Ҷомеъ-ул-ҳикоёт (Чомеъ-ул-хикоёт, маълумот)

Ҷомеъ-ул-ҳикоёт (Чомеъ-ул-хикоёт, маълумот). Ин асар аз маҷмӯи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он ҷо-ҷо шеърҳои адиб мувофиқи мазмуни ҳикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводи ин асари бузург дар тӯли солҳои зиёд (аз соли 1210 то 1233 ) гирд оварда шуда, пасон эҷод гардидааст. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» на танҳо як асари адабист, балки дар дохили он ҳикоёту ривоёти таърихӣ доир ба хулафои араб, сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Салчуқиён, султонҳои Ҳинд, Ғазнавиён оварда шудаанд. Дар онҳо бо тарзи бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ин хонадонро дар зимни шахсиятҳои таърихӣ – шоҳон, ҳокимон, волиён, хулафои ислом ва ғайра ба қалам дода шудаанд.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз чаҳор қисм иборат аст ва ин қисмҳо чунин ном доранд:

  1. Дар маърифати Офаридагори таоло ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих. Муҳимаш он аст, ки Авфӣ дар баробари овардани ҳикоёту ривоёт аз рӯзгори авлиёю анбиёи ислом инчунин дар бораи подшоҳони давраи Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Сосониён ва ё сарварони аҷамтабор ҳодисоту воқеоти ибратомӯзу пурмуҳтаво овардааст. Гуфтори нависанда аз адлу доду диҳиш, дар фаросати арбоби киёсат, дар донишу хирадмандии вузарою дабирон, дар ҳунари табибон, мунаҷҷимон, латоифи дилангез аз ҳаззолон, надимон, аз зиракони ҳушманд бунёд ёфтааст. Ин мавод дар 25 боб дода шудааст.
  2. Дар қисми дуюм Муҳаммади Авфӣ дар баёни ахлоқи ҳамида, дар фазилати ҳаё, тавозӯъ, ҳилм, адаб, раҳмат, шафқат, саховат, лутфу карам, шуҷоат, сабру таҳаммул, шукру вафо дар амонатдорӣ, дар фоидаҳои машварат ҳикоёту ривоёти ширину рангинро ҷой додааст.
  3. Қисми сеюмро адиб ба баёни масъала ва мавзӯъҳои мазаммати ҳасадхӯрӣ, ҳирсу тамаъ, дурӯғу фаҳш, бахилӣ, ҷаҳлу нодонӣ, зулму тааддӣ, исрофкорӣ, хиёнату шаккокӣ, ҳикоёт аз рӯзгори дуздон, кору амали занони боақлу зирак ва поку боиффат ва амсоли ин бахшидааст.
  4. Ниҳоят, дар қисми чорум Муҳаммади Авфӣ дар бораи дӯстӣ ва фоидаҳои он, дар бораи хизмат дар назди амирону вазирон, ҳокимону волиён ва фоидаю хатари он, дар бораи ишқу муҳаббат ва суду зиёни он, дар бораи тасвири зебоиҳои табиат, дар бораи сохтмони қасрҳо, масоҷиду мадорис, бунёди шаҳрҳо, дар хусуси ҳайвонони хонагӣ ва ваҳшӣ, парандаҳо ҳикоёту ривоёт овардааст, ки бисёр ҷолиб ва хушоянданд.

Дар бисёр маврид нависанда пас аз овардани ҳикоят ё ривоят андешаашро бо як порча шеър ҷамъбаст мекунад. Ҳангоме ки аз ҳаёти шоирон ҳикояте нақл мекунад аз осори онон намунаҳо низ меоварад. Умуман, Муҳаммади Авфӣ табъи баланди шоирӣ ҳам дошт.

Ҳамин тавр, доир ба мавзӯъҳое, ки дар боло ёд шуданд, нависанда 2150 ҳикоёту ривоёт овардааст ва баъзе ҳикоёту ривоёти асар ҳаҷман бузурганд ва бархе аз онҳо кӯтоҳ, вале мазмун ва маъниҳои баланди хонданӣ доранд, ки хонанда аз онҳо панди судманде мегиранд.

