Ифтихори варзиши тоҷик

Ифтихори варзиши точик


Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаёти халқи мо ворид гардида,қисмитаркибиионшудааст.

Ҳукумати мамлакати мо варзишро чун кори муҳими давлатӣ, чун қисми ҷудонашавандаи тарбияи оммавии иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мекунад ва барои инкишофи доимии он ғамхорӣ зоҳир менамояд. Варзиш воситаи ҳалкунандаи вазифаҳои муҳим, чун афзоиши фаъолияти корӣ, истеҳсолӣ, ҳифз ва мустаҳкамкунии саломатии одамон гардидааст.

Аз маҳфили аввалини варзиш, аз иншооти нахустин то бозиҳои варзишии олидараҷа, ки ҳоло дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст, шаҳодати барқароршавии варзиш дар замони мо мебошанд.

Ҳоло дар хидмати хонандагон, наврасон, ҷавонон майдонҳои барҳаво, толорҳои варзишӣ, садҳо майдони футбол, баскетбол ва волейбол қарор доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Касри / Қасри теннис дар шаҳри Душанбе
Қасри теннис дар шаҳри Душанбе

Маҳорати касбии варзишгарони мо рӯз ба рӯз боло меравад, қадамҳои нахустинро дар фаҳми варзиш онҳо аз мизи мактабӣ оғоз мекунанд.

Ҷумҳурии мо сол то сол на танҳо устодони варзиш, балки устодони варзиши шоиста ва устодони дараҷаи байналхалқӣ тайёр мекунад. Ин тарбиятгоҳи варзишӣ ботадриҷ суръати олимпиро дар ҳаракати варзишӣ вусъат мебахшад.

Мо қаҳрамонҳои ҷаҳон ва олимпиада дорем.


Саидмуъмин Рахимов

Саидмӯъмин Раҳимов муҳорибаи нахустини худро дар зӯрозмоии гӯштингирӣ бо рақиби аз худ якчанд сол калонтар гузаронида, зери қарсакзаниҳои дӯстонаи ҷамъомадагон ғолиб омад.

Саидмуъмин Рахимов
Саидмуъмин Рахимов

Дар соли 1971 С. Раҳимов ғолиби Спартакиадаи XI Тоҷикистон гардид, ки ба унвони олии варзишӣ устоди варзиш оид ба гӯштини миллӣ сарфароз гашт. Дар соли 1972 ӯ ба гӯштини самбо гузашт.

Машғулиятҳои тӯлонӣ, саъйу кӯшиш ва хоҳиши ғалаба, маҳорати баланди устодӣ боис шуд, ки С. Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон гардад (соли 1975, Минск). Барои комёбиҳои калон дар варзиш ӯ ба гирифтани мукофотҳои ҳукуматӣ, тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳо мушарраф гардидааст.


Иброхим Хасанов

Иброҳим Ҳасанов шунидани қиссаҳои падар роҷеъ ба варзиш, омодасозии варзишгарон, сафороӣ, намоишҳои варзиширо дӯст медошт. Падари Иброҳим – Ризо Иброҳимов ширкаткунандаи нахустин мусобиқаҳо дар ҷумҳурӣ буд. Ӯ дар намоиши варзишии шаҳри Маскав баромад карда буд. Тааҷҷубовар нест, ки ҳамаи фарзандони Ризо Иброҳимов – Вячеслав, Мая ва Иброҳим ба варзиш дил бастанд.

Иброхим Хасанов
Иброхим Хасанов

Рӯз то рӯз, моҳ ба моҳ, дар ҳама гуна вазъи ҳаво: гармӣ, борон, барф ва ғайра Иброҳим машқу тамрин мекард. Ниҳоят муваффақият ба ӯ ёр шуд, соли 1958 ба Ҳасанов унвони устоди варзиши ИШСҶ дар риштаи байдаркаронӣ дода шуд.

Иброҳим Ҳасанов якумин иштироккунандаи Бозиҳои XVII олимпӣ дар Рим (соли 1960, Италия) дар намуди байдарка, иштирокчии Бозиҳои XVIII олимпӣ дар Токио (соли 1964, Япония) ва Бозиҳои XIX олимпӣ дар Мехико (соли 1968, Мексика) мебошад.

Медали аввалини чемпиони мамлакатро Иброҳим Ҳасанов дар соли 1959 дар Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гирифт. Баъдан ба он боз 11-тои дигар илова кард. Дар соли 1962 дар саҳнаи варзиши умумиҷаҳонӣ ба комёбии бузург ноил гардид. Дар чемпионати ҷаҳон соҳиби ҷоизаи нуқрагин шуд. Устоди шоистаи варзиш, Тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситораи роҳнамо барои варзишгарони мо гардид.


Юрий Лобанов

Юрий Лобанов. Дар моҳи июли соли 1971 дар шаҳри Маскав дар байни соҳибистеъдодҳои ҷавон ситораи заврақрон аз шаҳри Душанбе Юрий Лобанов «равшан фурӯзон гашт .»

