Вазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асрҳои XIII-ХIV

Вазъияти мадани, илми ва адаби дар асрхои XIII-ХIV. Вазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асрҳои XIII-ХIV (13-14)


Нақша:

  1. Вазъияти мадани
  2. Вазъияти илмӣ-адабӣ

Хулоса

Бо сабабҳои ҳамлаи муғул ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Хуросону Мовароуннаҳр ҳаёти маданиву адабиву илмии ин сарзаминҳо рӯ ба харобй ниҳода буд. Ин вазъияти ноором то нимаи дуввуми асри XIV тӯл кашид. Муғулҳо дар ҳамаи муҳорибаҳо дастболо мешуданд. Ҳангоми ҳамлаи муғулҳо калонтарин давлати қаламрави адабиёти тоҷик-давлати Хоразмшоҳиён, ки қаблан ба Салчуқиён тобеъ буд, Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Афғонистону Ироқро дар зери итоати худ нигоҳ медошт.

Дар тамоми лаҳзае ки чингизиён саргарми ғорату куштор буданд, мардуми заҳматкаш, бо вуҷуди ҳамаи ин ранҷуриҳо фурсате ёфта, хоҷагиҳои вайронгаштаи худро обод мекарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Санъати меъморй дар асри XIII дар шаҳри Хоразм бо хусусиятҳои хоси худ пеш мерафт. Дар Бухоро низ мактабу мадрасаҳои зиёде сохта шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки махсусан дар замони Темур дар шаҳрҳои Самарканд ва Шаҳрисабз санъати меъморй авҷ гирифт. Темур барои ҷалолу хдшамати худ кӯшкҳову қасрҳо бино мекард. Вобаста ба санъати меъморй ҳунарҳои наққошй, чӯбкорй, кандакорй ва сакгтарошй ривоҷу равнақ меёфт. Намунаҳои хубу олии санъати меъмории асрҳои XIII-XIV «Шоҳи зинда». «Гӯри Мир» дар шаҳри бостонии Самарканд ва мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро дар шаҳри Панҷакент, Кӯксарой дар Шахрисабз мебошанд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хеш дили бинандаро тасхир менамоянд. Дар ин давра кулолгарй ҳам хеле инкишоф ёфта буд. Санъати мусиқй низ дар қатори дигар санъатхои маъмӯлй дар инкишоф буд.

Бо сабабҳои аз байн рафтани марказҳои илмй, мадрасаҳо, китобхонаҳо илму маърифат рӯ ба нести оварда буд, вале бо сабаби нуфузу таъсири рӯҳониён дар ин давра бештар илмҳои шаръй, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми калом ривоҷу равнақ дошт. Дар ин аср илми таърих ва таърихнависй хеле пеш рафт. Олимону донишмандони ин давр ба омӯхтани илмҳои риёзй, нуҷум, тиб, фалсафа, мантиқ ва илми ахлоқ ба тадқиқу таълифи асарҳои бузург машғул буданд. Насириддини Тӯсй, Ибни Нафиси Қаршигӣ, Маҳмуд ибни Умари Хуҷандй, Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ ва дигар олимону донишмандон дар чандин илм моҳиру машҳур буданд. Дар шаҳри Марога бо роҳбарии Насириддини Тӯсӣ расадхонае бунёд ёфт, ки наздаш мадрасаи бузург ва китобхонае дар хизмати мардуми шаҳр қарор дода шудаанд.

Вазъкяти адабй низ дар ин давр т&шаккул ёфта, намунаҳои хуби адабиёти бадей ба вуҷуд омаданд. Як силлсила асарҳои I iyрарзиш дар ҳамин давра ба миён омаданд.

Асаре бо номи «Тарҷумонулбалоға», ки дар бораи санъатҳои бадей, забон ва ҷиҳатҳои зебоии шеър баҳс менамояд, аз тарафи 1>одуёнй таълиф карда шуд. Дар асар роҷеъ ба ташбеҳ, тазод, ганосуби сухан, истиора, таҷнис баҳс карда мешавад.

Тазкираи «Лубобулалбоб» аз тарафи Муҳаммад Авфии Бухорой ели 1222 таълиф гардид, ки он оид ба пайдоиш ва 1 аърихи адабиёти беш аз д)’садсолаи тоҷик, яъне аз замони Рӯдакй го муал.яиф маълумот медихднд.

Шамсидцин Муҳаммади Қайси Розй асаре бо коми «Алмӯъҷам»-ро таълиф намуд. Асари мазкур дар бораи вазифаи шеър, намудҳои қофия, санъатҳои бадей ва жанрҳои шеър маълумот медиҳад, ки бисер ҷолиб аст.

Дар ин давра навъи аз ҳама маъмули назм ғазал буд. Саъдй онро ба пояи баланд расонд. Амир Хусрав дар эҷоди асарҳои нанҷгона ва газалиёт, Носири Бухорой, Ҳофиз ва Камол, асосан, га зал месуруданд. Маснавии «Бӯстон»-и Саъдй ва «Маснавии маънавй»-и Ҷалолуддини Балхй маҳз дар ҳамин давра ба миён омаданд. Аввалин «Хамса»-ҳо дар пайравии «Хамса»-и Низомй суруда шудаанд, Хулоса, вазъияти адабии ин давра рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мегардид. Дар асрҳои минбаъда шоирону адибон ба беҳтарин асарҳои асрҳои XIII-XIV пайравй менамуданд.

ҚаблӣВазъияти илмӣ – маданӣ дар acpҳои ХI-ХII
БаъдӣДостони «Мо зафар хоҳем кард»-и Лоҳутӣ