Акнун бармегардем ба сари таҳлили ҳикоёту ривоёти «Ҷомеъул-ҳикоёт». Албатта, ба тафсил таҳлил намудани онҳо аз имкон берун аст. Ба ин хотир аз ҳар қисми асар интихобан баъзе ҳикоёту ривоётро бо ҳам аз назар хоҳем гузаронд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» кору амали занон хеле хуб инъикос ёфтааст. Авфӣ занро ҳамчун модари меҳрубон, зани покдоман, боиффат, дар ишқу муҳаббат устувор ва хирадманду донишманд ба қалам додааст ва андешаҳояшро бо ҳикоёти матлубу марғуб қувват додааст. Масалан, дар ҳикояи «Шин» омадааст, ки ӯ илм омӯхт ва ҷамъи илмҳо якто гардид ва қасд кард, ки то мисли худаш духтари донишманду оқила наёбад, ба касе хонадор нашавад. Солҳо сипарӣ шуданду муродаш ҳосил нагашт. Шин боре дар роҳе мерафт, ки иттифоқо марде ба ӯ хамроҳ шуд. Шинос шуданду роҳ паймуданд. Шин ба он мард гуфт: «Ту маро бармедорӣ ё ман туро бармедорам. Ҳамин тавр, чанд саволи дигар Шин ба он мард дод. Он мард ҳайрон буд ва Шинро девона пиндошт. Чун ба деҳи он мард расиданд, назди хонааш омаданд. Он мард меҳмонро ба хонааш тақлиф кард. Даромаданд. Он мард духтари қадраси оқилае дошт. Ӯ чун падарро дид, аз ӯ пурсид, ки ҳамроҳи ту кӣ буд? Чӣ гуфт? Он мард ба духтар гуфт:

– Дар роҳ маро уқубате азим (ҳолати нохуб) рӯй дода буд. Чӣ марде аҳмақ ба ман хамроҳ шуд ва суханони номаълум ва пажмурда мегуфт ва суолҳои парешон медод. Аввал, ки ба ман ҳамроҳ шуд, «маро бармедорӣ ё ман туро бар медорам». Ман худ ба ҳилат (базӯр) мерафтам, ӯро чӣ гуна бардоштаме! Дигар, ба киште расидем ва гуфт: « Чӣ гӯӣ, ки ин киштро хӯрданд ё не?» Савум, мурдаеро дид ва гуфт: «Чӣ гӯӣ, зиндааст ё мурда?» Чун духтар суханони падарро шунид, гуфт:

– Азим бад кардӣ, ки ҳаққи он мард нашнохтӣ. Он мард марди оқилу тавоност. Он чӣ гуфт, аз донишу ҳикмат аст. Он чӣ суоли нахуст дод, ишорат бар он аст, ки ту ҳикоят бигӯ ё ман бигӯям, то ранҷи роҳ кӯтоҳ шавад.

Дувум «Киштро хӯрдаанд ё не?» ишорат бар он аст, ки шояд соҳиби кишт қарздор бошад ва қарзхоҳон ба талаби қарз омада бошанд. Ба ин маънӣ, ки аз самар ё ҳосили кишт қарзҳоро дода бошад. Сеюм, ки гуфта: «ки ин майит мурда аст ё зинда?» ишорат бар он аст, ки ин мард фарзанд дорад ё на. Балки шогирде дорад, ки пас аз вай номбардори ӯ бошад ва ё хайре, садақае кардааст, ки зикри ӯ ба сабаби ӯ боқӣ монад. Ё худ ҷоҳиле, фосиқе будааст, ки чун вафот кард, ҳеҷ кас аз вай ёд накунад.

Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба аҳли ҳунар ва бахусус ба адибон, ровиёну ноқилон меҳри беандоза дошт. Худи ӯ, ки аз ҳамин сарчашма об мехӯрд ва дар байни хоссу ом, шоҳону вазирон, ҳокимону волиён соҳибном, соҳибиззат гардида буд, аз намояндагони ин пеша дар асари хеш ҳикоёти дилангези бисёр овардааст.

Яке аз шоирони маъруфи асри X- XI тоҷику форс Фаррухии Сиистонӣ ашъори марғубу дилошӯб дорад ва Муҳаммади Авфӣ, ки худ шеършинос буд, ба ин шоир меҳри зиёд дошт ва дар бораи ӯ чанд ҳикояву ривоётро дареғ надоштааст.

Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, ба эҷодиёти ӯ баҳои сазовор медиҳад. Ба хотири тақвияти фикраш аз осори шоир намунаҳои зиёд овардааст. Ӯ дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ҳам аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, латифаи пандомезе овардааст: «Оварданд, ки Шаҳиди шоир рӯзе нишаста буд ва китобе мехонд. Ҷоҳиле ба назди ӯ даромад ва салом карду гуфт:

– Хоҷа, танҳо нишастаӣ?

Шаҳиди Балхӣ чунин посухаш дод:

– Танҳо акнун гаштам, ки ту омадӣ. Аз он ки бо сабаби ту аз мутолиаи китоб бозмондам.

Суҳбати аблаҳон чун деги тиҳист
Андарун холиву бурун сияҳист.

Муроди нависанда аз ин ҳикоят он аст, ки аз суҳбати аблаҳ, ҷоҳил хондани китоб авлотар аст. Дар ин маврид шоир чунин ашхосро ба деги сиёҳ монанд кардааст, ки дили сиёҳ доранду аз пайи озори касон мебошанд. Боз чунин ашхос на дониш доранду на ақлу тамиз ва мисли деги холиянд.

