«Лубоб-ул-албоб». Ҳамон тавре ки дар боло ёд кардем, «Лубоб-ул-албоб» тазкира буда, ҷанбаи адабиётшиносӣ дорад. Нависанда дар баробари аз эҷодиёти адибон овардани намунаҳо дар қисматҳои аввали асар дар бораи хусусиятҳои асарҳои назмию насрӣ маълумоти назариявӣ додааст ва фикрашро бо овардани намунаҳо аз эҷодиёти адибон қувват бахшидааст. Дигар ин ки мувофиқи фаҳмишу дониши худ ба асарҳои адибон баҳо медиҳад.
«Лубоб-ул-албоб» аз ду қисм иборат буда, боз ҳар як қисм ба бобҳою фаслҳо ҷудо шудааст.
Боби аввал – Дар фазилати шеъру шоирӣ.
Боби дувум – Дар маънии шеър аз тариқи луғат.
Боби сеюм – Дар маънии аввал, ки шеър гуфт.
Боби чорум – Дар маънии шеъри порсӣ, ҷанбаҳо ва хусусияти он.
Боби панҷум – Дар латоифи ашъори салотин ва мулук ва умаро (27 нафар).
Боби шашум – Дар латоифи ашъори вузаро ва судур (43 нафар).
Боби ҳафтум – Дар латоифи ашъори уламо ва фузало (60 нафар)
Боби ҳаштум – Дар латоифи ашъори шуарои Оли Тоҳир ва
Оли Лайс ба Оли Сомон (31 нафар)
Боби нуҳум – Дар табақоти шуарои Оли Носир (29 нафар)
Боби даҳум – Дар табақоти шуарои Оли Салчуқ то охири ахди Султони Сайид (52 нафар)
Боби ёздаҳум – Дар зикри шуарои ин қарн, ки баъд аз аҳди Санҷар буданд, то ин аҳд (53 нафар)
Боби дувоздаҳум – Дар латоифи ашъори судур ва шуаро ва афозил, ки бад –ин ҳазрат махсуманд (4 нафар)
Дар ин ҷо барои мусаллам гардидани қимату арзиши тазкира танҳо як мисол меорем ва хоҳем дид, ки Муҳаммади Авфӣ нисбат ба Рӯдакӣ чӣ мегӯяд. Бояд гуфт, ки сухани Авфӣ тӯлонист, бинобар ин ин ҷо танҳо як пораашро меорем:
«…Ва мавлуди ӯ (ҷойи таваллуди ӯ) Рӯдакӣ Самарқанд бувад. Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ «Қуръон» тамом ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чунонки халқ бар он иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд. Ва ӯро Офаридагори таоло овози хуш ва савте дилкаш дода буд ва ба сабаби овози хуш дар мутрибӣ афтода буд ва аз Бахтиёр, ки дар он санъат соҳибихтиёр буд, барбат биёмӯхт ва дар он моҳир шуд ва овозаи ӯ ба атрофу акнофи олам бирасид ва амир Наср бини Аҳмади Сомонӣ, ки амири Хуросон буд, ӯро ба қурбати ҳазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт…
Ва яке аз ҷуҳҳол (шоири ҷоҳил) дар назми ӯ таъне кард… Низомии Арӯзӣ ин байт дар ҳаққи ӯ иншо кард:
Эй, он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ!
Ин таън кардани ту зи ҷаҳл асту кӯдакист,
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
Пас аз ин Муҳаммади Авфӣ барои тасдиқи гуфтаҳояш аз осори шоирони дигар, ки дар ситоиши Рӯдакӣ гуфтаанд, мисол меорад. Илова бар ин аз эҷодиёти худи устод Рӯдакӣ намунаҳои бешумор овардааст, ки маҳз ин намунаҳо бо тавассути ҳамин тазкира то ба имрӯз омада расиданд. Аҳамияти бузурги «Лубобул-албоб» пеш аз ҳама дар ҳамин аст. На танҳо баъзе шеърҳои устод Рӯдакӣ, балки аз дигар адибони асрҳои IX, X, XI танҳо ба ин восита аз нобудшавӣ раҳо ёфтанд.
Гузашта аз ин, «Лубобул-албоб» барои омӯхтан ва таъйин намудани мақому манзалати адибон ва ҳаёти адабии асрҳои IX ва XIII ҳамчун сарчашмаи муътамад ба пажӯҳандагон ёрии калон расонд. Аз ин нигоҳ асари мазкур аҳамияти амалӣ ва назарӣ дорад, аз лиҳози забон ва тарзи баён сода буда, барои омӯхтани таърихи забони тоҷикӣ маводи хуб дода метавонад.
Мавзӯи пурра >> Мероси илмӣ ва адабии Муҳаммад Авфии Бухороӣ