ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!.. (Баёзи муҳоҷир)
Ғарибафтодаи зорам,
Ба дил садҳо ғаме дорам,
Худ аз худ гашта безорам,
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!
Ман аз будам пушаймонам,
Сари саргашта сарсонам,
Дуогуи тану ҷонам,
Давоми матн пас аз блоки реклама
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!
Пайи як бурдаи ноне,
Ба каф бигрифтаам ҷоне,
Насибам музди арзоне,
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!
Ҷавонӣ рафт ба сарсонӣ,
Дур аз ёри дилу ҷонӣ,
Дилам саршори пазмонӣ,
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!
Дур аз хоки Ватан имрӯз,
Муҳоҷир номи ман имрӯз,
Манам бе байту зан имрӯз,
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!
Ба Кайҳон то нафас дорам,
Ба кӯйи ту ҳавас дорам,
Хаёли барабас дорам,
ФАРОМӮШАМ МАКУН, МОДАР!