Юрий Лобанов
Юрий Лобанов

Мукофоти нахустини худ – медали биринҷиро Юрий дар 19-солагӣ дар Спартакиадаи қаиқронони ҷавон гирифта буд.

Ӯ қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон ва Аврупо (солҳои 1973-1979), қаҳрамони дувоздаҳкаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамони понздаҳкаратаи ҷоми Иттиходи Шӯравӣ, қаҳрамони Бозиҳои XX олимпии Мюнхен (Олмон, 1972), иштирокчии Бозиҳои XXII Олимпии Маскав (Иттиҳоди Шӯравӣ, 1980), каноэи дукаса, барандаи ҷоизаи биринҷӣ мебошад. Барои комёбиҳо дар варзиш бо ордени Шарафсарфарозгаштааст.

Дар канали Фелдмоҳинг суруди миллӣ ба муносибати ғолибон садо дод. Дар ҷойи фахрӣ Юрий Лобанов ва шарики ӯ дар каноэи дукаса Владос Чесюнас бо медали тиллоии олимпӣ қарор доштанд, ки дар гашти финалӣ ғолиб омада, беҳтарин устодони курраи замин гашта буданд.

Юрий Лобанов устоди хизматнишондодаи варзиш, устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Зебиннисо Рустамова

Зебиннисо Рустамова ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпарронӣ азкамон,устодиварзишидараҷаибайналхалқ ,ӣ довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл – 1 августисоли1976,ша ри Монреал, Канада)мебошад.

Зебиннисо Рустамова
Зебиннисо Рустамова

Зебиннисо аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир бохабар шуд, ки дар майдони «Динамо» ма фили навиҳ варзишӣ – тирпарронӣ аз камон ифтитоҳ ёфтааст. Ӯ қарор дод, ки узви он маҳфил шавад, зеро ҳунарнамоии беҳтарин камонкашони ҷумҳурӣ дар майдони футбол ӯро мафтун карда буд. Нишонҳои равшан, ки ба он тирҳои тез мехалиданд, диққати ӯро ҷалб мекарданд.

Мусобиқаҳои аввалини дар шаҳри Тула гузашта, ба Зебиннисо роҳpo ба варзиши калон кушод. Дар мусобиқаи умумииттифоқии тирпаронони ҷамъияти «Динамо», ки дар шаҳри Сухуми баргузор гардид, ӯ меъёри устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард.

Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар шаҳри Кишинёв аз рӯи тирпарронӣ аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебиннисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд.

Дар шаҳри Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, ки ин шумораи холҳо аз меъёри устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотарбуд.

Зебиннисо Рустамова соли 1976 дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар шаҳри Монреал (Канада) иштирок карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ҳоло ӯ таблиғгари фаъоли на танҳо тарбияи ҷисмон ,ӣ балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.


Анатолий Старостин

Анатолий Старостин
Анатолий Старостин

Анатолий Старостин. Қаҳрамони ҷаҳон дар байни ҷавонон (солҳои 1978-1980). Қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ (соли 1980, Маскав). Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи варзиши панҷҳарба.

 

Ӯ барои хизматҳои шоиста дар соҳаи варзиш бо ордени ҳукуматӣ «Дӯстии халқҳо» ва медали «Барои меҳнати шу оъатнок» қадр гардидааст. Унвониҷ баланди Корманди хизматнишондодаи тарбияи ҷисмонӣ ва Русияро ноил шудааст.


Андрей Абдувалиев

Андрей Абдувалиев
Андрей Абдувалиев

Андрей Абдувалиев. Аввалин қаҳрамони бозиҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи гулӯлапартоӣ. Дар Спартакиадаи халқҳо (соли 1991) соҳиби медали нуқрагӣ шудааст.

Чемпиони Бозиҳои XXV олимпӣ, шаҳри Барселона (Испания), соли 1992. Ду карат қаҳрамони ҷаҳон- соли 1992 Штутгарт (Олмон, соли 1995), Гётеборг (Шветсия, соли 1995). Қаҳрамони Аврупо дар байни ҷавонон (солҳои 1994, 1998). Иштирокчии Бозиҳои XXVI олимпӣ, Атланта (ИМА, соли 1996). Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ.


Юсуф Абдусаломов

Юсуф Абдусаломов. Дорандаи медали нуқраи Бозиҳои XXIХ олимпии тобистона (Пекин, Ҷумҳурии мардумии Чин, соли 2008) дар вазни то 84кг дар риштаи гӯштини озод.


Расул Бокиев

Расул Бокиев
Расул Боқиев

Расул Боқиев . Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои XXIХ олимпии тобистна (Пекин, Ҷумҳурии мардумии Чин, соли 2008) дар вазни то 73 кг дар риштаи гӯштини дзюдо. Ӯ аз сулолаи машҳури Боқиевҳои паҳлавон мебошад.

ҚаблӣБозиҳои олимпии қадим
БаъдӣМуқаддима – Китоби Таърихи умумӣ синфи 5

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед