1. Таъриф ва усулҳои ба он монанд
Таъриф яке аз амалҳои асосии мантиқ буда дар илм, ҷараёни таъ-лим ва хусусан, амалияи тафтишот ва фаъолияти суд васеъ истифода ме-шавад. Баъзан таърифро дефинитсия низ мегӯянд. Тавассути таъриф пеш аз ҳама маънои ифодаҳои забонӣ аниқ карда мешавад. Ғайр аз он таъриф боиси ташаккули мафҳумҳою истилоҳҳои нав мешавад. Яке аз вази-фаҳои таъриф ошкор намудани мазмуни мафҳум ё моҳияти ашё аст. Ис-тилоҳи таърифро Абӯалӣ ибн Сино маҳз ба ҳамин маъно кор фармуда-аст. Ба ақидаи ӯ, тавассути таъриф «ҳақиқати зоти чиз» ошкор мешавад. Мантиқшиноси бузурги халқи тоҷик ба ҷои истиллоҳи «таъриф», истиллоҳи «ҳадд» ё «ҳудуд»- ро низ ба кор бурдааст. Чунин таъбири истиллоҳи «таъриф» ба таъбири он дар мантиқи имрӯза пурра мувофиқ аст. Зеро калимаи ҳад, ё ҳудуд ба калимаи юнонии хорос (маънояш сутуни сарҳад) мувофиқ меояд. Дар Юнони қадим барои аз якдигар ҷудо кар-дани қисмҳои замин байни онҳо сутунҳо мегузоштанд. Калимаи лотинии “definitio” низ аз калима “finis” гирифта шудааст, ки маънояш ҳад, ҳудуд, сарҳад, охир ё тамомшавии чизест.
Аз ин рӯ, ба ақидаи Ибни Сино таърифи ин ё он мафҳум маънои аниқ, намудани (ҳудуд) ҳадди истифодаи истилоҳро низ доранд. Ба ин маънӣ, Ибни Сино дар «Донишнома» моҳияти ҳадро ин тавр ҷамъбаст намудааст: «Ҳадд аз васфҳои зотии чиз бувад».
Таъриф амали мантиқиест, ки тавассути он маъно ва мазмуни амиқи ифодаи забон собит мешавад. Баробари возеҳ, шудани маънои ифодаҳои забон мазмуни мафҳум возеҳу амиқ мегардад. Ҳамин тариқ таъриф – амали мантиқиест, ки тавассути он мазмуни мафҳум ошкор мешавад ё қиммати истилоҳ муқаррар мегардад.
Хусусияти ҳар як илм он аст, ки дар он бояд истилоҳҳои амиқу во-зеҳ истифода шаванд. Лекин ин чунин маъно надорад, ки дар ин ё он илм истилоҳҳои на чандон муайян истифода намешаванд. Зеро дар ҳар як илм истилоҳҳое кор фармуда мешаванд, ки маънои онҳо дар илми мазкур ошкор намешаванд. Ин қабил истилоҳҳо истилоҳҳои илми дигар буда, маънои онҳо дар ҳамон илм баён мешавад. Ғайр аз ин истилоҳҳое кор фармуда мешаванд, ки маънои онҳо на бо ёрии таъриф ё ҳадд, балки тавассути амалҳо ва усулҳои ба таъриф монанд ошкор мешаванд. Масъалаҳое, ки тавассути таъриф ҳал мешаванд, инҳоанд:
- Дар асоси ошкор намудани маънои истилоҳ чизҳое ҷудо мешаванд, ки онҳоро истилоҳи мазкур ифода менамояд;
2) бояд нишонаҳои муҳими ашёе, ки тавассути истилоҳ ифода меёбанд, ошкор шаванд.
Ҳангоми маърифати ғайриилмӣ, мумкин аст, ки масъалаи дуюм ҳал нашавад, лекин маърифати илмӣ бояд ба ҳалли ҳар ду масъала нигаронида шуда бошад. Дар илми мантиқ, қоидаҳои таъриф ва як зумра принсипҳои методологие собит шудаанд, ки онҳо барои ошкор намудани моҳияти ашё ё мафҳум нигаронида шуданд. Ошкор намудани маҷмӯи нишонаҳои муҳими ин ё он ашё, ки мавзӯи илми мушаххасро ташкил медиҳад, вазифаи ҳамин илм мебошад. Вале, баъзан ҳалли чунин масъалаҳо ниҳоят заҳматталаб аст. Илова бар ин, ислоҳ намудани хатогиҳо назар ба ошкор кардани онҳо душвортар аст.
Барои мисол баъзе мушкилиҳое, ки ҳангоми ба мафҳуми «инсон» таъриф додан ба амал меоянд, дида мебароем. Афлотун инсонро ҳамчун «ҳайвони дупои бе пар» таъриф кардааст, ки ин таърифи илмӣ нест, зеро дар ин ҷо масъалаи дуюми таъриф ҳал нашудааст. Масъалаи дуюм ҳамин буд, ки бояд моҳияти ашёи таърифшаванда ошкор шавад. Арасту инсонро ҳамчун «ҳайвони ҷамъиятӣ» таъриф кардааст. Ба ақидаи Ибни Сино, «инсон – ҳайвони нотиқи дупояест, ки қобилияти роҳ рафтан ва ханди-данро дорад». Гелветсий гуфтааст, ки инсон – ҳайвонест, ки дорои даст-ҳо буда, бо ёрии онҳо ҳаргуна олату аслиҳаро кор фармуда метавонад. Барои Франклин, «инсон- ҳайвонест, ки қобилияти истеҳсол намудани олати меҳнатро дорад».
К. Маркс дар «Тезисҳо доир ба Фейербах» навиштааст: «Моҳияти инсон мафҳуми ба фарди алоҳида хосе нест. Вай дар ҳақиқати ҳол маҷмӯи ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятист». Ба ақидаи Маркс, моҳияти инсонро на ин, ки дар фард, балки дар ҷамъият бояд дид.
Саволе ба миён меояд: агар дар оянда дигар мавҷудоти дорои ақлу хирад ошкор шавад, пас ба мафҳуми инсон чӣ гунна бояд таъриф дод? Ба ин савол ҷавоб додан ҳоло мушкил аст. Дар бисёр мавридҳо таърифҳои илмӣ дар натиҷаи ҷараёни мураккаби маърифат пайдо мешаванд. Лекин барои пурра ошкор намудани мазмуни мафҳумҳо таърифҳои илмӣ на ҳа-меша кифояанд, зеро онҳоро на ҳама вақт истифода бурдан мумкин аст. Чунин ҳолатҳоро Ф. Энгельс ва В.И. Ленин борҳо таъкид карда буданд.
Таъриф дар бораи чизҳо (дар доираи ин ё он илм) маълумоти пур-раю ҳаматарафа надиҳад ҳам, на ҷараёни маърифат ва на фаъолияти амалию назарии инсон бе истифодаи он сурат намегирад. Дар бисёр мавридҳо қабл аз истифодаи таъриф амалҳо ва усулҳое кор фармуда мешаванд, ки ба таъриф монанданд. Баъзеи онҳоро дида мебароем; таъ-рифи остенсивӣ, шарҳ бо мисолҳо, тасвир, тавсиф, муқоиса.
Таърифи остенсивӣ – аз калимаи лотинӣ “ostensio”- нишон додан аст – таъбири калима ё гурӯҳи калимаҳоест, ки таввассути бевосита ни-шон додани ашё, амалиёт ё вазъияте, ки бо калимаҳо ё гурӯҳи калима-ҳои мазкур ифода мешаванд, сурат мегирад. Одатан таърифи остенсивӣ ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ ва мавридҳои дигар истифода меша-ванд. Бо вуҷуди ин, соҳаи истифодаи таърифи мазкур маҳдуд аст. Маса-лан, ин таърифро барои таъбири маъно ва қимати калимаҳои «себ», «нок», «гелос» ва ғайра татбиқ намудан мумкин аст. Лекин таърифи ос-тенсивиро нисбат ба мафҳумҳои «абстрактӣ», «мушаххас» истифода бур-дан имконнопазир мебошад. Таърифҳои остенсивиро дар маънои аслиаш таъриф ҳам номидан мумкин нест, зеро тавассути онҳо маънои ифодаҳои забон ошкор намешавад.
Усули дигари ба таъриф монанд тасвир аст. Усули мазкур, махсу-сан, дар зинаи эмпирикии (тасвирии) маърифат кор фармуда мешавад. Дар чунин зинаи маърифат зарурати ошкор намудани хосияти ашё ба миён меояд. Хосияти мазкур метавонанд барои чиз муҳим ва ғайриму-ҳим, фарқкунанда ва фарқнакунанда бошанд. Ҳангоми тасвир тафовути байни хосияти ашё ба назар гирифта намешавад, зеро мақсад он аст, ки ҳар чӣ бештар хосият ошкор шаванд.
Таввасути тасвир ифодаҳои забон таъбир шаванд ҳам, ле-кин бо ёрии он на ҳамеша мазмун ё ҳаҷми мафҳумҳоро муайян кардан мумкин аст. Яъне аниқтар гӯем, ҷудо намудани гурӯҳи ашё, ки тавассути ин ё он истилоҳ ифода меёбад, ё ин ки ошкор намудани нишонаи ашё фақат бо роҳи тасвир на ҳама вақт мумкин аст.
Ибни Сино тасвирро – расм номидааст. Расм дар осори ӯ, хеле муфассал баррасӣ шудааст. Ба ақидаи Ибни Сино мақсад аз расм шинохтани ашёест ва тамоми нишонаҳои муҳиму ғайримуҳим ва тасодуфии ашё бояд номбар шавад. Аз ин рӯ, ҳангоми тасвир моҳияти аслии ашё метавонад ошкор нагардад. Хусусияти асосии тасвир он аст, ки тавасcути он ашё аз якдигар фарқ, кунонида мешаванд. Масалан; «Мардум ҳайвонест, хандон, гирён, паҳнохун» ё «чаҳор шуморе аст, ки аз зарби вай андар хештан шонздаҳ ояд»
Тасвир асоси исбот ва назарияи илмӣ шуда наметавонад, вай фақат барои ашё шинос кардан лозим аст. Тасвир дар аксар соҳаҳои илм, мах-сусан илми ҳуқуқ, ҳангоми фаъолияти амалии муфаттишон васеъ исти-фода мешавад.
Усули дигаре, ки ба таъриф назар ба тасвир наздиктар аст тавсиф мебошад. Дар тавсиф назар ба тасвир нишонаҳои намоёнтар ва фарқкунандаи чиз оварда мешаванд. Ба ғайр аз ин, ҳангоми тавсиф кӯшидан лозим аст, ки тамоми ҷиҳати ашё номбар шаванд. Аксаран дар маърӯзаҳо ҳангоми мурофиа судӣ тавсиф истифода мешавад.
Ифодаҳои забон тавассути усуле, ки онро муқоиса меноманд, таъбир кардан низ мумкин аст. Масалан, ғазаб девонагии кӯтоҳмуддат аст. Усули муқоиса барои собит намудани монандӣ ва тафовути ашё исти-фода мешавад. Барои ин бояд чизҳои муқоисашаванда дар ягон нисбат бо ҳам монанд бошанд.
Чунинанд усулҳое, ки бо таъриф монанданд. Лекин, усулҳои мазкур ҳеҷ гоҳ таърифро иваз карда наметавонанд.
Дар маърифати илмӣ, навъҳои гуногуни таъриф истифода мешаванд. Мо дар ин ҷо як зумра таъриферо дида мебароем, ки махсусан дар илмҳои гуманитарӣ маъмуланд. Пеш аз ҳама таърифҳо номиналӣ (исмӣ) ва реалӣ (воқеӣ) мешаванд.
а) Таърифи номиналӣ (исми). Вақте, ки мутахассисон ва олимон доир ба истифодаи ин ё он ифодаи забон ба ягон қарор меоянд, онҳо бешубҳа ба таърифи номиналӣ муроҷиат менамоянд. Номи «таърифи номиналӣ» аз калимаи лотинии «nomen» (ном) ё худ “nominalis” гирифта шудааст, ки маънояш «дар бобати ном», «дар хусуси ном» ё « мансуб ба ном» аст. Мантиқшиноси англис Ҷ. С Милл дар байни таърифи ном ва таърифи ашё фарқ гузошта буд. Таърифи номиналӣ муайян кардани ном аст. Аз ин рӯ, таърифи мазкур, ба саволи «калима ё ифодаҳои забон чиро ифода мекунанд?» ҷавоб медиҳад.
