Гера ҷойгир шудааст, оташи муқаддас афрӯхта мешуд.

Афрӯхта шудани оташи олимпӣ
Афрӯхта шудани оташи олимпӣ

Оташи олимпии муқаддас на танҳо дар Олимпия, балки дар дигар шаҳрҳои Эллада ҳамзамон бо қатъёбии ҷангҳо, муноқишаҳо ва ихтилофҳо афрӯхта мешуд.

Пас аз чорабинии ботантана аввал баромади навозандагон ва нотиқон, сипас варзишгарон шурӯъ мешуд.

ҚаблӣТарбияи ҷисмонии халқи тоҷик дар давраи то инқилоби октябр (соли 1917)
БаъдӣИфтихори варзиши тоҷик