Вазъияти илмӣ – маданӣ дар acpҳои ХI-ХII

Вазъияти илми – мадани дар acpхои ХI-ХII (11-12). Вазъияти илмӣ – маданӣ дар acpҳои ХI-ХII.


Нақша:

Муқаддима

  1. Вазъияти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои XI-XII
  2. Доираҳои адабии асрҳои XI- XII ва маъруфтарин шоирони ин давра
  3. Наср дар ин давра ва мавзӯҳои асосии он

Қайд кардан лозим аст ки ҳанӯз дар охири асри X Мовароуннаҳр ва Хуросон ба майдони ҷанг ва қатлу ғорат табдил ёфта буданд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани муборизаҳои дохилӣ ва пуриқтидор гардидани қабилаҳои кӯчманчии турк давлати Сомониён аз байн рафт.

Баъдан як марказе ба миёи омад. ки касони бесавод, бемаърифат худро олим тарошида, бо ришваю пора ба мансабҳои бузурги динӣ мерасиданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар мадрасаҳо танҳо улуми динӣ таълим дода мешуданд ва омӯхтани илмҳои фалсафа, ҳандаса ва ситорашиносӣ манъ карда шуд. Илмҳои дақиқ ва дунявӣ ба ҳар роҳ таъқиб ва таълими онҳо пешгирӣ карда шуда, ба таълимоти олимони донишманд Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино монеаҳо ворид карда мешуданд. Омӯзиши илми ситорашиносӣ аз ҷониби ходимони дин ва рӯҳониёни давлатӣ сахт махдуд карда шуданд. Дар асрҳои XI-XII илми таърих ба бисёр дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Бухорову Самарканд, Тирмиз, Урганҷ, Марв, Ҳирот, Нишопур ва Исфаҳон, ки дар он ҷойҳо адабиёти тоҷику форс равнақу ривоҷ дошт, санъати меъморӣ хеле тараққӣ кард. Сохтмони кохҳо, қасрҳо, масҷиду мадрасаҳо, оромгоҳҳо корвонсаройҳо ва манораҳо хуб ба роҳ монда шуд. Ҳунарҳои бофандагй, кулолй, маъдангудозӣ ва сангтарошиву кандакорӣ дар авҷ будаанд.

Доираи адабии шаҳри Бухоро бо аз байн рафтани давлати Сомониён пароканда шуд. Олимону донишмандон ва шоирону адибон низ ба ҳар ҷониб рӯ ба гурез оварданд. Шаҳри Бухоро дар натиҷаи истилою горати кӯчманчиён валангор шуда буд. Дар марказҳои давлатдории Ғазнавиён баъдан, чандин доираҳои адабӣ ташкил шуданд.

Дар давраҳои салтанати Ғазнавиён ва Салчуқиён доираи адабиёти форсу тоҷик васеътар шуд ва то ба Ҳиндустон расид. Доираҳои адабии пурқувват дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Ғазнин, Марв, Самарканд, Исфаҳон, Нишопур, Табрез ва Ганҷа ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аксарияти ин доираҳои адабӣ дарборӣ ҳисоб мешудаанд. Намояндагони бузургу барҷастаи адабиёти асрҳои Х1-ХП Унсурй, Фаррухй, Манучеҳрии Домгонй, Носири Хисрав, Масъуди Саъди Салмон, Умари Хайём, Муиззӣ ва Низомии Ганҷавӣ буданд. Шоирони mi давр ба анъана ва мазмуни ашъори Рӯдакию Дақиқию Фирдавсӣ пайравӣ мекар- даанд. Шаклҳои асосии назми асрҳои XI-XII аз маснавй, қасида, ғазал, рубоӣ иборат буданд. Хусусияти аввалини адабиёти асрҳои XI-XII он буд, ки нуфузи адабиёти дарборӣ дар ҳаёти адабиву илмӣ хеле зиёд шуд. Хусусан қасидасароӣ дар ин давра хеле инкишоф ёфт, ки мундариҷаи асосии он мадеҳасароӣ буд.

Дар ин давра насри бадеӣ низ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои насрии ин давра берун аз дарбор эҷод шудаанд. Забони асарҳои насрии асри XI-XII содаву равон буда, аз забони насри асри X кам фарқ мекард. Дар ин асарҳо мақсаду маром ба тарзи оддй, фаҳмо ва барҷаста ифода гардидааст. Ҳамаи ин асарҳо бо забони асили тоҷикӣ офарида мешудаанд. Яке аз намунаҳои хуби ин гуна асарҳо «Қобуснома» мебошад. Баъдан, насри асрҳои XI-XII бо назм омехта гардид ва порчаҳои шеърӣ низ дар онҳо иқтибос мешуданд. Майли шоирону адибон ба офаридани асарҳои пандуахлоқӣ, таърихи ва илмӣ зиёд мегардид. Намунаҳои барҷастаи насри ин давра: «Сафарнома», «Қобуснома», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», Самаки Айёр» мебошанд.

Тарғибу адлу инсоф, донишу хирад, даъват ба кори хайр, некиву накӯкорӣ дар адабиёти насрии асри XI-XII бештар дида мешавад. Дар баробари рушду инкишофи ғояҳои мардумӣ дар адабиёти асрҳои XI-XII таназзули назми дарбор низ ба назар мерасад.

Бо вуҷуди нобасомониҳои зиёди сиёсй, адабиёт дар асрҳои XI-XII аз рушду равнақ бознамонд. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср осори безавол аз ин давраҳо ба мо мерос мондаанд, ки манбае барои инкишофи адабиёти классики ин осор хидмати бузург кардаанд.

ҚаблӣФанни “Диншиносӣ” ва аҳамияти омӯзиши он (иншо, реферат)
БаъдӣВазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асрҳои XIII-ХIV