Масалан: а) анемометр – асбобест, ки қувваи шамолро чен меку-над; б) мураббаъ, росткунҷаест, ки тарафҳои он ба ҳам баробаранд; в) космогония – соҳаи илмест, ки пайдоиш ва инкишофи ҷисмҳои кайҳонӣ ва системаи онҳоро меомӯзад; г) демократия – ҳокимияти халқ мебошад; д) криминология илмест, ки сабабҳои содиршавии ҷиноятро меомӯзад. Дар таърифи номиналӣ бештар номи ин ё он истилоҳ ошкор мешавад. Масалан, истилоҳи «философия» аз калимаҳои юнонии «филио» – дӯст медорам ва «софия» – ҳикмат иборат буда, маънояш ҳикматдӯстӣ мебо-шад. Барои таърифҳои номиналӣ иштирок доштани калимаҳои «номида мешавад» ва «ном дорад» дар таркиби таъриф хос мебошад.
б) Таърифи реалӣ (воқеӣ). Таъкид кардан ҷоиз аст, ки таърифи реалӣ ба ду савол ҷавоб медиҳад: 1. «Маънои истилоҳ чӣ гуна аст»? 2. Чизҳое, ки тавассути истилоҳ ифода шудаанд, чӣ гунаанд?
Одатан таърифҳои реалӣ дар мавридҳои зерин истифода мешаванд;
- агар, қимати истилоҳ маълум бошад, лекин маънояш (мафҳум) не;
- агар қимати истилоҳ қисман маълум набошад ва маънояш ё маъ-лум набошад ё, ки қисман маълум бошад;
- агар ҳам қимат ва ҳам маънои истилоҳ маълум бошад, лекин ҷудо кардани нишонаҳои муҳими ашё талаб шуда бошад ва ғайра.
Барои муқоиса таърифи номиналиро дида мебароем. Таърифи номиналӣ фақат ба як савол ҷавоб медиҳанд: «Маънои истилоҳи мазкур чӣ гуна аст?». Тавре, ки дар боло зикр намудем, таърифи номиналӣ қарордодест дар бораи истифодаи истилоҳ, яъне барои ифодаи ашё (чиз) ягон истилоҳ шартан қабул мешавад. Аз ин, рӯ, нисбат ба таърифи но-миналӣ гуфтан мумкин нест, ки онҳо ҳақ ё дурӯғ, дуруст ё нодурустанд. Масалан, агар мо шартан усулҳои оддитарини маърифатро усулҳои маърифат номем, пас истифодаи калимаҳои «ҳақ» ё «дурӯғ» ва «дуруст» ё «нодуруст» нисбат ба ин қарордодҳо раво нест.
Таърифҳои реалӣ ҳукманд, бинобар ин, онҳо ҳақ ё дурӯғ шуда метавонанд. Агар дар онҳо чизҳо дуруст тавсиф шуда бошанд, он гоҳ таърифро таърифи дуруст (ё ҳақ) мегӯянд. Ва агар чизҳо нодуруст тавсиф шуда бошанд, пас таърифи реалиро дурӯғ меноманд.
Аксаран таърифҳои номиналиро аз таърифҳои реалӣ аз рӯи пор-чаи дахлдори матн фарқ менамоянд. Агар дар таркиби таъриф мисли ка-лимаҳои «ифодаи мазкурро ба маънои зерин истифода мебарем» дучор гардад, пас маълум аст, ки ин қабил таърифҳо, таърифи номиналианд.
Таърифҳои номиналӣ ва реалӣ дар ҷараёни маърифат вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд.
Таърифҳоро аз рӯи шакл (яъне тарзи ошкор кардани нишонаҳои ашёи таърифшаванда) бо ду навъ ҷудо мекунанд: таърифи ошкор ва но-ошкор.
Таърифи ошкор – он таърифест, ки сохти зеринро дорад: «А-В мебошад» ё «А аст, агар ва агар фақат В бошад». Дар ин ҷо: А – ифодаи таърифшаванда, В – таърифкунанда аст. Мафҳуми таърифшавандаро, одатан, дефиниендум (аз калимаи лот “definiendum” – таърифшаванда) ва таърифкунанда-ро – дефиниенс (аз калимаи лот “definiens” – таъриф-кунанда) меноманд.
Таърифи ноошкор шакли мазкурро надорад.
Навъи асосии таърифи ошкор таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл мебошад, ки он чанд хел мешавад: а) таърифи атрибутивӣ; б) таъ- рифи генетикӣ (ирсӣ); в) таърифи оператсионалӣ.
Навъҳои асосии таърифи ноошкор: а) аз рӯи муносибат;
б) таърифи констектуалӣ-матнӣ;
в) таърифи аксиомавӣ;
г) таърифи индуктивӣ;
д) таърифи рекурсивӣ;
е) таъриф аз рӯи абстрактсия.