Муҳаммади Авфӣ дар мавзӯи илму ҳунаромӯзӣ андешаҳои қобили қабул гуфта, аз ҳаёти донишмандони бузург ҳикоёту ривоёти зиёд овардааст. Масалан, дар ҳикояи «Панди Аристотолис ба фарзанд» омадааст, ки чун вафоти Аристотолис наздик омад, ӯ писарашро наздаш хонд ва гуфт: «Эй писар, дар асрори улум дақоиқи ҳикмат умри худро базл (сарф) кардам ва бисёр гиреҳҳо ба нури ҳикмат кушодам, валекин маргро ҳеҷ ҳилат натвонистам:

Агар сад кӯҳ бояд канд фӯлод,
Забун бошад ба дасти одамизод.
Чӣ чора, к-ин банӣ Одам надонад
Ба ҷуз мурдан, к-аз он бечора монад.

Пас бидон, ки давлате аз мол бувад зуд фонӣ шавад ва нест гардад. Иззату шараф дар илм аст. Агар падари туро илму адаб набудӣ, ӯ мар мулкро мисоли харе будӣ боркаш ва парастанда, бандае будӣ коркун. Пас илм ҳосил кун, то шарафу иззат биёбӣ».

Нависанда ба ин восита шогирдон, толибилмонро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид менамояд, ки танҳо ба воситаи илм шаҳс метавонад дар байни мардум, дар назди шоҳону ҳокимон соҳибному иззатманд бигардад, ки мисоли равшани гуфтаҳои Муҳаммади Авфӣ ҳаёти Аристотолиси ҳакими юнонӣ шуда метавонад.

Муҳаммади Авфӣ дар асари хеш дар бораи шаҳрҳо, бунёди қасрҳо, ҷойҳои таърихӣ нақлу ривоятҳо овардааст, ки имрӯз дидани ин ҷойҳо барои мову шумо дастрас гардидааст. Масалан, дар қисми чаҳоруми «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» дар бораи аҳромҳои Мисри Қадим нақлу ривоят оварда шудааст. Дар ин бора нависанда чунин мегӯяд: «Дигар аз аҷоиботи биноҳо аҳроми Миср аст. Ҳаждаҳ аҳром аст. Овардаанд, ки Маъмун (халифаи араб 811- 832) дар айёми хилофати худ ба Миср рафт ва он аҳром бидид. Дари як ҳарам боз кард, ҳама аз санг сохта. Гӯянд, ҳар санге дар ситабрӣ даҳ арш. Ва онро чунон маҳкам карда буданд, ки пайванди он, албатта, падид наёмад, чунонки аз чӯб мисли он нат вон сохт.

Имрӯз бошад, ба воситаи телевизион аҳромҳои Мисрро мебинему ангушти ҳайрат мегазем. Вале хизмати Муҳаммади Авфӣ, пеш аз ҳама, дар он аст ки ҳанӯз 800 сол қабл аз ин хонандагонашро бо ин гуна ҷойҳои таърихию фарҳангӣ шинос намуда буд.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» сабку услуби хосса дорад. Дар қисми аввал, дар муқаддимаҳои бобҳову фаслҳо забони нависанда мураккаб гардида, дар мавридҳои дигар забони ҳикоёту ривоёт хонданӣ, сода иншо шудаанд. Ин асар аҳамияти адабӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ ва ғайра дорад. Аз ҳама бештар нависанда ва донишманди воло Маликушшуаро Баҳор сухани шоиста ва арзанда дар ҳаққи нависанда Муҳаммади Авфӣ ва асари ӯ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» гуфтааст: «Китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» яке аз муҳимтарин кутуби форсӣ аст, ки агар бигӯем, ки дар миёни кутуби насри форсӣ ба арзиш ва ҷомеият ва пурфоидагии ин китоб, китобе натавон ёфт, набояд ба иғроқ қадр гардад, зеро дорои фавоиди фаровони таърихӣ ва адабист ва асноде дар ӯ ҳаст, ки дар ҳеҷ китобе нест. Илова бар ин мазоёъ равиши зебо дар тарзи таълиф ва пухтагии махсус дар тариқ ва сабки иншо дорад, ки дар олами худ камназир аст».

(Ниг. мунтахаби «Ҷомеъулҳикоёт» (барои дабиристонҳо, Теҳрон, 1324.(ба чоп ҳозиркунанда, М. Баҳор, с.5)


Мавзӯи пурра >> Мероси илмӣ ва адабии Муҳаммад Авфии Бухороӣ

ҚаблӣЛубоб-ул-албоб (маълумот)
БаъдӣАгар он турки Шерози (ҷавобҳо ба шеъри Ҳофиз)