АҚЛ ва БОАҚЛӢ – Хазинаи маърифат

– Нишонаи боақлӣ ду аст: 1. аз даст надодани сабр вақти фақирӣ ва 2. нигоҳ доштани тавозуъ (хоксорӣ) ба вақти дороӣ

(Аҳмад Руфоӣ)


– Боақл нафарест, ки ибодатҳояшро адо намуда муқобили орзуҳои нафс ҳаракат мекунад. Ҷоҳил нафарест, ки гуноҳ карда, орзуҳои нафсашро ба ҷо меорад.

(ҳазрати Алӣ (р.а.))


– Ақл ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштану нигоҳбин кардан дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Ақл роҳбари бадан аст.

(Алфред де Вингӣ)


– Ақли имрӯзаам мебуд, корҳои анҷомдодаи дирӯзаамро намекардам. Аммо агар корҳои дирӯз анҷомдодаамро намекардам, ақли имрӯзаро соҳиб намешудам.

(Сагопа Каҷмер)


– Муҳим боақл будан нест, балки ақлро дар ҷояш истифода бурдан аст.

(Дескартес)


– Ақл се нишона дорад: фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб.

(Демокритос)


Илм парранда бошад, ақл қаннатҳои ӯст.

(Фаридаддини Аттор)


– Ақл чӣ қадаре, ки ба пеш равад, қалбро ҳаргиз дар ақиб намегузорад.

(Конфючиз)


– Шояд аз баъзеҳо боақлтар бошем, аммо на аз ҳама боақлтарем.

(Ла Рочефоколд)


-Ба фикри мо, боақл нафарест, ки чун мо фикр мекунад.

(Ла Рочефоколд)

Оқил бояд чӣ гуна бошад?


Боақл ҳам китоб ва ҳам ҳаётро мехонад.

(Лин Ютанг)


– Хубии волотарин бар одам, омӯзондани истифодаи ақл аст.

(Молиер)


– Ақле, ки ба ақли дигар такя накунад, фикр тавлид карда наметавонад.

(Монтейгн)


– Ба боақлии касе эътироз накунед, муҳим он аст, ки кӯшиш бар он накунед, то боақлии худро ба дигарон бовар бикунонед.

(Платон)


– Боақл нафарест, ки камбуди дигаронро мебинад ва дар ҳаққи худ ҳукм мекунад.

(Публиюс Сирус)


– Ақле, ки дуруст кор намекунад, бурро ҳам бошад, чӣ суд? Соати хубро барои кор карданаш не, балки барои дуруст кор карданаш баҳо медиҳанд.

(Вовонерҷиюс)


– Боақл дар кунҷе нишаста, бар талафоташ гиря намекунад, балки кӯшиши рафъи талафот мекунад.

(Виллиам Шекспир)


Рӯйхати маводҳои “Хазинаи маърифат”: рӯйхат

Панду андарзҳоро инҷо мутолиа намоед

Сифатҳои хуб ва бади подшоҳон кадомҳоянд? Инҷо мутолиа намоед…

Одамиро ақл ҷони дигар аст


Keywords: акл ва боакли, хазинаи маьрифат, аз хазинаи маърифат, панду андарз, насихат.

ҚаблӣФарҳанги давраи Ислоҳот (асрҳои XVI-XVII)
БаъдӣМаорифпарварӣ дар давраи эҳё (Англия, Франсия)