2. Таърифи ошкор
Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл ва онро баъзан таъриф тавассути ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ низ меноманд. Дар ин қабил таъриф ба ҷои пурра номбар шудани нишонаҳои чиз, танҳо ба ин ё он гурӯҳ мансуб будани онро таъкид мекунанд. Ба ғайр аз ин ба нишонае таъкид карда мешавад, ки ба туфайли он чизи таърифшаванда аз дигар ашёи ин гурӯҳ фарқ менамояд. Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл (яъне нишонаи фаслсоз) аз рӯи схемаи зерин сурат мегирад; барои таърифи ягон чиз ё мафҳум, пеш аз ҳама, бояд ҷинси наздики онро муқаррар кард. Зеро чизи таърифшаванда ба ҳаҷми мафҳуми ҷинси наздик тааллуқ дорад; сипас, дар дохили ҷинси наздик нишонаҳои фаслсози чизи таъ-рифшавандаро аниқ мекунанд. Зеро ҳар як мафҳуми ҷинсӣ (ҷинси наздик) метавонад якчанд мафҳуми навъиро фаро гирад ва онҳо аз якдигар маҳз аз рӯи нишонаҳои фаслсозаш фарқ мекунанд. Бинобар ин, барои мафҳуми навъии таърифшавандаро аз дигар навъҳои ҷинси наздик фарқ кардан, нишонаи навъӣ ё аниқтараш нишонаҳои фаслсози онро му-қаррар намудан лозим аст. Таърифи мазкурро бо мисолҳои зерин шарҳ медиҳем; «Капитализм чунин форматсияи иҷтимоию иқтисодиест, ки дар он муомилоти молии шакли олӣ ҳукмрон аст ва қувваи корӣ низ дар он ба мол табдил ёфтааст». Дар ин мисол «форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ» ҷинси наздик мебошад. Фасли он мафҳуми таърифшавандаи «капи-тализм» ва нишонаи фаслсозаш, ки аз рӯи он «капитализм» аз дигар фаслҳо (масалан феодализм, ғуломдорӣ ва ғайра) фарқ менамояд, ба шумор меравад. Дар ин таъриф нишонаҳои «муомилоти моли шакли олӣ ҳукмрон будан», «қувваи корӣ ба мол табдил ёфтан» нишонаҳои фаслсозанд, ки бо ёрии онҳо капитализм ҳамчун фасл (ё мафҳуми навъӣ) аз фаслҳои дигари форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ фарқ кунонида мешавад.
Дар таърифи «Мантиқ – илмест, ки шаклҳо ва қонунҳои тафакурро меомӯзад», «мантиқ» фасл ё худ мафҳуми навъии таърифшаванда, «илм»- ҷинси наздик ва «шаклҳо ва қонунҳои тафакурро меомӯзад» нишонаҳои фаслсоз мебошанд. Мисоли дигар: «Давлати истисморӣ – ташкилоти сиёсии синфӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмронест, ки муқобилияти синфҳои мазлумро тазъиқ дода, тартиботи мавҷударо муҳофизат мекунад. Дар ин ҷо, мафҳуми «давлати истисморӣ» – фасл, «ташкилоти сиёсии синфӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон» – ҷинси наздик ва «муқобилияти синфҳои маз-лумро тазъиқ дода, тартиботи мавҷударо муҳофизат мекунад» нишона-ҳои фаслсоз мебошанд.
Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фаслро дар намуди умумиаш ба шакли зерин ифода кардан мумкин аст: А=df ВС. Дар ин ҷо А – чизи таърифшаванда, В – ҷинси наздик ва С – нишонаҳои фаслсозанд. Ин таъриф махсусан дар илмҳои гуманитарӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, яке аз мафҳумҳои илми криминалистика ин тавр таъриф дода шудааст: «Тавсияномаи криминалистӣ гуфта маслиҳати амалиеро меноманд, ки ил-ман асоснок буда, расман маъқул дониста шудаанд. Маслиҳатҳои мазкур аз интихоб ва татбиқи васоити техникию криминалистӣ сар карда, то усулҳою тарзҳои ҷо ба ҷо гузории натиҷаҳои тадқиқоти криминалистӣ, инчунин, тарзҳои гуногуни истифодаи исботро фаро мегирад».
Дар ин таъриф низ тавсияномаи криминалистӣ тавассути нишона-ҳои фаслсозаш, ки мо онҳоро зикр кардем, аз байни маҷмӯи маслиҳатҳои амалӣ ҷудо карда шудааст. Маҷмӯи чизҳое, ки аз байни онҳо чизҳои таърифшаванда ҷудо мешаванд (дар мисоли мо маслиҳатҳои амалӣ) ҷинс ном дорад. Нишонаҳое, ки тавассути онҳо чизҳои таърифшаванда ҷудо мешаванд, нишонаи навъӣ ё фасл номида мешавад.
Таърифи атрибутивӣ (сифатӣ). Агар нишонаҳои фаслсози чизи таърифшавандаро сифат ё хосиятҳо ташкил диҳад, он гоҳ ин гуна таъ-рифро таърифи атрибутивӣ меноманд. Масалан, сифат – чизест, ки ба чиз худ ба худ мутааллиқ аст. Хосият бошад, зоҳиршавии сифат дар натиҷаи таъсири мутақобила ба ашёи дигар аст. Масалан, дар металлҳо мавҷуд будани электронҳои озод – сифати онҳост. Қобилияти барқгуза-ронии металлҳо хосияти онҳост ва дар натиҷаи таъсири мутақобилаи си-фати мазкур бо майдони барқӣ зоҳир мешавад.
Таърифи генетикӣ (ирсӣ). Дар таърифҳои генетикӣ, тавассути нишонаҳои фаслсоз тарзи пайдоиш ва ташаккули чизи таърифшаванда муқаррар мешавад. Таърифи мазкурро ҳанӯз Арасту баён карда буд.
Масалан, «Гирифтани Офтоб натиҷаи миёни Офтобу Замин ҷойгир шу-дани Моҳ ё ба Замин афтидани сояи Моҳ аст». Дар ин таъриф тарзи генетикӣ гирифтани Офтоб баён шудааст. Файласуфи англис -Томас Гоббс таърифи генетикии зеринро додаст: «Давра – шаклест, ки дар нати-ҷаи давр занонидани порчаи хатти рост дар атрофии яке аз нӯгҳояш дар ҳамворӣ пайдо мешавад».
Таърифи генетикиро барои муқаррар намудани обьектҳои оддӣ, масалан, обектҳои геометрӣ истифода бурдан дуруст аст. Лекин ҳангоми муайян кардани зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ, танҳо таъкид намудани пайдоиши онҳо кифоя нест. Ғайр аз пайдоиш, бояд дорои кадом сифатҳо будани онҳо, низ таъкид шавад. Масалан, В И. Ленин баробари муайян намудани миллат на фақат пайдоиши онро, балки нишонаҳои муҳимта-рини миллатро номбар кардааст. Бинобар ин, ҳангоми таърифи зуҳуроти иҷтимоӣ ҷоиз аст, ки ба таърифи генетикӣ таърифи атрибутивӣ илова шавад ё ки дар як таъриф ҳам пайдоиш ва ҳам хусусиятҳои муҳими зуҳуроти таърифшаванда таъкид шавад.
