Муҳофизати олами ҳайвонот

Роҳҳои муҳофизати ҳайвонот

То соли 1950 дар тамоми дунё 106 намуди ҳайвони ширхӯр ва 150 намуди паранда нест шудааст. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон паланги туронӣ нест шуд (расми 17).

Расми 17. Паланги туронӣ

Баъзе намудҳои ҳайвонот дар вазъияти тамоман нест шудан қарор гирифтаанд. Ҳанӯз 100 сол пеш дар даштҳои Амрикои Шимолӣ садҳо ҳазор сар бизон зиндагӣ мекарданд. Аммо дар натиҷаи бераҳмона шикор кардани онҳо (барои пӯст ва гӯшт), сохтани роҳҳои оҳан ва автомобилгард дар ҷойҳои сукунаташон шумораи онҳо дар давоми 20 сол то ба 800 сар омада расид. Дигар ҳайвонҳое, ки дар ҳоли тамоман нестшавӣ қарор  доранд, зубр, аспи Пржевалский ва фили африқоӣ мебошанд. Баробари кам шудани шумораи ҳайвонот ва дар зери хавфи нестшавӣ мондани баъзе намудҳо одамон фаҳмиданд, ки захираҳои табиӣ бояд оқилона истифода бурда шаванд. Аз таърихи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ маълум аст, ки шаҳрҳои аз ҷангҳо тамоман харобшударо бунёд кардан мумкин аст, аммо намудҳои ҳайвоноти мурдарафтаро барқарор кардан ғайриимкон аст. Масъалаи ҳифзи табиат минбаъд аз он ҷиҳат боз ҳам муҳимтар шуд, ки инсон ба табиат тавассути техникаи пуриқтидор дахолат кардан гирифт.

Муҳофизати олами ҳайвонот кори муҳимми давлатӣ буда, шикори намудҳои нодир дар асоси қонун манъ аст. Усул, вақт ва ҷойи шикори ин ё он намудҳои ҳайвонро тавассути қонун муайян мекунанд. Дар ҷумҳурии мо мамнуъгоҳҳои Ромит, Бешаи палангон, Даштиҷум, Зоркӯл ва миқдори зиёди қӯруқҳо (парваришгоҳҳо) вуҷуд доранд. Бинобар сабаби он ки дар ҳудуди мамнуъгоҳи Ромит ландшафтҳои табиии дорои аҳамияти байналмилалӣ мавҷуданд, аз ин ҷиҳат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин мамнуъгоҳ мақоми резервати биосферӣ дода шуд.

Дар ин мамнуъгоҳҳо ва қӯруқҳо барои ҳифз ва зиёд намудани шумораи намудҳои нодир корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Ташкил кардани мамнуъгоҳҳо дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имконият дод, ки баъзе намудҳо – зубр, аспи ёбоии Пржевалский, гӯрхар, сайгак, бабр, самур ва дар Тоҷикистон гавазни бухороӣ ё холгул ҳифз ва шумораи онҳо зиёд карда шавад.

Расми 18. а) Савораки мӯйлабсиёҳ б) Шоҳпарак в) Гаҳвораҷунбони саркалон г) Визвизаки тоҷикистонӣ ғ) Меланоидеси помирӣ д) Сӯзанаки лефебвр

Дар Тоҷикистон аз парандагон – сажаи тибетӣ, мурғи ҳилол, қози кӯҳӣ, аз ширхӯрҳо – морхӯр, ғизол ва ғайра дар зери хавфи нест шудан мебошанд. Дар ҷумҳурии мо ба масъалаи ҳифзи олами ҳайвонот диққати калон дода мешавад. Аз ин ҷост, ки 90 намуди ҳайвоноти бесутунмуҳра (81 намуди ҳашарот ва 9 намуди нармтанҳо) (расми 18) ва аз ҳайвоноти сутунмуҳрадор 132 намуд (14 намуди моҳӣ, 31 намуди хазанда, 43 намуди паранда, 44 намуди ширхӯр) ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, шикори онҳо қатъиян манъ аст ва ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Муддати дароз манъ кардани шикори лос, гурбаҳои баҳрӣ, сайгак, гавазни бухороӣ ва ғайра имконият дод, ки шумораи ин намуди ҳайвонҳоро торафт зиёд намуда, барои аз сари нав шикор кардани онҳо шароит фароҳам оварда шавад. Масалан, шумораи сайгак дар аввали асри ХХ хеле кам гардида, хавфи нест шудани он ба миён омада буд. Ҳоло бошад, шумораи он аз 2 млн зиёд шудааст. Дар бисёр мамлакатҳо муассисаҳои махсуси илмӣ оид ба паҳн кардан ва овардани ҳайвонҳои қиматбаҳо аз дигар минтақаҳо фаъолият карда, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Баъзе ҳайвонҳо аз дигар мамлакатҳо оварда мешаванд. Ондатраро аз Амрикои Шимолӣ, муши обиро аз Амрикои Ҷанубӣ овардаанд, ки шумораашон хеле зиёд шуда, аҳамияти калони саноатӣ пайдо кардаанд (расми 19).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 19. Ондатра

Инсон бояд на фақат намудҳои нодир ва нестшудаисто- да, инчунин дигар ҳайвонҳо (мӯрчаҳо, кирми лойхӯрак ва ғайраҳо)-ро ҳам ҳифз намояд.

Гуногунии олами ҳайвонот


Саволҳо

  1. Барои чи инсон бояд хайвонхоро мухофизат кунад?
  2. Кадом роххои мухофизати хайвонотро медонед?
  3. Дар Точикистон барои мухофизат ва зиёд кардани шумораи хайвоноти нодир кадом тадбирхо андешида мешаванд?

Мухофизати олами хайвонот, Роххои мухофизати хайвонот, хифзи хайвонхо.

ҚаблӣАҳамияти ҳайвонот ва таъсири инсон ба шумораи онҳо
БаъдӣТаснифи ҳайвонот