Одоби хурок хурдан

Тартиби (таом) хӯрдан ва оини он

Бидон, эй писар, мардуми оммаро дар шуғлҳои хеш тартибу авқот (ҷамъи вақт) падид нест ва ба вақту новақт нанигаранд. Ва хирадмандону бузургон ҳар кореро аз они худ вақте доранд, бисту чаҳор соати шабонарӯзӣ ба корҳои хеш бибахшанд. Миёни ҳар коре вақте ниҳода ва ҳадду андоза падид карда то корҳои эшон ба якдигар наёмезад…

Аммо аввал таҷрибати таом хӯрдан бидон, ки одати мардумони бозорӣ чунон аст, ки таом бештар ба шаб хӯранд ва он сахт зиён дорад, доим бо тухма (сахтшавии меъда) бошанд.

Ва мардумони лашкарипешаро одат чунон аст, ки вақту новақт нанигаранд. Ҳар гоҳ ки ёбанд, бихӯранд. Ва ин одати сутурон (ҳайвонот) аст, ки ҳар гоҳ ки алаф ёбанд, бихӯранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ОДОБИ СУХАНГӮӢ

Ва мардумони муҳташам ва хос дар шабонарӯзӣ як бор беш таом нахӯранд. Ва ин тариқи хештандорӣ аст. Валекин тан заиф гардаду беқувват. Пас чунон бояд, ки мардуми муҳташам бомдод ба хилват андак моя тановуле кунад ва он гоҳ берун ояду ба кадхудойӣ машғул шавад…

Аммо таом ба шитоб махӯр. Оҳиста бош. Ба сари хон бо мардумон ҳадис макун, чунонки дар шарти ислом аст. Валекин cap дар пеш афканда дор ва дар луқмаи мардумон манигар.

Аз “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус


Одоби хурок хурдан, Тартиби (таом) хурдан ва оини он, Аз “Кобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус, тарзи хурок хурдан.

ҚаблӣМева ва тухм
БаъдӣПаҳншавии мева ва тухм