Таърифи оператсионалӣ (амалӣ), таърифест, ки дар он ашё тавассути таъкид намудани амалҳо ҷудо карда мешавад ва ин амалҳо барои шинохтани ашё кӯмак мерасонанд. Масалан, «Кислота моъеест, ки ҳангоми ба вай ғутонидани коғази лакмусӣ ранги коғаз сурх мешавад». Дар ин ҷо мақоми фасл ё нишонаи навъиро амали шинохтан мегирад.
3. Таърифи ноошкор
Таъриф аз рӯи муносибати мафҳуми таърифшаванда бо мафҳуми ба он муқобил. Ин навъи таъриф дар фалсафа ниҳоят маъмул мебошад. Дар он, яку якбора, ду истилоҳ муайян карда мешавад. Яъне муносибати ашёе, ки тавассути истилоҳ ифода шудааст бо чизҳои истилоҳи дигар муқаррар карда мешавад. Масалан, сабаб зуҳуротест, ки дар шароитҳои муайян ногузир зуҳуроти дигареро ба вуҷуд меоварад ва онро натиҷа меноманд. Айнан ҳамин тавр, ҳангоми таърифи мода (материя) онро бо шуур муқобил гузошта, муносибати байни онҳо таъкид мешавад ва ғай-ра.
Таърифи матнӣ. Дар таърифҳои матнӣ мазмун ва маънои матне, ки истилоҳи таърифшавандаро фаро гирифтааст ошкор мешавад. Масалан мантиқшиноси поландӣ А. Тарский ибораи « ҳақ аст» – ро чунин муайян кардааст: Гуфтори «Барф сафед мебошад» ҳақ аст ва фақат дар ҳамон маврид, ки агар барф сафед бошад. Ё худ дар намуди умумӣ, «Гуфтори «Р» ҳақ аст, фақат ва фақат дар ҳамон маврид, ки агар Р – «ҳақ» бошад». Ин гуна таърифи матнӣ шакли зеринро дорад: К(a) ≡ Т. Дар ин ҷо (≡)- «аз рӯи таъриф эквивалент мебошад»; а – ибораи таърифшаванда, ки ба ибораи мураккаби К дохил аст. (Агар ҳамаи ибораи К(а) чун дефиниендум ҳисоб шавад, он гоҳ таърифи мазкур таърифи ошкор мешавад). Таърифи намуди К (а) ≡ Т таърифи матнӣ буда, номи махсус дорад: «for use» ё, ки «in use» («барои истифодабарӣ», «дар истифодабарӣ»). Намуди дигари таърифи матнӣ – муайян намудани истилоҳоти матни шаклаш К(а) ≡ Т набуда мебошад.
Масалан: Тавассути ҷадвал муайян кардани қиматҳои импликатсия. Ин қабил таърифро таърифи хоси матнӣ меноманд. Боз як намуди таърифи матнӣ таъриф дар матн ном доранд. Дар чунин мавридҳо, худи матне, ки дар он истилоҳ истифода шудааст, таъриф ҳисобида мешавад. Чӣ дар матн ва чӣ берун аз он доир ба таърифи истилоҳ чизе гуфта нашудааст. Лекин, агар мо ба матн бо диққат назар карда онро таҳлил намоем, аз он таърифи истилоҳи мазкурро гирифтан мумкин аст. Масалан, дар натиҷаи тадқиқи матнҳое, ки аз муаллифони қадим боқӣ мондааст, дар бораи ақидаҳои фалсафии Демокрит, инчунин доир ба мафҳуми «сабаб» дар таълимоти ӯ маълумоти муайян гирифтан мумкин аст.
4. Қоидаҳои таъриф ва хатогиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани онҳо рӯй медиҳанд.
Ин ҷо, қоидаҳоеро аз назар мегузаронем, ки ба таърифҳои реалӣ тааллуқ дошта, бештар дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ истифода мешаванд. Қоидаҳои дуюм ва сеюм, инчунин, ба таърифҳои номиналӣ низ татбиқ мешаванд.
Қоидаи якум. Таъриф бояд мутаносиб бошад, яъне ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда бояд бо ҳаҷми мафҳуми таърифкунанда баробар бошад.
Агар ҳаҷми дефиниендум ва дефиниенсро мувофиқан бо аломатҳои «дfd» ва «дfn» ишора кунем пас ин қоидаро чунин ифода кардан мумкин мебошад. Бояд, ки «дfd» = «дfn бошад».
Ҳангоми риоя нашудани қоидаи мутаносибии мафхумхо холатхои зерин чой дошта метавонанд:

Ҳангоми риоя нашудани қоидаи якум барои вазъиятҳои а); б); в); г): хатогиҳои зеринро мувофиқ меоянд.
a) «Таърифи ниҳоят васеъ». Барои мазмунан ҳақ будани таъриф шаклан дуруст будани он ҳатмист, зеро таъриф танҳо дар он сурат барои ҳалли масъалаҳо ёрӣ мерасонад, ки агар он, мазмунан ҳақ ва шаклан ду-руст бошад. Баъзан саҳеҳии таъриф ҳангоми риояи қоидаи мутаносибӣ ба даст меояд. Мувофиқи қоидаи мазкур ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда бояд ба ҳаҷми мафҳуми таърифкунанда баробар бошад. Аммо, чӣ хеле, ки мо таъкид намудем, ин қоида аксаран вайрон мешавад. Масалан, лек-тори доир ба масъалаи тарбияи ахлоқ баромадкунанда чунин таъриферо пешниҳод намуд; «Ахлоқ, шакли шуури ҷамъиятист». Оё чунин таъриф дуруст аст? Бешак ахлоқ шакли шуури ҷамъиятист, аммо идеологияи си-ёсӣ, шуури ҳуқуқӣ, санъат ва ниҳоят фалсафа низ шаклҳои шуури ҷамъи-ятӣ мебошанд. Аз ин рӯ, таърифи мазкур нисбатан васеъ аст. Аниқта-раш, мафҳуми таърифкунанда (дfn) аз мафҳуми таърифшаванда (дfd) ва-сеътар аст. (wдfd<wдfn). Мисолҳои дигар: «Ҳаннотӣ гуфта харида фу-рӯхтани молҳо ё чизҳои дигарро меноманд». «Инсон – ҳайвони дупои бе пар мебошад». Ин таърифҳо таърифҳои ниҳоят васеъ мебошанд. Дар баъзе мавридҳо хатои «таърифи ниҳоят васеъ»-ро дар чунин матнҳо муқаррар кардани мешаванд, ки дар асл вай вуҷуд надорад. Сабаб дар он аст, ки таърифи ошкор ва ҳукми атрибутивӣ бо ҳам айният дода мешавад, ҳол он, ки ҳукми атрибутивӣ вазифаи таърифро иҷро карда наметавонад. Ҳукми атрибутивӣ ва таърифи ошкор зоҳиран якхелаанд, зеро шакли мантиқиашон А – В аст, бинобар ин, онҳо бо ҳам омехта мешаванд. Барои пешгирии чунин ҳолат бояд дар матн ҳамаи таърифҳо махсус таъкид шаванд. Барои таъкид усулҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст: дар зери ибораҳо хат кашидан, истифодаи ҳуруфи махсус, калимаҳои «номида мешавад», «фалон ифодаро ин тавр муайян мекунем» ва ғайра.
б) «Таърифи ниҳоят маҳдуд». Агар мо мафҳуми «кӯл»-ро ҳамчун «қисми обии сатҳи замин, ки аз ҳама тараф бо хушкӣ иҳота шуда, обаш нушокӣ мебошад» ё ин ки мафҳуми «капитализм»-ро ҳамчун «формат-сияи иҷтимоию иқтисодие, ки дар он ҳукмронии монополияҳо ва оли-гархияи молиявӣ мавҷуд аст» – гӯён таъриф кунем, пас хато содир меку-нем, зеро дар ин ҷо низ қоидаи мутаносиби вайрон шудааст, аммо нисбат ба ҳолати пешин, яъне (а), мафҳуми таърифкунанда (дfn) аз мафҳуми таъ-рифшаванда (дfd) маҳдудтар аст: (wдfd>wдfn). Дар таърифҳои мазкур ба сифати фасл на нишонаи фарқкунандаи навии таърифшаванда, балки нишонаи нави тартиби дуюм интихоб шудааст.
Нишонаҳои фаслсози мазкур, ба ҳамагуна мафҳумҳои «кӯл» ва «ка- питализм» мансуб набуда, мувофиқан танҳо ба баъзе кӯлҳо ё зинаи импералистии инкишофи капитализм хосанд. Ин хатогии «таърифи ниҳоят маҳдуд» аст.
Мислоҳои дигарро дида мебароем. Агар мо мафҳуми «марг»-ро ҳамчун «интиҳои табии ҳамаи мавҷудоти зинда» таъриф диҳем, пас мар-ги ғайритабиӣ куҷо мешавад? Агар мо мафҳуми «виҷдон»-ро ҳамчун «нисбат ба кирдорҳои содир кардааш дар назди худ масъул шудани шахс» таъриф кунем, пас масъулияти вай дар назди ҷамъият куҷо шуд?
в) «Таърифи чилликӣ» он аст, ки дар байни ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда ва таърифкунанда муносибати чилликӣ ҷой дорад. Масалан «файласуф – шахсест, ки методолгияи илмиро кор карда мебарояд».
г) Хатое, ки ба схемаи охирин мувофиқ аст, дар ҷараёни маърифат бисёр кам вомехӯрад. Аз ҳамин сабаб, вай ном ҳам надорад.
Қоидаи дуюм. Таъриф набояд давр занад. Агар ин қоида риоя на-шавад, хатое ба миён меояд, ки онро «таърифи доирашакл» ё ки «таъри-фи даврзананда» меноманд. Моҳияти он чунин аст: дfd тавассути дfn таъриф дода мешавад, вале дfn дар навбати худ бевосита ё бавосита та-вассути дfd муайян мешавад. Аниқтараш, ҳангоми таъриф намудани як мафҳум мафҳуми дигареро истифода мебаранд, ки худи он дар навбати худ ба воситаи мафҳуми аввала таъриф мешавад. Масалан, «Мантиқ – илм дар бораи тафаккури дуруст буда, тафаккури дуруст гуфта тафаккури мантиқиро меноманд»; «Даврзанӣ гуфта ҳаракати нуқтаро дар ат-рофи меҳвари худ меноманд, меҳвар хатти ростест, ки дар атрофии он даврзанӣ ба амал меояд». Яке аз қаҳрамонони асари «Бемории бардурӯғ»-и Молер сабаби қувваи хобовар доштани афюнро ин тавр шарҳ медиҳад: «Афюн барои он хобовар аст, ки дорои қувваи хобоварӣ мебошад ва афюн барои он қувваи хобоварӣ дорад, ки хобовар аст».
Ин гуна хатоӣ, дар китобҳои дарсӣ низ дида мешавад. Масалан, дар як қатор китобҳои фалсафӣ категорияи моҳият ҳамчун маҷмӯи роби-таҳои дохилию зарурии объект муайян шудааст. Зарурат бошад, чун ҷи-ҳат ва робитаҳоест, ки тавассути моҳияти объект муқаррар мешаванд. Шакли махсуси таърифи даврзанандаро тавтология ё худ «ҳамон тавас-сути ҳамон» бо лотинӣ «idem per idem» меноманд. Дар таърифоти тавто-логӣ ба ҷои мафҳумҳои таърифкунанда (дfn) дар таъриф худи мафҳуми таърифшаванда (дfd) такрор мешавад. Масалан: «Одами диндор шах-сест, ки эътиқоди динӣ дорад». «Иртиҷопараст, шахси дорои эътиқоди иртиҷоӣ аст», «давлати сотсиалистӣ чунин давлатест, ки дар он сотси-ализм сохта шудааст». «Имконият чизест, ки мумкин ба миён ояд, мум-кин наояд», «миқдор – ҷиҳати миқдории чизҳоро тавсиф менамояд», «ри-ёзиёт илмест, ки бо он риёзидонҳо машғуланд» ва амсоли он. Дар бораи ин қабил хатогиҳо дар урфият мегӯянд: «равғани равғанин». Ин такрори хушку холӣ ё тавтология мебошад.
Ибни Сино, қоидаҳои таъриф ва сабаби руй додани хатоҳоро басо муфассал таҳқиқ намудааст. Нисбат ба таърифи даврзананда ӯ навишта буд: Чизеро бишносанд ба он чиз, ки ба вай шинохта нашавад, чунон, ки гӯянд андар ҳадди Офтоб, ки: «Офтоб он ситора аст, ки ба рӯз барояд». Пас Офтобро ба рӯз шиносонанд ва нашояд, ки касе рӯзро бишносад илло бо Офтоб, зеро, ки ба ҳақиқат рӯз он замон бувад, ки Офтоб андар вай баромада бувад. Пас, чун Офтоб мушкил бувад рӯз мушкил бувад, балки мушкилтар бувад».[1]
Мантиқшиноси тоҷик «тавтология»-ро чунин баррасӣ намудааст. Баъзан, «чизро ҳам ба худ шиносонанд, чунон, ки андар замон гӯянд, ки «Замон муддати ҷунбиш аст». Ва муддату замон як чиз бувад ва он кас-ро, ки ҳадди замон мушкил бувад, ҳам ӯро ҳадди муддат мушкил бувад. Ва пурсидани вай, ки замон чист? – пурсидани вай бувад, ки муддат чист?[2]
Дар «Ишорот ва танбеҳот» таъкид шудааст, ки муаррифон баъзан «таърифи чиз ба нафси худаш кунанд, чунон, ки гӯянд, ки: «ҳаракат нақ-лат аст» ва «инсон ҳайвони башарӣ аст» таърифи чиз бад он кунанд, ки нашносанд илло ба он чиз, ё мусарраҳ (маълум) ё музмар (ниҳон). Аммо мусарраҳ, чунонки гӯянд, ки «кайфият он бошад, ки бад он мушобаҳат ва номушоҳабат уфтад ва натавонад таърифи мушобаҳат кардан илло бад-он, ки иттифоқ аст дар кайфият. Ва аммо музмар, чунонки муарра-фун биҳи (таърифшаванда) ба охири кор ба худ шинохта шавад. чунонки гӯянд, ки «ду завҷи аввал аст». Пас гӯянд, ки ду ададе аст, ки мунқасим бошад ба тасовӣ». Он гаҳ мутасавиёнро таъриф кунанд ба ду чизе, ки аз эшон ҳар яке мутобиқи дигар аст, он гоҳ гӯянд, ки «чиз ва чиз дуи аст» зеро, ки лобуд бошад истеъмоли дуи ҳар ду чизе, аз он рӯй, ки ду чизанд[3].
Қоидаи сеюм. Таъриф бояд возеҳу аниқ бошад. Қоидаи мазкур талаб мекунад, ки ҳангоми таъриф додан бояд мазмуни мафҳуми таърифшаванда (дfd) тавассути мафҳумҳои таърифкунанда (дfn) возеҳ ва аниқ, ки дорои ду маъно нестанд, муқаррар шавад. Аниқтараш, дар ҳайати таърифкунанда, калимаҳои шарҳноталаб таъкид гарданд. Вагарна, лозим меояд, ки худи таърифкунанда боз таъриф шавад. Риоя накардани қоидаи мазкур боиси хатои мантиқие мегардад, ки он «таърифи чизи номаълум ба воситаи номаълум» ё «таърифи Х тавассути У» ном дорад. Дар ҳамаи мавридҳо ин таъриф «таърифи ноаниқ шуда» мемонад.
Мисолҳои таърифи ноаниқ инҳоанд; «аҳкомпараст – схоласт аст», «скептисизм таълимоти фалсафиест, ки ба агностисизм наздик аст», «зебоӣ қиёфаи фардию такрорнашавандаи ҷинсист», «ахлоқи касбии афсари тоҷик гуфта зоҳиршавии куллиро дар махсус меноманд» ва ғайра. Дар ин мисолҳо худи мафҳумҳои таърифкунанда «схоласт», «агностисизм», «қиёфаи фардию такрорнашавандаи ҷинсӣ ва зоҳиршавии кулл дар махсус» мӯҳтоҷи таърифанд. Масалан, касе, ки фалсафаро надонад гумон аст, ки маънои схоласт ё агностисизмро бифаҳмад.
Дар ин бобат Ибни Сино навишта буд; «Чизеро ба чизе шиносо-нанд, ки он чиз ҳамчун вай бувад ба пӯшидагӣ ва пайдоӣ, чунонки гӯянд, ки «сиёҳӣ онгуна аст,ки зидди сапедӣ аст». Ва ин авлотар нест аз он, ки гӯянд, ки сапедӣ он гуна аст, ки зидди сиёҳи аст, ки сиёҳию сапедӣ ба як ҷойгаҳанд андар пӯшидагию пайдои… чизеро ба чизе аз вай пӯшидатар шиносонанд, чунонки гӯянд: «Андар ҳадди оташ, ки вай он ҷисм аст, ки ба нафс монанд ва нафс бисёр пӯшидатар аз оташ»[4].
Фикри мазкур дар «Ишорот ва танбеҳот» низ тасреҳ ёфтааст: «таърифи ҷизе ба чизе кунанд, ки монанди якдигар бошанд дар маърифат ва ҷаҳолат. Чунон, ки касе гӯяд, ки: «Завҷ ададе аст, ки на фард аст», ё таърифи чизе ба чизе кунад, ки аз он пӯшидатар бошад. Чунон, чӣ гӯ-янд, ки: «Оташ устуқусе аст монанди нафс ва нафс пӯшидатар аст аз оташ»[5].
Ибни Сино ҳолатҳои гуногунро таҳқиқу ҷамъбаст намуда навиш-тааст: «Ҳар чизе, ки ношинохта бувад ва хоҳӣ, ки шинохта кунӣ ба чизе кунӣ, ки аз вай шинохтатар бувад ва илло ҳеҷ фоида набувад»3.
