Вазъи ҳаёти адабӣ дар асрҳои XIII-XIV

Вазъи хаёти адаби дар асрхои 13-14


Вазъи адабӣ дар асри XIII ва ибтидои асри XIV чандон хуб набуд. Бисёр шоирону мутафаккирон: Наҷмуддини Самарқандӣ, Рашидуддини Камол, Аттори Нишопурӣ, Исмоили Исфаҳонӣ аз дасти сарбозони Чингиз ба қатл расиданд. Қисми дигарашон, мисли Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба Туркия, Сайфи Фарғонӣ, Носири Бухороӣ, Бадри Чочӣ, Авфии Бухороӣ ба Ҳинд ва шаҳрҳои Эрон рахти сафар бастанд. Аз ҳамин нигоҳ доираҳои адабӣ дар Ҳинду Эрон ва Туркия густариш ёфтанд ва адибони омада ин маҳфилҳоро гарм намуданд. Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Сайфи

Фарғонӣ, Низории Кӯҳистонӣ, Убайди Зоконӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар инкишофу таҳаввули адабиёти асрҳои XIII ва XIV хизмати боарзише кардаанд.

Албатта, шоироне, ки овораи ватан шуда, ғарибиро ихтиёр намуда буданд, лаҳзае бе ёди диёри азизашон набуданд. Ғарибӣ дарди ҷонкоҳе буд, ки ҳамеша азияташон медод. Онҳо дар шеърҳояшон ёди ватан, ёди ёру дӯст мекарданд. Масалан, Носири Бухороӣ дар як ғазал ёди Бухоро карда, аз боди сабо хоҳиш мекунад, ки салому паёми варо ба зодгоҳаш Бухоро расонад ва бигӯй, ки дар ғамаш зору нолонам. Дар ин маврид хешро ба Маҷнуну Бухороро ба Лайлӣ, худро ба Фарҳоди Кӯҳкану Бухороро ба Ширин ташбеҳ кардааст.

Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Бигӯ таҳийяти Маҷнун диёри Лайлоро.
Зи Кӯҳкан хабаре сӯи қасри Ширин бар,
Ки дил гирифта ба кӯҳ он ғариби танҳоро.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр, шоири ширинбаён Камоли Хуҷандӣ рӯзгори хешро дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрези Эрон гузаронид. Ҳодисаҳои мудҳиш имкон надоданд, ки шоир ба ватан баргардад. Вале ҳамеша ёдаш ба ватан буду дар шеърҳояш ёди ватан мекард.

Асосан, эҷодиёти адибоне, ки дар боло ёд шудаанд, мазмуну мундариҷаи ғоявии адабиёти ин асрҳоро ташкил медиҳанд. Воқеан, нависанда инъикоскунандаи ҳодисоту воқеоти замони худ аст. Ӯ ҳаргиз ба ҳодисот бетараф шуда наметавонад. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар эҷодиёти адибон, пеш аз ҳама, мавзӯи ватан, ғарибӣ, зулму ваҳшонияти Чингизхону Темуриён мақоми босазо доранд ва бо сад алам дарди хешро дар асарҳояшон иброз намудаанд. Дар ин мавзӯъ Авҳадии Мароғӣ садои эътирозашро нисбати золимон баланд намуда, ононро ба адлу дод ҳидоят кардааст:

Зулмати зулм тира дорад роҳ,
Адл бояд ҷаноҳу қалби сипоҳ.

Хонаи золимон на дер, ки зуд
Ба фазиҳат хароб хоҳад буд.

Мардро зулм бехкан бошад,
Адлу додаш ҳисори тан бошад.

Дар адабиёти асри XIII мавзӯъҳои ирфонӣ мақоми хосса пайдо кард. Акнун намояндагони ҷараёни тасаввуф нисбати асрҳои пешин амиқтар ба адабиёти бадеӣ рӯ оварданд. Албатта, ин падидаи нав дар адабиёт набуд, балки ҳанӯз чеҳраҳои шинохтаи ин ҷараён Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Саноии Ғазнавӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва Шайх Аттори Нишопурӣ дар мавзӯи тасаввуф асарҳои пурарзиш офарида буданд. Онҳо андешаҳои ирфонии хешро бо либоси бадеият ороста, барои таблиғ дар байни хоссу ом паҳн намудаанд. Ана ҳамин равия дар ин аср боз қувват пайдо кард ва дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ва пайравони ӯ вусъат ёфт, ки дар ин бора ҳангоми омӯхтани эҷодиёти Мавлоно бештар таваққуф хоҳем кард.

ҚаблӣТуй муборак Табрикнома – шеърхои туёна, ошикона
БаъдӣОдоби Салом