Тартиби навишти зарбшавандаи ҳарфӣ

Масъала. Дар коргоҳ 6 дастгоҳ беист кор мекунад. Ҳар як дастгоҳ дар 1 соат n детал истеҳсол мекунад. Ин дастгоҳҳо дар давоми 1 шабонарӯз чанд детал истеҳсол мекунанд?

Ҳал. Як шабонарӯз аз 24 соат иборат аст. Ҳар як дастгоҳ дар 24 соат 24•n ва 6 дастгоҳ дар ҳамин муддати вақт 24•n•6 детал истеҳсол мекунанд. Қонунҳои ҷойивазкунӣ ва гурӯҳбандии зарбро татбиқ намуда ифодаи ҳосилкардаамонро сода мекунем:

24•n•6=6•24•n=6•24n=144n.

Ҳангоми сода кардани ифодаи 24•n•6 мо зарби ду адад 24 ва 6-ро бо адади 144 иваз намудем.

Умуман, агар зарб якчанд зарбшавандаи ададиро дарбар гирифта бошад, онҳоро бо як адад иваз намудан мумкин аст. Ин зарбшавандаро дар ҷойи аввал навишта, аломати зарбро наменависанд. Масалан:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

k•67•5•3=k•1005=1005•k=1005k.

Одатан, дар байни зарбшавандаҳои ҳарфӣ низ аломати зарб гузошта намешавад. Масалан:

5•x•6•y=30•x•y=30xy.

 Агар яке аз зарбшавандаҳо дар қавс гирифта шуда бошад, дар байни қавсу зарбшаванда низ аломати зарб навишта намешавад. Масалан:

а(а+1); x(x+2) (4–x)а; 16(8–y).

Зарби ададҳои натуралӣ


Тартиби навишти зарбшавандаи харфи

ҚаблӣDONISHJU.NET | 20 март | 1 сол бо Шумо
БаъдӣМисол ва масъалаҳо оиди зарби адаҳои натуралӣ