Барои он ки таъриф дар бораи чизи таърифшаванда маълумоти пурра диҳад ва ба доираи васеи одамон фаҳмо бошад, бояд тавассути истилоҳҳои муайяни якмаънодор возеҳу аниқ тасреҳ ёбад.
Баъзан ба ҷои таъриф ибораҳои маҷозию истиорагӣ, ғарибу мустаорро ба кор мебаранд, ки таърифи мафҳум шуда наметавонанд. Албатта, ибораҳои маҷозӣ то андозае барои тавзеҳии мафҳуми таърифшаванда хизмат карда метавонанд, лекин таърифи дорои ибораҳои маҷозӣ возеҳу аниқ шуда наметавонад. Масалан; «Такрор модари дониш аст», «Шер – шоҳи ҳайвонот аст», «Кӯдакон – гули ҳаётанд», «Риёзиёт маликаи илм-ҳост» ва ҳоказо.
Ибни Сино навишта буд: «Истеъмоли алфози ғариб ва маҷозӣ ва мустаор дар таҳдид кардан зишт бошад, балки бояд, ки истеъмоли алфози томм ва муътадил кунанд. Ва агар иттифоқ уфтад,ки маъниро лафзи муносиби муътод набошад, бояд, ки аз баҳри вай лафзи муносиби мувофиқ ихтироъ кунанд ва далел созанд бар он маънӣ, он гоҳ истеъмол кунанд»[6].
Қоидаи чаҳорум. Таърифи номиналӣ (исмӣ) набояд таърифи реалӣ (воқеӣ) ҳисоб шавад. Чӣ тавре, ки дар боло таъкид шуд, таърифҳои номиналӣ дурӯғ шуда наметавонанд. Баъзан таърифҳои номиналиро ҳамчун таърифи реалӣ ҳисоб карда, ба вай маълумоти навро илова менамоянд. Маълумоти нави иловашуда метавонад ҳукме бошад, ки дар он оид ба вуҷуд доштани чизҳои дар дефиниендум инъикосшуда сухан равад. Дар натиҷаи чунин тафсир мумкин аст, ки фикри дурӯғ пайдо шавад, зеро дефиниендуми таърифи номиналӣ метавонад истилоҳи ғайрихолӣ набошад. Мисоли зеринро дида мебароем, ки дар он таърифи номиналӣ ҳамчун таърифи реалӣ тафсир шудааст Фарз мекунем, ки таърифи номиналии зер дода шудааст: «Аллоҳ – мавҷуди мукаммалтарин аст». Таърифи номиналии дигареро мегирем; «Мавҷуди мукаммалтарин мавҷудотест, ки дорои ҳамагуна хосияти чизҳои обективи, буда, илова бар он хосиятҳои ҳамадонӣ, муқтадирӣ ва ғайраро дорост». Оё мумкин аст, ки ин таърифҳоро муқаддимаҳо дониста, аз онҳо дар бораи вуҷуд доштани Аллоҳ натиҷа гирифта шавад? Гирифтани чунин натиҷа (яъне Аллоҳ мавҷуд аст) дар як ҳолат, яъне ҳангоми таърифҳои мазкурро ҳамчун таърифи реалӣ тафсир намудан имконпазир аст.
Агар ин муқаддимаҳо ҳукмҳои ҳақ бошанд, бешак натиҷа низ ҳақ мешавад. Лекин, азбаски таърифҳои номиналианд онҳоро на ҳақ ва на дурӯғ ҳисобидан мумкин нест. Бинобар, ин аз онҳо натиҷаи дуруст ги-рифта намешавад.
Дар муҳокимаронии боло, ҳангоми тафсири таърифҳои номиналӣ ҳамчун таърифи реалӣ, баробари ҳақ ҳисобидани муқаддимаҳо вуҷуд доштани Аллоҳ низ тахмин мешавад. Сипас, аз тахмине, ки мувофиқи он Аллоҳ мавҷуд аст, хулоса бароварда мешавад, ки дар ҳақиқат, Аллоҳ мавҷуд аст. Бо ҳамин тариқ, чунин тарзи муҳокимаронӣ на ин ки вуҷуд доштани Аллоҳро, балки ҳукми «Агар Аллоҳ мавҷуд бошад, пас вай вуҷуд дорад»-ро собит мекунад.
Қоидаи панҷум. Қоидаи муҳим будани таъриф. Дар таърифҳои илмӣ бояд ҷиҳатҳои муҳими чизҳо ошкор шавад. Талаботи мазкурро Арасту пешниҳод карда буд. Ба ақидаи ӯ, таъриф тавассути ҷинс ва фасл моҳи-ятеро ифода мекунад, ки на фақат барои чизҳои таърифшаванда, балки барои чизҳои дигар низ умумист. Фасл ё худ навъи фарқкунанда, моҳи-яти махсуси фасл, яъне моҳияти чизҳои дар мафҳуми таърифшаванда инъикосшавандаро ифода менамояд.
Дарки моҳият ниҳоят масъалаи мушкил аст, зеро дар зери зуҳурот ниҳон аст. Ғайр аз ин, бо мақсади дарки амиқи ашё ё зуҳурот, ҳангоми маърифат аз дарки моҳияти тартиби якум ба моҳияти тартиби дуюм ва ҳоказо мегузаранд. Баъзан чунин ҷараён беинтиҳо давом мекунад.
Ҳангоми таъриф бошад мекӯшанд, ки моҳияти амиқтарини чиз ошкор шавад. Моҳияти амиқтарини чизро маҷмӯи чунин нишонаҳои муҳим ташкил мекунанд, ки тавассути онҳо тамоми нишонаҳои муҳими боқимонда (ва баъзе нишонаҳои номуҳим низ баён) мешаванд.
Дарки моҳият барои истифодаи усули диалектикии маърифат мусоидат мекунад, ки ин усул аз принсипҳо, қоидаҳои умумии методологӣ ва шаклҳои диалектикию мантиқии маърифат, инчунин фаъолияти амалӣ иборат аст. Ҷаҳонфаҳмии диалектик, вазифаи методологиро низ иҷро карда метавонад. Принсипҳои усули диалектикӣ, дар навбати худ, принсипҳои диалектикию мантиқии таърифанд, ки чанде аз онҳоро мо дар §2 боби II баён карда будем.