Аз одамони бузург омӯзед – тарбияи ҷисмонӣ

Аз одамони бузург омузед – тарбияи чисмони.


Исмоили Сомони Кахрамон
Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён

Аз рӯи ёдгориҳои таърихии гуногун муайян шудааст, ки дар замони суғдиҳо ва бохтариҳо (асри III то солшумории мелодӣ) ҷанговарон далер ва боқувват будаанд.

Асосгузори давлати Сомониён ҷанговари шуҷоъ, далер ва боқувват буд. Ҳамаи ҷанговарони ӯ ҷисман омода буда, дар ҳар лаҳзаву ҳолати мухталиф ба ҳар гуна душман мардонавор зарбаҳои ҷавобӣ медоданд.

Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Дар давраи Сомониён олими бузурги тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар тамоми дунё номи ин олим, файласуф, шоир ва табиб машҳур аст. Ӯ таълим медод: «Инсоне, ки мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна табобат эҳтиёҷ надорад.»

Мероси Абӯалӣ ибни Сино барои мову шумо на танҳо равишҳои назариявии тарбияи ҷисмонӣ, балки истифодабарии амалии онҳоро низ меомӯзонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ӯ дар ҷилди якуми «Қонуни илми тиб» пайваста дар бораи мавқеи машқҳои ҷисмонӣ барои муҳофизати организм аз бемориҳо, мустаҳкамсозии саломатӣ сухан меронад. Ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино хоби мӯътадил, ҳавои тоза, нигоҳубини бадан, пеш аз ҳама, машқҳои ҷисмонӣ (аз ҷумла чун воситаи табобатӣ ва пешгирикунандаи бемориҳо) барои ҳамаи одамон новобаста аз синну сол фоидаоваранд.

Абӯалӣ ибни Сино ба тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули насли ҷавон диққати бештар додааст.

Ӯ ба тарбияи ҷисмонӣ дар оила таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, мавқеи падарро махсус қайд кардааст, ки бояд ба фарзандони худ ғамхор бошад, онҳоро аз таъсироти бади беруна ҳимоя карда, риояи реҷаи рӯзро барояшон талқин намояд ва ба инкишофи мӯътадили хислати бачаҳо мусоидат кунад.

Абӯалӣ ибни Сино ҷонибдори истироҳати фаъол буд, ки аз фаъолияти ҳаракатии мухталиф бой бошад. Ӯ ченаки тарбияи ҷисмонӣ, тавсифномаи миқдорӣ ва сифатии онро тавсия медод. Масалан, кӯтоҳ, миёна, калон ва бисёр кӯтоҳ; суст, зӯр (бақувват), бисёр зӯр, босуръат, оҳиста бо афзоиши ҳаҷми ками сарборӣ ба машқҳои ҷисмонии суръатталаб ӯ болокашӣ, теладиҳӣ бо ёрии дастҳо, тирандозӣ аз камон, давидани бошитоб, найзапартоӣ, ҷаҳидан, овезоншавӣ, шамшербозӣ, аспсаворӣ, машқҳо дар арғунчакҳо ва қаиқсавориродохилмекард.

Асп ва аробасавориро машқҳои зӯрталаб шумурда, тарзҳои мухталифи роҳравӣ ва давидан, чавгонбозӣ, бозиҳои дигар бо тӯб, гуштингирӣ, вазнбардориро машқҳои ниҳоят зӯрталаб медонист.

Абӯалӣ ибни Сино бозиҳои серҳаракат, машқ дар ҷой ва дар ҳаракат, машқҳои махсуси дасту пой, қафаси сина, нафаскашӣ ва ғайраро чун воситаи амалкунанда дар мубориза бо ошуфтаҳолӣ ва чун чорабинии табобатӣ тавсия додааст.

ҚаблӣТашаккули тарзи ҳаёти солим
БаъдӣТарбияи ҷисмонии халқи тоҷик дар давраи то инқилоби октябр (соли 1917)